Баргашт Чоп кардан

ҶАШНЕ ЁДГОР АЗ КАЮМАРСУ ҶАМШЕД


Ҷашни Наврӯз як бахши ниҳоят қадимаи фарҳанги тоҷикон мебошад. Ин Ҷашн бузургтарин анъанаи миллӣ буда, аз гузашта то рӯзгори мо бо як силсила маросими суннатӣ бо шукӯҳ ва зебоиҳову дилрабоиҳои баҳорона баргузор мегардад.
Ҷашни Наврӯзро мардумони ориёӣ дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсола бо як ҷаҳон орзу ва таманниёт барои беҳбудии рӯзгор ва сафои бахти сафеду осоиштагӣ таҷлил менамуданд.


Наврӯз рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, хубӣ ба бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, покию назофат бар касифӣ, шарофат бар разолат, маърифат бар ҷаҳолат, доноӣ бар нодонӣ, тандурустӣ бар беморӣ ба ҳисоб меравад. Ҷашни Наврӯз аз қадим то имрӯз дар дилу дидаҳои мардум ҷо гирифтааст. Ин мероси гаронмояи ниёгони мо, ки се ҳазор сол қабл аз зуҳури оини зардуштӣ дар байни мардумони ориёӣ пайдо шуда буд, дар масири таърихи тулонӣ бо рангу накҳат ва таровату нигориши дилчасп ҳар сол таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки паёмовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ба шумор меравад.
Дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши Наврӯзро ба даврони шоҳони Пешдодӣ нисбат медиҳанд ва гӯё Ҷамшед, чаҳорумин шоҳи пешдодӣ, бунёдгузори Ҷашни Наврӯз ва оинҳои хоси он мебошад. Дар ин бора қариб дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ маълумот дода шудааст. Аз ҷумла, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар достони «Падид омадани Наврӯз» ёдовар шудааст. Вақте ки Ҷамшед аз корҳои давлатдорӣ биёсуд, бар тахти каёнӣ биншаст ва тамоми бузургони кишвар ва лашкар бар атрофии тахти ӯ давра нишастанд ва бар ӯ гуҳар пошиданд. Шоҳ Ҷамшед ин рӯзро, ки нахустин рӯзи Фарвардин ва оғози сол буд, Наврӯз номид.
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво,
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд.
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд,
Сари Соли нав Ҳурмузи Фарвардин.
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин,
Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифирӯз.
Бар он тахт биншаст, фирӯз рӯз.


Аз ин ҷост, ки Ҷашни фархундаи Наврӯз аз хусравон Каюмарсу Ҷамшед ва шоҳони бузурги ориёӣ ба ёдгор мондааст.
Тақвими авестоӣ дар аҳди Сосониён ҷорӣ буд ва мувофиқи он рӯзи аввали моҳҳоро дар хонадони Сосониён Ҳурмузд меномиданд, аз ин рӯ оғози Соли Нав аз рӯзи аввали моҳи Фарвардин ҳисоб карда мешуд.
Димишқӣ низ дар «Нахбат-ул-даҳр» тасвири маросими Наврӯзро дар замони Сосониён овардааст. Ӯ қайд намудааст, ки Наврӯз аз айёме, ки олам пайдо гардидааст, яъне аз он даврае, ки ҷамъияти инсонӣ пойдор шудааст, таҷлил карда мешавад.
Гузаштагони мо дар Ҷашни Наврӯз хони наврӯзиро бо ҳафт чиз меоростанд, ки ҳарфи аввали он бо ҳамсадои “Ш” сар мешуд: шамъ, шароб, шир, шамшод, шакар, шаҳд ва шоя (ҳафт мева), ки дубайтии зерин аз он шаҳодат медиҳад.
Ҷашни Наврӯз аз замони Каён.
Мениҳоданд мардуми Эрон.
Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,
Шамъу шамшоду шоя андар он.


Дар шаҳру деҳоти Мовароуннаҳр дар арафаи Наврӯз ба ҳам гул тақдим мекарданд, ба якдигар гулоб мепошиданд ва шарбату ширинҳо мечашонданд. Ҳангоми вуруди Наврӯз, мувофиқи анъана, ҳамаи аҳли хонавода ба сари хони наврӯзӣ ҳозир мешуданд.
Хуллас, тавре гуфтем, роҷеъ ба Наврӯзи хуҷастапай дар сарчашмаҳои таърихӣ ривоятҳо хеле зиёданд. Дар мисоли зерин: «Ҳар касе, ки субҳи ин рӯз сухани нек гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани хешро чарб бикунад, яъне тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд”. Баъдан, мардум аз нав ба ҳолати эътидол мерасанд, файзу баракат ва фаровонӣ бар онҳо бармегардад аз руҳафтодагию бадбахтӣ раҳоӣ меёфтанд. Дар чунин рӯзи фархунда Офтоб намудор мегардад ва нур аз ӯ дурахшон мешавад.
Хушбахтона, имрӯз ҳам бо ташаббуси хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми марзу буми ҷумҳурӣ Наврӯзро аз дидгоҳи нави миллӣ пешвоз мегиранд, маҳз ин иқдоми наку боз як бори дигар анъанаҳои ниёгони моро рӯ ба бедорӣ ниҳод, ки солиёни зиёде дар кишвари азизамон бо шукӯҳи хосса ҷашн мегирем.

Давлатмурод ЗУҲУРЗОДА, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе