Имрӯз зи пушти дар садо мешунавам,
Парвози кабӯтари сабо мешунавам.
“Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад!”
Аз чаҳ-чаҳи мурғи хушнаво мешунавам.
Сурудааст шоири ширинкалом Ғоиб Сафарзода. Оре, бо парвози кабӯтарони сабову паёмрасони сулҳ ба вуҷуди инсоният омад-омади фасли баҳор бо ҳамаи нузҳати накҳаташ таровату ҳаловат мебахшад. Ҳамин тавр, онро чун “маликаи фаслҳо” ва “аруси сол” пазируфта, бо омаданаш ҷашнҳо баргузор мекунанд.
Мутобиқи баррасиҳои ситорашиносон дар Наврӯз Офтоб ба бурҷи Ҳамал ворид шуда, соли нав фаро мерасад, шабу рӯз баробар гашта, мавсими киштукори баҳорӣ оғоз меёбад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, бо мамолики Осиёи Ҷанубӣ, ба хусус Покистон, фарҳангу адаби қадимаи муштарак дошта, аз гузашта то ба имрӯз миёни ҳам робитаҳои хуб доранд. Покистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 оғоз шуд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 1994 ба Покистон сафар намуда, то ба имрӯз барои иштирок дар нишасту ҷаласаҳо пайваста аз ин давлат дидан мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди гуфтугӯҳои ҳайатҳои расмии тоҷику покистонӣ таъкид намудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои худ бо Покистон дар чаҳорчӯбаи робитаҳои дутарафа ва бисёртарафа ҳамчун омили сулҳ ва оромӣ дар минтақа назар мекунад.
Байни Тоҷикистону Покистон муштаракоти зиёде вуҷуд доранд, ки Наврӯз яке аз онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки 30-юми сентябри соли 2009 Созмони UNESCO Наврӯзро ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ба Феҳристи мероси ҷаҳонии худ шомил кард ва 23-юми феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ 21-уми мартро ҳамчун Иди байналмилалии Наврӯз пазируфт.
Тоҷикистону Покистон шомили ҳавзаи фарҳангии Наврӯз мебошанд, ки яке аз манбаи асосии ҳамгироии тамаддунҳо маҳсуб меёбад. Кишварҳои ҳавзаи наврӯзӣ падидаи фарҳангии муштарак, таърихи чандинҳазорсола дошта, бо ташаббуси Тоҷикистон чун ватани Наврӯз дар соли 2010 миёни кишварҳои ҷаҳон расман эътироф шуд. Ба ҳавзаи фарҳангии наврӯзӣ кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, Чин ва Ироқ шомиланд, ки Наврӯзро ҳамчун як Ҷашни қадимаи аҷдодӣ, эҳёву таҷдиди табиат, некандешиву некукорӣ, ҳамбастагӣ ва сулҳу дӯстӣ пазируфта, таҷлил мекунанд.
Наврӯз дар миёни сокинони Покистон бештар бо номи «Новроз» ва ҷашни баҳорон шинохта шудааст. Дар доираи он дар Вазорати корҳои хориҷии Покистон бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон аввалин маротиба 5-уми апрели соли 2018 Ҷашни байналмилалии Наврӯз расман таҷлил гардид. Мардуми Покистон, бахусус сокинони вилоятҳои Панҷобу Балуҷистону Суба Сарҳад, ба мисли тоҷикон шабу рӯзҳои наврӯзӣ дар хонаҳои худ маҳфили ғазалсароӣ баргузор намуда, барои боз ҳам хубу ҷолиб шудани он сарояндагонро даъват мекунанд, кулчаҳои махсус ва шириниҳои хос, ба монанди "Рас малоӣ", "Суҳон ҳалво" ва "Барфӣ" пухта, якдигарро табрику муборакбод менамоянд.
Бештари мардуми вилояти Панҷоб, бахусус аҳолии шаҳри Лоҳур, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, фарорасии баҳору Наврӯзро бо барпо кардани фестивали "Ҷашни баҳорон" бо як шавқу завқи хос истиқбол менамоянд. Сокинони ин шаҳр бо омадани баҳор ҷашнеро бо номи "Рӯзи басант" ё "Ҷашнвораи парвози бодбодакҳо" баргузор намуда, бо таҳияи ғизоҳои гуногун хушиву хурсандиҳо карда, ба якдигар тухмҳои рангин ҳадия месозанд. Тамошои чавгонбозӣ яке аз одатҳои мардуми ин ҷо мебошад.
Ба андешаи наврӯзшинос Бежан Арзонии Бирконӣ ҷавҳару ҳадафи асосии Наврӯз сулҳ ва оштӣ миёни миллатҳо буда, дар зоти худ се асли муҳим дорад ва он шодмонӣ, ободонӣ ва озодӣ аст, ки доимо бо ҷиноят, палидӣ ва вайронгарӣ дар ситез ва мубориза аст.
Кишварҳои ҳавзаи наврӯзӣ бо истифода аз мактаби сулҳу созандагӣ зери формулаи PEACE (СУЛҲ)-и Тоҷикистон робитаҳоро баҳри таҳкими сулҳу суботи пойдор идома дода, бо тарғибу ташвиқи фарҳанги муштарак минтақа ва ҷаҳонро ба самти фардои неку дурахшон ҳидоят фармуда, дипломатияи мардумиро тавсеаву тақвият бахшанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон