Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил намуда, гузаштагонамон онро ҳамчун оғози соли нав, ҷашни баҳор ва бедории табиат таъбир кардаанд.
* * *
Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.
* * *
Наврӯз оини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи беш аз чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.
* * *
Наврӯз нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур месозад ва дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамзистиро зиёдтар намуда, ба ҳар фард аз рӯзи неку зиндагии беҳин мужда мерасонад.
* * *
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзондану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯйи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.
* * *
Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тули мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.
* * *
Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва аз нигоҳи илмӣ, дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рӯз, яъне эътидоли баҳорӣ аст, ки онро ҳанӯз Умари Хайём ҳазор сол пеш аз ин дар тақвими солшумории хуршедии худ исбот карда буд.
* * *
Наврӯз барои миллати тоҷик амсоли китоби муқаддасест, ки он таҷассумгари андеша, фалсафа, суннат, орзуву ормон, тафаккури таърихӣ, сиришти маънавӣ ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ мебошад.
* * *
Наврӯз мунодии сулҳу дӯстӣ, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият аст. Тароват ва зебоиҳои Наврӯз басо ҷаззобу муассиранд.
* * *
Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунанд ва дар руҳу ҷони одамон гардише падид меояд.
* * *
Наврӯз ба сифати беҳтарин ҷашни миллии мардуми Шарқ таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳро тарғиб менамояд.
* * *
Мо аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи Ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст.
* * *
Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли зиндагии ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун ҷашни муждаи рӯзи нав, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»