
Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таъсири омилҳои таъсиррасони инсонӣ ба муҳити зист, масъалаи ҳифзи табиат ва беҳсозии фазои экологӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Дар чунин шароит татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аҳамияти стратегӣ касб намуда, ба рушди экологии кишвар, беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Барнома ҳамчун санади муҳими соҳавӣ заминаи ҳуқуқӣ ва амалии густариши корҳои кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист ва ташаккули фарҳанги экологии ҷомеаро фароҳам меорад.
Дар ин росто, дар вилояти Суғд ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои кабудизоркунӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд.
Тибқи иттилои сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Суҳроб Холзода, бо мақсади парвариши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳандаи ба иқлими маҳал мутобиқ, дар вилоят ташкили 55 ниҳолхона ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар майдони 250 гектар ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом барои таъмини бозори дохилӣ бо ниҳолҳои истеҳсоли худӣ, коҳиши вобастагӣ аз воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон, ба рушди «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд. Ташкили инфрасохтори муосири ниҳолпарварӣ метавонад омили муҳими тақвияти иқтидори истеҳсолии минтақа гардад.
То имрӯз дар шаҳрҳои Конибодом, Шаҳристон, Мастчоҳ, Панҷакент ва Исфара дар майдони 19,4 гектар ниҳолхона бунёд шудааст, ки заминаи устувори татбиқи босифати Барномаи кабудизоркунӣ ва таъмини мунтазами ниҳолҳои мутобиқ ба иқлими минтақаро фароҳам меорад.
Бо вуҷуди ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои супоришҳои марбут ба ташкили хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ то ҳол ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин ҳолат тақозо менамояд, ки масъулияти мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ тақвият дода шуда, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият боз ҳам беҳтар карда шавад.
Кабудизоркунии кишвар, пеш аз ҳама, ба таъмини муҳити солим ва рушди устувори минтақа равона шудааст. Муваффақияти Барномаи кабудизоркунӣ аз ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, иштироки фаъоли ҷомеа ва масъулияти баланди мақомоти маҳаллӣ вобаста мебошад.
Дар вилоят маъракаи кабудизоркунии мавсими баҳори соли 2026 идома дорад ва дар назар аст, ки 600 ҳазор бех ниҳол шинонда шавад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”