21-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ – 2026 иштирок намуданд.
Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд. Макони баргузории чорабинии наврӯзӣ бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ идона оро ёфта буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷамъомадагони сершумори барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ сухан ронда, иштирокдорони чорабинӣ, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.
Пас аз паёми шодбошии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи идонаи консертӣ доир шуд.
Бояд гуфт, ки сол ба сол ба шарофати дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сартосари кишвар шукӯҳи тоза касб мекунад.
Дар тадбири фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳунармандон ва ҳаваскорон тавонистанд бо ташкили бахшҳои гуногун ҳамаи анъанаҳои Иди бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд. Ҳунарнамоии овозхонҳои ҷавону соҳибистеъдоди жанри эстрадӣ ва халқӣ, ки бахшҳои тантанаҳои ҷашниро ташкил медод, ба чорабинӣ ҷилои хоса бахшид.
Мақсади асосии таҷлили сатҳи баланд ва ҳадафманди Наврӯзи байналмилалӣ – ин гиромидошти шоистаи муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва муосири миллати тоҷик мебошад.