Баргашт Чоп кардан

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН


ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ТОШКЕНТ
26-уми март дар доираи сафари давлатӣ дар Ӯзбекистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошкент дар фазои тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба ифтихори ифтитоҳи бинои Сафорат ва ташрифи сарварони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистону Ӯзбекистон садо доданд.
Баъди кушода шудани бинои нави Сафорат Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи Сафорат боздид ба амал оварда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоягӣ миёни ду кишвар соядаст гузоштанд.
Мавриди зикри хос аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22-юми октябри соли 1992 барпо шудааст.
Дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият дорад.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе 19-уми апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ ёфта буд.


ИДОМАИ САФАРИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ БУХОРО
27-уми март дар доираи сафари давлатӣ дар Ӯзбекистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошкент ба шаҳри Бухоро ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо намуданд.


Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр – Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳни Фурудгоҳ идона ороста шуда буд.
Барномаи рангини ҳунарии устодон ва ҳаваскорони ин кишвар бозгӯ аз эҳтироми самимӣ нисбат ба меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро бо иродаи қавии сиёсии сарварони кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистон солҳои охир барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстии мардумони бародари тоҷику ӯзбек қадамҳои устувор гузошта шуда, бисёр тадбирҳои созанда амалӣ мегарданд.


БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ ШАҲРИ БУХОРО
27-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев якҷоя аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд.


Ташрифи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бухоро бо боздид аз Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз”, Маҷмааи меъмории “Пои Калон” ва оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт.
Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX – X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Иттилоъ доданд, ки оромгоҳи сулолаи Сомониён ҳамчун яке аз дурдонаҳои санъати меъморӣ – маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст. Ин бинои хуштарҳу зебо, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849 – 907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмад бин Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст.
Дар дохили оромгоҳ, ҳамчунин, худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд. Мақбара мураббаъшакл буда, бо гунбази муҳташаме пӯшонда шудааст, ки атрофи онро чор гулдаста оро медиҳад. Дар чор гӯшаи он чор бурҷ устувор аст, ки асос ва қисми болоии деворро бо ҳам пайваста, таносубу мавзуният ва салобати оромгоҳро меафзоянд.
Оромгоҳи сулолаи Сомониён ҳамчун мазори Исмоили Сомонӣ шинохта шуда, тақрибан ягона иншоотест, ки аз замони Сомониён ба таври комил боқӣ мондааст. Он яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои Шариф ва аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ мебошад.
Иншоот ба рӯйхати Мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардидааст. Ҳамарӯза садҳо гардишгар аз тамоми ҷаҳон ба тамошои ин мавзеъ меоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазор сол ба хидматҳои шоистаи Исмоили Сомонӣ ҳамчун аввалин асосгузори давлати тоҷикон арҷ гузошта шуд. Аз ҷумла, соли 1999-ум 1100-солагии давлатдории Сомониён бошукӯҳ таҷлил гардида, дар шаҳри Душанбе муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қомат афрохт. Пули миллӣ “сомонӣ” ва яке аз ноҳияҳои пойтахт номи ӯро гирифт.


ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ НАССОҶИИ “МЕРГАНТЕКС”
27-уми март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Бухоро аз корхонаи саноатии “Мергантекс” боздид намуданд.
Ба меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи саноатӣ 2000 коргар фаъолият дорад ва 85 фоизи онро занон ташкил менамоянд.
Дар корхона, ки соли 1993 таъсис ёфтааст, занҷираи истеҳсолӣ дар коргоҳҳои ришта, матоъбофӣ, рангуборкунӣ ва дӯхти курта пурра ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона 1 миллион дона курта мебошад.
Баъди боздид аз корхонаи саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марбутаи соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати Тоҷикистон супориш доданд, ки бо ҳамин гуна корхонаҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории пурсамарро ба роҳ монанд.


БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ “ШОМИ ДӮСТӢ”
26-уми март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Ӯзбекистон” дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”-и ходимони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Баргузории ин ҳамоиши фарҳангӣ идомаи мантиқии анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешутаборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.
Баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”-ро метавон намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ миёни мардумони ду кишвар маънидод намуд.
Консерти тантанавии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, хушу хотирмон гузашт.


АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТӢ
27-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргаштанд.


Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро бо арзи эҳтироми баланд меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев самимона гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари давлатӣ, ки рӯзҳои 26 – 27-уми март дар шаҳрҳои Тошкент ва Бухоро ҷараён дошт, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ ва Форуми минтақавии тиҷоратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон Форуми тиҷоратӣ, намоишгоҳи муштараки маҳсулот, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва барномаи ҳунарии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардиданд.