Дар иртибот ба фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз, аз номи як қатор сарварони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба унвони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паём ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Владимир Путин,
Президенти Федератсияи Россия:
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии инҷонибро ба муносибати Ҷашни Наврӯз, ки фасли баҳор ва бозсозиро таҷассум менамояд, бипазиред.
Бовар дорам, ки муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ минбаъд ҳам бемайлон рушд хоҳанд кард. Ин раванд, бешак, ҷавобгӯйи манфиатҳои аслии мардумони ба ҳам дӯсти мо буда, омили муҳими таҳкими амнияту суботро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад.
Дар ин рӯзи идонаи фараҳбахш ба Шумо саломатии комил ва комёбиҳо, ба шаҳрвандони Тоҷикистон хайрият ва шукуфоӣ мехоҳам.
Си Ҷинпин,
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин:
Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба Шумо барои номаи табрикиатон ба муносибати Соли нави чинӣ бо тақвими қамарӣ сидқан изҳори сипос менамоям. Дар арафаи Ҷашни суннатии Тоҷикистон – Иди Наврӯз иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон табрикоти идонаи инҷонибро иброз намоям.
Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳам. Соли гузашта мо бо Шумо ду мулоқот доир карда, ҷиҳати амиқ гардондани ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳо ба мувофиқаҳои муҳим расидем; робитаҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии Чину Тоҷикистонро дар даврони нав ба марҳалаи нави рушд расондем.
Ман омодаам, ки якҷо бо Шумо ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ, мусоидат ба ҳамкории фарогир, пешбурди раванди бунёди амиқ ва сермазмуни ҷомеаи муштараки инсонияти Чину Тоҷикистон тамоми талошҳоро равона намоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар корҳоятон комёбиҳо орзумандам.
Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бо камоли хушҳолӣ ба Шумо – Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон, табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати Иди Наврӯзи бостонӣ ва абадзинда – рамзи эҳёи баҳорӣ ва азнавсозӣ иброз менамоям.
Мардумони ба ҳам дӯсти мо тули асрҳо бо тантанаи хос ва хушҳолии бузург ин Иди саид ва муборакро пешвоз гирифта, ҷиҳати татбиқи орзуву ниятҳои шариф, нақшаҳо ва ҳадафҳои нек якҷо саъю кӯшиш ба харҷ медоданд.
Мо аз он воқеият беандоза хушҳолем, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар пояи усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, ризоят ва эҳтироми ҳамдигарӣ бунёд ёфтаанд, тайи солҳои охир бемайлон рушд мекунанд.
Итминони комил дорам, ки муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик имкон медиҳад, то ҳамкории судманд ва дарозмуддати мо ба хотири хайрияти умумии мардумони мо марҳалаи сифатан навро касб намояд.
Бо истифода аз фурсат, дар ин рӯзҳои идона ва файзбор ба Шумо саломатии қавӣ, саодатмандии оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу осоиш ва пешрафти устувор орзу менамоям.
Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон:
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷашни Наврӯз табрик мегӯям.
Ин Иди саид ва фараҳбахш рамзи эҳёи баҳории табиат, сулҳу ризоият ва некуаҳволӣ мебошад.
Итминон дорам, ки ҳамкории миёни кишварҳои мо дар ҳамаи сатҳҳо, ки бар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дӯстӣ бунёд ёфтааст, минбаъд ҳам ба нафъи ояндаи дурахшони мардумонамон таҳким хоҳад ёфт.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии қавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам.
Қосим-Жомарт Токаев,
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон:
Муҳтарам
Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати Иди Наврӯз, лутфан, табрикот ва таманниёти самимонаи инҷонибро унвонии Шумо ва ҳамватанонатон бипазиред.
Ин иди баҳорро мардумони мо бо иззату эҳтироми хоса ва умеду ормонҳои бузург пешвоз мегиранд. Ин ид, ки навсозӣ ва созандагиро таҷассум менамояд, рамзи шукуфоиву фаровонӣ буда, арзишҳои волои инсониро ёдрас мекунад. Бигзор ин иди фархундапай ба мардумони ба ҳам наздики мо гармиву самимияти худро ато карда, барои мо хушҳоливу некуаҳволӣ биёрад.
Бовар дорам, ки ба туфайли талошҳои муштараки мо шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Қазоқистону Тоҷикистон, ки бар асоси дӯстии мустаҳкам ва дастгирии ҳамдигарӣ роҳандозӣ гардидаанд, минбаъд ҳам ба нафъи мардумонамон босуръат рушд хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар татбиқи иқдомҳоятон ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон комгорӣ ва ба мардуми бародари тоҷик баракоту пешрафт орзу менамоям.
Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон ризқи фаровон биёрад!
Сердар Бердимуҳамедов,
Президенти Туркманистон:
Муҳтарам
Эмомалӣ Шарифович!
Ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти неки инҷонибро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ирсол менамоям.
Ҷашни Наврӯз, ки сулҳу ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамбастагӣ ва ҳаёти ҳамоҳанг бо табиатро таҷассум менамояд, муждарасони рӯзи нав ва оғози нав мебошад. Ин Иди саид, ки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси ғании фарҳангии инсоният эътироф гардидааст, ғояҳои олии инсондӯстиро дар бар гирифта, барои таҳкими дӯстӣ ва ваҳдат миёни мардумон аҳамияти хоса дорад.
Бигзор ин Ҷашни фархунда барои Шумо ва тамоми мардуми кишваратон баёнгари саодатмандӣ, хушҳолӣ ва комёбиҳои навин бошад! Ба Шумо сиҳатмандии комилу хайрият ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои минбаъда орзу дорам.
Гурбонгули Бердимуҳамедов,
Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон:
Муҳтарам
Эмомалӣ Шарифович!
Ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти неки инҷонибро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ирсол менамоям.
Наврӯз дар худ таҳкими дилбастагӣ ба ҳаёт ва эътиқодро ба ояндаи беҳтар таҷассум менамояд. Ин Ҷашн тули асрҳо ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни мардумон мусоидат менамояд.
Бигзор ин Иди саид барои Шумо ва тамоми мардуми кишваратон баёнгари сулҳу хушҳолӣ ва иқдомҳои навин бошад! Ба Шумо сиҳатмандии комилу хайрият ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои минбаъда орзу дорам.
Илҳом Алиев,
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон:
Муҳтарам
Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати Иди Наврӯз, ки ёдгории аҷдодони бузурги мост, аз номи худам ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шуморо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо камоли хушнудӣ табрик мегӯям.
Умедворам, ин Иди миллӣ, ки аз фарорасии баҳор мужда медиҳад, ифодаи муҳаббат ба табиат, ҷашни покии маънавӣ ва навсозӣ буда, ба мардуми бародари мо шукуфоӣ, хушбахтӣ ва ризқу рӯзии фаровон меорад.
Mутмаинам, ки мо кӯшишҳои муштараки худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳоямон бо Тоҷикистон, ки моро таърих ва фарҳанги муштарак мепайванданд, ба хотири манфиатҳои давлатҳоямон ва мардумонамон идома хоҳем дод.
Дар ин рӯзҳои идона ба Шумо сиҳатии устувор, хушбахтӣ ва дар кори масъулиятнок ва пуршарафатон дар роҳи рушди Тоҷикистон комёбиҳои пайваста таманно дорам.
Муҳаммад Шаҳбоз Шариф,
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон:
Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ шарафмандам табрикоти самимии хешро ба муносибати ҷашнҳои пуршукӯҳи Наврӯз ва Иди саиди Фитр ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, оилаи муҳтарами Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистон изҳор намоям.
Наврӯз ва Иди саиди Фитр арзишҳои умумибашарии сулҳ, ризоят, ҳамбастагӣ ва шукргузориро таҷассум менамоянд. Ин рӯйдодҳои шодмон имконият фароҳам меоранд, ки уҳдадории муштараки моро ба ҳамоҳангӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ байни мардумон боз ҳам таҷдид намоем.
Бо ёдоварии самимӣ аз вохӯрӣ бо Шумо – Ҷаноби Олӣ, дар шаҳри Пекин моҳи сентябри соли гузашта ва инчунин, ҳангоми сафари расмии худ ба кишвари бузурги Шумо дар моҳи майи соли 2025-ум, бо эҳсоси зиёди шодмонӣ, интизори истиқболи Шумо дар аввали моҳҳои оянда дар Покистон ҳастам.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва некуаҳволии минбаъда, инчунин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу субот, пешрафт ва шукуфоӣ орзумандам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олии маро қабул фармоед.
Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ:
Бародари азиз!
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Худо ҳифзашон кунад!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хушнудист, ки Ҷаноби Олиро ба муносибати Ҷашни Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатию саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистони бародар пешрафт ва шукуфоии минбаъдаро орзу намоям.
Дуруд ва қадрдонии маро лутфан бипазиред.
Маҳмуд Аббос,
Президенти Давлати
Фаластин, Раиси
Кумитаи иҷроияи Созмони озодии Фаластин:
Ҷаноби Олӣ, бародари гиромӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Худо ҳифзашон кунад!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Бо камоли хушнудӣ, ба муносибати Ҷашни Наврӯз ба Шумо самимонатарин табрикоти қалбии худро ирсол менамоем. Аз Худованди мутаол бароятон сиҳатӣ, саодат ва комёбӣ таманно дорем.
Ҳамчунин, ба мардуми бародари Тоҷикистон ва Ҳукумати хирадманди он орзуманди пешрафт ва шукуфоии беш аз пеш ҳастем. Умед дорем, ки муносибатҳои дуҷонибаи мустаҳкаме, ки бо он ифтихор дорем, боз ҳам бештар рушд ва тавсеа хоҳанд ёфт.
Лутфан, бародари гиромӣ, Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимонаи моро қабул фармоед.
Таалатбек Масадиков,
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ:
Муҳтарам
Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати Наврӯз, иди ифодагари фарорасии баҳор ва рамзи саъю кӯшиш баҳри сулҳ сидқан табрик мегӯям.
Мо нақши назарраси Тоҷикистонро дар раванди таҳкими амнияти минтақавӣ ва саҳми шахсии Шуморо дар рушди пайвастаи Созмон ва таҳкими робитаҳои ҳампаймонӣ дар доираи он баланд қадр мекунем.
Иҷозат фармоед, ки дар ин рӯзи идонаи баҳорӣ ба Шумо – муҳтарам ҷаноби Президент, сиҳатмандии комил ва хайрият, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу намоям.