Баргашт Чоп кардан

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН


26-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.


ИСТИҚБОЛ ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОШКЕНТ – ҲУМО
26-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошкент шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошкент – Ҳумо меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо арзи эҳтироми баланд Роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Фурудгоҳ фазои идона дошт.
Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон овезон буданд.
Сафари давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 26 – 27-уми март дар шаҳрҳои Тошкент ва Бухоро ҷараён гирифта, дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории форуми тиҷоратӣ ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла “Шоми дӯстӣ” ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, дар назаранд.


ГУЛЧАНБАРГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ “ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА БАШАРДӮСТӢ”
26-уми март дар доираи сафари давлатӣ дар Ӯзбекистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо арзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми ӯзбек дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” гулчанбар гузоштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ намуд.


МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ РАСМӢ
26-уми март дар доираи сафари давлатӣ дар Ӯзбекистон маросими истиқболи расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри “Кӯксарой” сурат гирифт.
Меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Ӯзбекистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарварони ду давлат анҷом ёфт.


ОҒОЗИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛӢ
Музокироти сатҳи олӣ дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мулоқоти хосаи сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлати моро бори дигар ба шаҳри Тошкент хайра мақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки боздиди навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳким ва густариши шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя такони нав мебахшад.
Президенти мамлакати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъват ба Тошкент ва пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуда, ба раванди таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баҳои баланд доданд.


ИДОМАИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛӢ
Муҳокимаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Ӯзбекистон, сипас, дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.
Гуфтушунидҳои расмии ду ҷониб бо суханони табрикӣ ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки барои ҳар ду кишвари ҳамсоя арзиши волои таърихию фарҳангӣ дорад, оғоз ёфт.
Зимни нишасти нахустини Шурои олии байнидавлатӣ, ки таъсиси он нишонаи ба сатҳи баланд расидани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ гардид, маҷмуи васеи масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллари ИМА наздик мешавад ва изҳори бовар шуд, ки то соли 2030 ин нишондод ба 2 миллиард доллар мерасад.
Зикр гашт, ки ҳоло дар Ӯзбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият доранд. Ин омор нишонаи намоёни густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя номида шуд.
Ҳамчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади шаҳрвандон миёни ду кишвар, аз ҷумла бо мақсади сайёҳӣ, яке аз дастовардҳои муҳими ҷонибҳо дар солҳои охир арзёбӣ гардид. Вобаста ба ин, Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки соли 2025 наздики 2 миллиону 800 ҳазор шаҳрванди мо ба Ӯзбекистон ва беш аз 1 миллиону 100 ҳазор шаҳрванди кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон сафар намудаанд.
Суръати баланди густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, чун энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ, таъкид гардид.
Аз баргузории бомуваффақияти намоишгоҳи муштараки маҳсулоти соҳавӣ дар шаҳри Тошкент, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва анҷумани байниминтақавии соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Ҷиззахи Ӯзбекистон, ки дар ҳошияи ин сафар ҷараён доштанд, изҳори қаноат шуд.
Мусоҳибон тақвияти ҳамкорӣ барои истифодаи васеи технологияҳои муосир, дастовардҳои навтарини илму техника ва ҳамчунин, дастгирии олимону ташаббускорони ҷавонро зарур донистанд.
Ба дарёфти роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гашт.
Таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳам аз мавзуъҳои муҳими музокирот буд. Дар робита ба ин, зарурати ҳамоҳангиҳои муштарак дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид шуд.
Ба ҳамкорӣ дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла авзои атрофи минтақаи моро мураккаб номида, иброз доштанд, ки барои вокуниши муассир ба хавфу таҳдидҳои умумӣ талошҳои муштараки минбаъда тақозо мегардад.


МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТ
Дар толори Қасри “Кӯксарой” дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими видеоии оғози бунёд ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ҳудуди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Бо амр ва иҷозати роҳбарони давлатҳо барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 иншоот дар Тоҷикистон, аз қабили васеъ кардани хатти истеҳсоли техникаи маишии “Артел”, сохтмони клиникаи тиббӣ бо номи Шоҳ Мед (Shox Med) дар шаҳри Душанбе, таъсиси кластери нассоҷӣ, бунёди хатти муосири коркарди мева, истеҳсоли маҳлулҳои тиббӣ, оғози лоиҳаи истеҳсоли мебел ва техникаи саноатӣ дар вилояти Суғд асос гузошта шуд.
Ҳамчунин, дар ин маросим сарварони давлатҳо барои ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти муштарак, аз ҷумла лоиҳаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти панирӣ, истеҳсоли афшураи шарбат, “Душанбе” ном гузоштани яке аз кӯчаҳои Тошкенти Нав, сохтмони маҷмааи муосири баландошёнаи истиқоматӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти консервшуда дар Ӯзбекистон иҷозат доданд.
Дар маҷмуъ, дар маросими видеоӣ барои татбиқи 12 лоиҳа ва бунёди иншоот расман иҷозат дода шуд. Иттилоъ доданд, ки маблағи 7 иншооти дар Тоҷикистон бунёдшаванда 98 миллион доллари ИМА ва 5 лоиҳаи дар Ӯзбекистон амалишаванда 63,2 миллион долларро ташкил медиҳад.
Мавриди зикри хос аст, ки ин лоиҳаҳо ба ташкили ҷойҳои нави кор барои шаҳрвандон мусоидат хоҳанд кард.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо иштирок ва дар ҳузури сарварони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.
Нахуст, роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ имзо гузоштанд.
Ба барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари ИМА миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то давраи соли 2030 ва барномаҳои ҳамкории саноатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов имзо монданд.
Сипас, дар ҳузури сарварони ду давлат санадҳои зерин ба имзо расиданд:
– Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026 – 2027;
– Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2026 – 2028;
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026 – 2028;
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва технологияҳои нав барои солҳои 2026 – 2028;
– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
– Харитаи роҳ доир ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2026 – 2028;
– Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди инноватсияи назди Вазорати маълумоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
– Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон” аз 10-уми июни соли 2021;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба татбиқи мутақобилаи низомҳои электронии сертификаткунонии пайдоиши молҳо;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамоҳангсозии тақсимоти басомадҳои радиоӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиои заминии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода мешаванд;
– Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба истифодаи низоми иттилоотии е-Пермит (e-Permit);
– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таҳсилоти касбии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
– Созишнома байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон 24-уми март дар шаҳри Ҷиззах Форуми дуюми байниминтақавии “Тоҷикистон – Ӯзбекистон” баргузор гардид, ки аз рӯйи натиҷаи он як қатор созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расиданд.
Созишномаҳои сармоягузорӣ, шартномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкории имзошуда соҳаҳои коркарди саноатӣ, истеҳсоли нассоҷӣ, бахши агросаноатӣ, таъминоти масолеҳи сохтмонӣ, рушди бахши хизматрасонӣ ва татбиқи рақамикунониро фаро мегиранд.
Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев нишасти матбуотӣ оростанд.
Сарварони ҳар ду давлат ба таъмиқи пайвастаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, густариши ҳамкории бисёрҷанбаю робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ва тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баҳои баланд дода, зарурати татбиқи амалии имкониятҳои бузурги мавҷудаи рушдро таъкид сохтанд.
Сарварони ҳар ду давлат бо назардошти мувофиқаҳои ҳосилшуда ва имконоти мавҷудаи рушди ҳамкорӣ изҳори бовар намуданд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 2 миллиард доллари ИМА, аллакай, то соли 2028 расонда мешавад.