Дар деҳаҳои шаҳри Ҳисор, вақте ки фасли баҳор заминро махмалпӯш, дарахтонро гулпӯш, дашту даманро лолазор, чашмаю дарёро саршори об месозаду табиат ба замин файзу сахо мебахшад, Наврӯз бо як ҷаҳон орзую умед ҷашн гирифта мешавад. Чанд нафар занон ҷамъ шуда, бо як ҷаҳон орзую ниятҳои нек гандум тоза мекунанд, ба лаълиҳо гирифта, рӯяшро бо докаи сафед мепӯшонанд, ҳар саҳар ба он об мепошанд. Неш задани гандум аз тайёр шудани он хабар медиҳад.
Пеш аз пухтани суманак аввал тамоми зарфҳои хона тоза шуста, ҳавлиҳо аз хона то беруни дарвоза рӯфтаю тамоми анҷомҳои хона бароварда Офтоб дода мешаванд. Ба шохи дарахте барои ҳойботбозӣ (арғуштакбозӣ) арғамчин мебанданд, то ки духтарони ҷавон дар он нишаста, бо кокулони дарози майдабофӣ, ки ба ҳуснашон ҳусни дигар зам мекунад, ҳойбот раванд. Дар як зарф усмакабуд об мекунанд ва тамоми занон ва духтарон ба абрувонашон усмакабуд мемоланд. Дар як гӯшаи ҳавлӣ дар назди оби равон палос ва кӯрпача партофта, дастархон густурда, болои он тамоми нозу неъматҳо ва хӯрокҳои баҳорӣ, ки аз ҳар гуна кабудиҳо ба монанди пудина, шулха, райҳон, сичак, шангулох, қоқу, гашнизу пиёз тайёр карда мешаванд, мегузоранд. Занон бо ёрии бонуи солхӯрда бо як ҷаҳон орзую ниятҳои нек гандуми нешзадаро ба қисмҳо тақсим карда, дар уғур (ӯғурак) мекӯбанд. Сипас, оби гандуми қӯфташударо хамир мекунанд, ба деги калонҳаҷм аввал рӯған рехта, оташ мегиронанд, сонӣ хамирро ба даруни дег меандозанд ва дойразанону рақскунон ин мисраъҳоро замзама мекунанд:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Дар фарҳанги миллати тоҷик Ҷашни Наврӯз шукӯҳу ҷалоли азим дорад ва ҳар сол бо навгониҳои шодиовар таҷлил мегардад. Ман пешниҳод мекардам, ки Ҷашни Наврӯз бештар дар руҳияи фарҳанги миллӣ баргузор гардад. Аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон анъанаҳои мардумӣ оид ба Наврӯз ҷамъоварӣ ва бо иштироки наврасону ҷавонон истифода шаванд. Агар осори ниёгонро ба намоиш мегузоштем, ҳамчунин, чопи нашрияи чандинзабонаро таҳти унвони "Наврӯзи ниёгон" ба роҳ мемондем, хуб мебуд.
Бешак, бо саъю кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи ҷаҳонӣ бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё шуд ва дар радифи беҳтарин маросимҳои миллӣ ворид гардид. Он имкон медиҳад, ки мардум бо хушҳолию хушнудӣ ин Ҷашнро таҷлил кунанд, дастархони меҳру муҳаббат боз намоянд, ҳамдигарро табрик карда, барои фаровонию ободии кишвар, ваҳдати комил дасти дуо бардоранд ва нишоти соҳибистиқлолиро бо ҳам бубинанд. Чун Унсурӣ, шоири классикамон гуфтааст:
Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон
бутгар шавад,
То зи сунъаш ҳар дарахте луъбате
дигар шавад.
Мавҷуда ХУҶОВА,
ходими пешбари илмии АМИТ,
номзади илмҳои филология