Баргашт Чоп кардан

БАҲОР БАРАКАТИ ҶИСМУ ҶОН


Бо фарорасии фасли зебои баҳор, дар баробари гулпӯш шудани табиати кишвар, дастархони сокинони мамлакат низ ғанӣ мегардад. Санбӯсаю мантуи алафӣ, шӯлаву ялама ва гандумкӯчаи пур аз гиёҳҳои хушбӯйи баҳорӣ на танҳо дастрасу арзон, балки лаззатбахшу дармони ҷисму ҷонанд.


Нозири калони шуъбаи ба танзим даровардани табибони халқии Маркази ҷумҳуриявии «Тибби халқӣ» Муҳаммадрасул Иброҳимзода иброз намуд, ки гиёҳҳои хӯрданбоби баҳорӣ кони витаминҳо буда, истеъмоли онҳо дар давраи камшавии захираи витаминҳои меваю сабзавот норасоии моддаҳои заруриро ҷуброн мекунанд.
– Яке аз гиёҳҳои маъмултарини баҳорӣ пудинаи навруста мебошад, ки бонувон аз он самбӯсаю мантуи лазиз пухта, дар хӯрок низ истифода мекунанд. Он хосияти ҷароҳатбандӣ, талхаронӣ, диуретикӣ (пешобронӣ) ва зиддимикробӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои меъда, метеоризм (ҷамъшавии бод дар шикам), гастрит, дарунравӣ, халаи меъда, қайкунӣ, сарчархзанӣ муфид аст. Дар тибби илмӣ равғани эфири аз пудина ҳосилшударо ҳамчун воситаи иштиҳоовар, антигелминтӣ (зидди кирмҳо), муолиҷаи бемориҳои пӯст ва зидди бактерияҳо истифода мебаранд. Хоидани барги пудина дарди дандонро рафъ мекунад, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи табиби мардумӣ, шулха низ гиёҳи серистеъмол буда, он барои табобати дарди шикам, печидани рӯдаҳо ва вайроншавии фаъолияти меъдаю рӯдаҳои кӯдакон (диспенсия) муфид аст. Онро зимни пухтани угро, ялама, гандумкӯча зиёд истифода мебаранд.
Исфаноҷ (испалоқ, шпинат) аз витаминҳои А, С, К, кислотаи фолат, оҳан ва магний бой буда, қуваи биноиро хуб, фаъолияти меъдаю рӯдаро беҳ ва устухонҳоро мустаҳкам мекунад. Ин гиёҳи хуштаъм ба солимии дилу рагҳо мусоидат намуда, бинобар аз антиоксидантҳо бой буданаш масуният (иммунитет)-ро мустаҳкам месозад. Истеъмоли исфаноҷ камхуниро рафъ намуда, стрессро паст ва ба кам шудани вазн мусоидат мекунад. Нахҳои набототии исфаноҷ фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар менамоянд.
– Ниёконамон аз хосияти гиёҳҳои баҳорӣ хуб огоҳ буданд. Аз ин рӯ, дар фасли зебои баҳор бо истифода аз онҳо таомҳои лазизу рангоранг мепухтанд. Сиёҳалаф, карафс (каравшак), шибит, шулха, чукрӣ, кокутӣ на танҳо деги мардуми моро ғанӣ мегардонданд, балки барои пешгирӣ ва муолиҷаи як қатор бемориҳо мусоидат мекарданд. Аз ин рӯ, фурсатро аз даст надода, аз неъматҳои баҳорӣ баҳравар шавед, – хулоса намуд Муҳаммадрасул Иброҳимзода.


Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»