Баргашт Чоп кардан

ДАР БАҲОРИ ЗИНДАГӢ. НАЗАРЕ БА ЗИНДАГИНОМАИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ИБОДУЛЛО МАШРАБ


Саҳна чарх мезанад, дар зери оҳанги мағшуше садои ҳарбу зарб ба ҳам меояд ва марди ҳаросоне ханҷар дар наём бо шаст давида, ба пасу пешаш менигарад ва мисли мор ба худ мепечад. Аз алам пойи маъюбашро ба замин мекӯбад, даст ба ханҷар мебарад ва аз ғазаб фарёд мекашад. Мисли гурги захмин бо нигоҳи даҳшатбори худ ба дили атрофиёнаш ваҳм меандозад. Касе қудрати бо вай рӯ ба рӯ шуданро надорад...
Ин лаҳзаҳо тамошобинро нақши фавқулода табиӣ ва суханони нишонраси ҳунарманд ба ҳайрат меоранд. Бале, саҳна дар ихтиёри шоҳи Англия Ричарди III аст. Нақши марказӣ – Ричардро Ибодулло Машраб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, чунон табиӣ ва самимӣ иҷро мекунад, ки мафтун мегардӣ. Охир, Ричард шахси зишт, бадрӯй ва кӯзапушт ва дар айни ҳол дорои иродаи қавӣ, ҷоҳталабӣ ва истеъдоди шоҳигарӣ мебошад. Барои расидан ба тахт Ричарди III роҳи макру фиребро пеш гирифтааст ва нотарсона ба куштору қатл даст мезанад. Дар ин роҳ барояш ягон муқаддасоте вуҷуд надорад, вай на ба худӣ меҳр мебандаду на ба бегона, ҳатто ду фарзанди малика, вазир ва бародари ҷону ҷигари худашро низ ба қатл мерасонад. Оҳ, ӯ чи қадар осон, бо роҳи найранг ва туҳмату буҳтон соҳиби тоҷи шоҳӣ шудааст .
Тарҷумаи ин шоҳасари У. Шекспир маҳсули қалами Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим буда, бо хоҳиши Ибодулло Машраб дар сабку оҳанги “Маснавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ иншо шудааст. Бояд гуфт, ки пйесаи таърихии “Ричарди III” ҳанӯз 25 сол муқаддам бо пешниҳоди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб тарҷума шуда буд. Маҳз матни шевою ноб ва равонии шеъру таровиши сухани мутарҷим сабаб шудаанд, ки асар тез дар дили тамошобин ҷой гирад. Инак, боз дар саҳна Ричарди III шӯру қиём ва валвала дорад. Ибодулло Машраб ончунон зебо ва мардона гом мезанаду дастури ҷангу куштор медиҳад, ки тамошобин гумон мекунад дар ягон театри Англия қарор дорад. Аҳли толор чунон мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки хаёле толор дар бағали тарсу ҳарос афтодааст. Охир, лаҳзаҳои ба қудрат омадану ҳукмронии кутоҳи подшоҳи Англия Ричарди III, низои хунини миёни ду хонадони подшоҳӣ –Йорк ва Ланкастерро хеле ҳайратовар саҳнавӣ кардаанд. Сарулибос ва ороиши саҳна бисёр аҷиб. Ҳамин ки саҳнаҳо иваз мешаванд, ҳаракату кушторҳои бераҳмонаи қаҳрамони марказии асар Ричарди III боз ҳам шиддат мегиранд.
Ибодулло Машраб нахустин ҳунарманди тоҷик аст, ки симои Ричардро дар сатҳи ҷаҳонӣ офаридааст. Маҳз ҳамин асар ва образофарии ҳунарпеша бозгӯи онанд, ки чӣ тавр талаби қудрат чеҳраи асили инсонро нишон медиҳад ва чӣ тавр бархӯрдҳои хонаводагӣ оқибат ба фоҷиаи миллӣ мубаддал мегарданд.
Устод Ибодуллои Машраб дилбохтаи шеъру адабиёт низ ҳаст ва пайдост, ки умре дар саҳна бо шеър зиндагӣ намудааст. Маҷмуаи шеърҳои алоҳидаи вай бо номи “Дилнавишта” соли 2024 аз тариқи интишороти “Истеъдод” ба табъ расидаву аз истеъдоди баланди ӯ башорат медиҳад.
Муҳаррири китоб Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ҳунару заҳмати нигорандагии Ибодулло Машрабро арзёбӣ намуда, аз ҷумла зикр кардааст: “Дар ҳамаи ин давраҳо ва бо ҳамаи ин машғулиятҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ Ибодулло Машраб ҳамеша пайванди шеър буду пайванди шеър монд. Дар Тоҷикистон Шайх Саъдиву Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро бисёр дӯст медоранд ва дар таъмиқу таҳкими ин муҳаббат барномаҳои шоиронаи Ибодулло Машраб аз осори онҳо нақши муҳим дорад. Ҷое, ки ӯ ҳаст, ба ҳайси ҳунарпеша, коргардон, намоишноманавис ё амалдори фарҳангӣ, ҳатман шеър ҳаст, шоир ҳаст, сухани манзуме ҳаст, ки ҳатман ба дилҳо мерасад ва садҳои дигарро вобаставу пайвастаи сухани баланд месозад”.
Ин дафъа қаҳрамони мо дар саҳна бо сарулибоси дарвешӣ қадам мезад. Ҷомаю салла, асои дасташ, нигоҳи андешамандаш ҳазору як маъно дорад. Нигоҳи рамузгиронаашро аз атроф намеканад. Аз хеш бехабар, гӯё сӯи дашту даман мерафт ва овози марғӯладораш ба тани шаху кӯҳпораҳо бархӯрда, паҳн мегашт. Ғазали Мавлавӣ “Адаб”-ро чунон месуруд, ки гумон мекардӣ марди орифе аз дуриҳои дур сурудеро ҷӯр карда, навои гузашта, қиссаҳои деринаеро ба атрофиён ҳикоят кардан мехоҳад... Ӯ баъди ғазалро ба поён расондан фаҳмид, ки аз ҷои аввалааш хеле дур рафтаасту танҳост, ин дам ҳушу ёдаш ба атроф банд шуд. Сангҳайкалҳо чун мӯйсафеди пире хаёле ҳасрат доштанд:
Шишасози нами ашке нашавӣ,
Олам аз сангдилон кӯҳсор аст.
...Дар гармои тобистон миёнаҷои дара пури алафҳои зарду чангзада буд. Гармии тафсон, ғарамҳои зиёди алаф, ки як вақтҳо шамол ҷамъ кардааст, ба ёди ӯ шамъи хирасӯзеро меовард, ки оҳиста-оҳиста сӯхта нобуд мегардад.
Ин марди андешаманд ҳамоно ғарқи тамошои манзараҳои муъҷизакори табиат буд. Бо дарки зебоиҳои кӯҳу дара диққати ӯро бештар гулу гиёҳҳои барвақт хазонгашта, теппаҳои аз боду боронҳо фурӯрафта, чормағзҳои шикаста ба худ ҷалб мекард. Оҳ, дунёра бине, аз дил гузаронд вай, ҳатто ин парандаҳо ба якдигар меҳр надоранд, ё... Вале боз аз фикраш гашт. Худро бовар кунонд, ки табиат дар ҳама мавсими сол муъҷизакор бошад ҳам, қонунҳои хоссаи худро дорад. Қонунҳои сахту адолатноки онро бояд ҳамаи бошандагони дашту ҳомун риоя кунанд...
Аммо инсонҳо чӣ? Ин дам зери лаб ким-чиҳое гуфта, хандааш омад, ҳайрон гашт, ки чаро баланд овоз намебарорад. Охир, дар ин дашти беканор як худам танҳоям ку, андешид Ибодулло Машраб ва беихтиёр мисраъҳои зайлро бо овози баланд такрор кард:
Чун айши гадоён ба ҷаҳон салтанате нест,
Маҷмуътар аз мулки ризо, мамлакате нест.
Овози гирою марғӯладори Ибодулло Машраб дар миёни кӯҳу дара садо дода, то ба дуриҳо танинандоз гашт. Овозаш амсоли чашмаҳои кӯҳӣ софу беолоиш буд. Ӯ баъди лаҳзае аз канори дарёчаи шӯхи кӯҳӣ гузашта, аз пайи мавҷу талошҳои дарё ҳамаро фаромӯш кард.
Фаромӯш сохт, ки аз пайи офаридани образи наве як ҳафта боз сарсону саргардон аст. Балки ӯ ин дам ҳамаи азобу ранҷҳои саҳнаи театрро ба ҳам зада, амсоли кӯдаки содае лаб-лаби дарёчаи кӯҳӣ медавид, завқ мебурд. Баъди хеле даву тозҳо дар гӯшаи хилвате нишаста, барои ғубори дилашро баровардан суруд хонд:
Ҳар кас зи равзани худ дар олам аст ҳушёр,
Олам ба чашми мастон гулзор менамояд.
Дар пеши по фитода мастиву ҳушёрӣ,
Дар ҳар кӣ ҳар чӣ бошад, рафтор менамояд.
... Не, ӯ ин дам дар сар ҳазор фикру хаёл дошт, зеро вай зиндагии худро ягон лаҳза бе шеъру сухан, образу симоҳои шинос намебинад. Ибодулло Машраб бори дигар дидаҳояшро аз хотир гузаронда, дарёфт, ки табиат барои ҳунарманд ҳамаи чизро додааст. Охир, ҳар дарахту гиёҳ, сангу кӯҳпора ё гулу баргаке дар худ маъниҳои зиёде ниҳон доранд ва ҳамаи ин муъҷизаи маъниҳоро мо бояд ба инсонҳо расонем ва эҷодро на дар ҳуҷраҳо, балки дар оғӯши чунин макони зебо анҷом диҳем...
Ибодулло Машраб ҳанӯз ҳангоми дар мактаби миёнаи №38 шаҳри Душанбе таҳсил карданаш ба санъату театр меҳр баст. Худи ҳамон солҳо хуб фаҳмида буд, ки худи зиндагӣ театр аст ва дар он ҳар кас то метавонад симо, нақши худро меофарад.
Ибодулло Машраб ҳунарманди нотакрори театри миллии тоҷик мебошад. То ин дам симоҳои офаридаи ӯ шоҳ Хусрав аз “Хусрав ва Ширин”-и Г. Птисин, Домод аз “Хостгорӣ”-и И.С. Попович, Дон Педро аз “Якпула савдо, садпула ғавғо”-и У. Шекспир, Дон Карлос аз “Илоҷи беилоҷӣ ҳаст”-и П. Колдерон, Аҳмад Турдиев аз “Суруши Сталинград”-и Муъмин Қаноат, Дон Жуан аз “Дон-Жуан”-и Ж.Б. Молйер, Азозил аз “Хонасӯзон”-и М. Фриш, шоҳ Исмоил аз “Исмоили Сомонӣ”-и Меҳмон Бахтӣ, Зардушт аз “Паёми Зардушт”-и Нур Табаров, Искандари Мақдунӣ аз “Искандари Мақдунӣ ва Спитамен”-и Б. Абдураҳмон, Насри Сомонӣ аз “Рӯдакӣ”-и Сотим Улуғзода ва даҳҳои дигар дар хотири тамошобинон нақш бастаанд. Худаш низ баробари нақшофарӣ ба иншои намоишномаву драмаҳои муосир шуғл дорад. То ҳол дар хазинаи синамо, телевизион ва радиои тоҷик намоишномаҳо ва барномаҳои машҳури Ибодулло Машраб ва 60 суруду оҳангаҳои ӯ маҳфуз мебошанд. Силсилабарномаҳои муаллифии Ибодулло Машраб “Пандномаи Саъдӣ” ва “Иршод” чун муште аз хирвори эҷоди ӯ мебошанд, ки коргардон ва иҷрокунандаи нақшҳои марказӣ худи муаллиф аст. Ибодуллои Машраб, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Ситораҳои Иттиҳод” мушарраф гаштааст.
Аз хидматҳои мондагори Ибодулло Машраб аст, ки баъди шодравон Маҳмудҷон Воҳидов нахустин шуда моноспектакли “Саъдинома”-ро таҳия намудааст. Ибодулло Машраб ҳоло ҳам серкору серташвиш аст. Ҳамчун котиби масъули Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пайваста машғули мутолаа ва офаридани асарҳои нав мебошад. Вале лаҳзае аз шеъру тарона ва саҳнаи театр дур нест. Ӯ аз дилу ҷон нақш меофарад ва шеър менависаду месарояд:
Ин дафтари адвори парешони ман аст,
Гулчин зи ҳама савти ниёгони ман аст.
Ҳар кас, ки варо навозад, огоҳ шавад,
Ин замзамаҳо аз дилу аз ҷони ман аст.


Маҷид САЛИМ, адиб