17-уми март бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки шаҳри Душанбе имрӯз ҳамчун маркази Наврӯз бо қабои идона меҳмононро истиқбол гирифта, баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон мусоидат менамояд. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаҳонӣ гардидани Ҷашни Наврӯз ва пешниҳоди таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз, барои ҳифз ва тарғиби арзишҳои фарҳангии ниёгон аҳамияти бузург доранд.
Иди саиди Фитр 20-уми март таҷлил мешавад
Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, Иди саиди Фитр 20-уми март ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин бора 17-уми март Шурои уламои кишвар қарор қабул кард. Бар асоси қарор, намози Ид дар тамоми масоҷиди кишвар соати 7:30-и 20-уми март хонда мешавад.
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил шуд
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил гардид, ки то 31-уми май идома меёбад.
Ба иттилои Кумита, дар намоиш-фурӯш занони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гирандагони гранти Президент ва соҳибкорзанон имкон доранд маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба фурӯш гузоранд. Таъкид шуд, ки ин иқдом бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик соли сеюм аст, ки доир мегардад.