![]()
Бовар дорам, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандони ҷомеашиноси мо, аз ҷумла муаррихону мардумшиносон, минбаъд ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии Ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои худро ба ин мавзуъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, вақте ин ва таъкидҳои дигари фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба таъмини шаҳомати бештари Ҷашни муқаддаси Наврӯз дучор меоем, боз ҳам амиқтар дарк мекунем, ки бо вуҷуди тантанаҳои мондагоре, ки имрӯз дорем, ҳанӯз дар тарғибу ташвиқ ва муаррифии шоистаи бузургтарин иди аз ниёгон ба мерос гирифтаамон он тавре ки мебояд муваффақ нестем. Фарзи мисол, дар аксар мақолаҳои солҳои охир қисмати таърихӣ ё қадимияти Наврӯз васф гаштаву иқтибосу далел ҳатто осори шоирону аҳли адаб бо такрор бозтоб мешаванд. Намоишномаҳоямон низ яке аз дигаре камтар тафовут доранд. Ҳол он ки дар чунин таълифот бояд эҳёи дубораи Наврӯз дар замони истиқлол, хосса талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат дар роҳи эълони расмии Наврӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ ва муҳимтар аз ин эътирофи он ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ аз мавзӯъҳои меҳварӣ бошад. Эътирофу қадрдонӣ бояд кард, ки маҳз мақому манзалати бениҳоят баланд ва маҳбубияту нуфузи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ замина барои ҷаҳонӣ шудани Наврӯз гардид. Моҳиятан ин иқдом идомаи мантиқии ба воқеият табдил додани ормонҳои мардум аз ҷониби фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бояд беш аз пеш таҳқиқу васф шавад.
Масъалаи дигаре, ки таври бояду шояд таҳқиқу бозгӯйӣ нашудааст, фарҳанги Наврӯз мебошад. Бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ин фарҳанг густурда шуда, масъулияти инсонҳоро барои ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фузун кард.
Бо назардошти моҳият метавон гуфт, ки эълони Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ҷузъе аз фарҳанги Наврӯз маҳсуб мешавад. Боиси ифтихори мо – тоҷику тоҷикистониён аст, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об аҳамияти дучанд касб кардааст. Хеле пештар Президенти мо ҷомеаи ҷаҳониро чунин ҳушдор доданд: «Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад. Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошад».
Ибтикори мазкур боис гардид, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд.
Самти муҳими илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатӣ
Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2025 – 2034 Даҳсолаи илмҳои криосфера эълон шуд.
Аҳамияти масъалаи мавриди назар то ҳадде аст, ки Пешвои миллат таъкид карданд: «Мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад». Ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил додани Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» идомаи мантиқии ибтикори ба ин масъала дахлдошта маҳсуб мешавад.
Ба маврид аст таъкид намоем, ки на ба ҳама кишварҳо ва роҳбарони онҳо муяссар мешавад, ки пешниҳоду ташаббусҳояшон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби созмони бонуфузе чун СММ бо иттифоқи оро ҷонибдорӣ шавад. Ин омил, пеш аз ҳама, шаҳодати мақому манзалати бениҳоят баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Аз дастгирии ташаббусҳои кишвари мо ёдовар шуда, Роҳбари мамлакат чунин гуфта буданд: «Мо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи пешниҳод ва ибтикороти Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои ҳаёт, солҳои 2005 – 2015, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани санаи 21-уми март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳоро дар раванди ҳалли ин мушкилот бисёр муҳим медонем».
Пирях, яъне чӣ?
Яхҳои доимии қабатғафси болои кӯҳҳоро пирях меноманд. Ба ибораи дигар, пирях – тӯдаи яхҳои табиии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Дар пажӯҳишҳои илмӣ бо истинод ба вожаи русии «ледник» ва инглисии «glacier» истифодаи калимаи яхсор низ роиҷ аст. Пиряхро лозар, лозур низ меноманд, ки бино ба гуфтаи забоншиносон бозмонда аз забонҳои сакоӣ аст.Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», пирях – ҳаҷми бузурги яхи табиии дар натиҷаи табдили боришоти сахти атмосферӣ бавуҷудомада мебошад. Донистан муфид аст, ки пиряхшиносӣ ҷузъи таркибии илми глятсиология дар бораи омӯзиши ташаккулёбӣ, тағйирёбӣ, таркиб ва хосияти физикии пиряхҳо маҳсуб мешавад.
Қонунгузорӣ ва ҳифзи пиряхҳо
Таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» идомаи мантиқии иқдомоти қаблӣ ва шаҳодати хоссаву доимӣ будани таваҷҷуҳ ба ин масъала аст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян менамояд.
Дар ҳамин радиф, нуктаи муҳим ҳуқуқи моликият ба пиряхҳо ва Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қонуни зикршуда муқаррар кардааст, ки «пиряхҳо моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат ҳифзи онҳоро кафолат медиҳад».
Оё пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо имконпазир аст?
Обшавии босуръати пиряхҳо дар Тоҷикистон ба яке аз ҷиддитарин мушкилоти экологӣ табдил ёфтааст. Баландшавии ҳарорати ҳаво, тағйирёбии иқлим ва омилҳои беруна, аз ҷумла тӯфонҳои чангу ғубор, боис шудаанд, ки ин раванд сол ба сол шиддат гирад. Тибқи маълумоти расмӣ, дар 70 соли охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон беш аз 1,5 дараҷа баланд шудааст. Ин тағйирот боис гардидааст, ки садҳо пиряхи хурд пурра об, пиряхҳои калон ҳаҷман хурд шаванд. Кишвари мо дар Осиёи Марказӣ аз рӯйи шумораи пиряхҳо пешсаф аст. Агар масъаларо муфассал шарҳ диҳем, зикр бояд намуд, ки пиряхҳои кишвари мо тақрибан 65 дарсади пиряхҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Ин пиряхҳо сарчашмаи асосии оби дарёҳои бузург, аз ҷумла Амударё ва Зарафшон мебошанд, ки ҳаёти миллионҳо нафар сокинони кишварҳои поёноб ба онҳо вобаста аст. Тибқи таҳлили мутахассисон, ҳар гуна тағйирёбӣ дар захираҳои пиряхҳо метавонад ба обёрӣ, таъмини неруи барқ ва амнияти озуқавории мамлакатҳои минтақа таъсири бевосита расонад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ва тадбирҳои мутобиқшавӣ ба иқлим яке аз масъалаҳои афзалиятноки экологӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа мебошад.
Хуллас, тағйирёбии иқлим як раванди ҷаҳонӣ асту Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандеш медонанд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳамгироӣ омили бениҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Шахсан борҳо таъкид намудаанд, ки ҳеҷ кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти моҳияти глобалидоштаро ҳаллу фасл намояд.
Бинобар ин, бояд мадди назар дошт, ки ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба масоили об аз он ҷиҳат моҳияти хосса касб карда, мунтазам бо иттифоқи оро дастгирӣ меёбанд, ки кишвари мо, бо вуҷуди эмин будан аз мушкилоти марбут ба об, дар ин самт иқдом менамояд. Омили муҳими дигар он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб, ки ба фазо газҳои гулхонаӣ ихроҷ наменамояд.
Дар маҷмуъ, ба шарофати ташаббусҳои Роҳбари давлати мо мушкилоте, ки дар оянда мумкин аст домангири кишварҳои сайёра гарданд, пешгирӣ хоҳанд шуд.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, номзади илмҳои сиёсӣ