![]()
ИСТИҚБОЛ ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУҶАНД
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарияти вилоят истиқбол намуданд.
Ҳар як сафари кории Пешвои миллат ба тамоми гӯшаву канори кишвар – ин пайки шодию нишот, марҳалаи нави рушди бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар мегардад, хусусан дар фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ.
ИФТИТОҲИ БИНОИ ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ ДРАМАВИИ РУСИИ БА НОМИ АЛЕКСАНДР ПУШКИН
29-уми март дар шаҳри Бӯстон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозиии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Дар иншооти фарҳангӣ толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки баъди навсозӣ Театри давлатии драмавии русии ба номи Александр Пушкин ва фароҳам овардани шароити муосири корӣ дар он барои ҳунармандон ва аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон шароити зарурӣ фароҳам гардида, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Иншооти мазкур баъди муддати тулонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ театр ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои баланди эҷодӣ ноил гаштааст.
Дар ин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати самимӣ доир намуда, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумуи соҳа ба масъулон барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд.
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚУТТИҲОИ КАРТОНИИ «КОҒАЗИ ТОҶИК»
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд.
Иншоот марҳалаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қуттии тоҷик” буда, бо ҳадафи татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд шуд. Марҳалаи нави корхона иқтидори истеҳсолӣ, номгӯи маҳсулот ва ҷойҳои нави кориро афзун намуд.
Тавоноии лоиҳавӣ дар корхонаи қаблӣ коркарди 5 тонна маҳсулот ва истеҳсоли 8 ҳазор қуттиро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Хатҳои нави технологӣ дар марҳалаи дуюм бо коркарди 10 тонна маҳсулот истеҳсолотро ба зиёда аз 20 ҳазор дона баробар кард.
Нишондоди лоиҳавӣ дар ҳар ду марҳалаи корхона ба коркарди 15 тонна маҳсулот ва истеҳсоли наздик ба 30 ҳазор қуттиҳои картонӣ расид.
Шумораи кормандон аз 80 каси қаблӣ ба 130 кас расонда шуд. Маҳсулот дар шаклу ҳаҷми гуногун дар асоси фармоиши мизоҷон бо пешниҳоди дилхоҳи дизайн ва ҷавобгӯи талабот истеҳсол мешавад. 70 дарсади ашёи хом дохилӣ буда, воридот 30 дарсадро ташкил медиҳад.
Корхонаи “Қуттии тоҷик” ҳоло бо зиёда аз 20 ширкати ватанӣ шартномаи корӣ бастааст ва талабот ба ин навъи маҳсулот дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Гузариш аз 8 марҳалаи коркард ба мутобиқати маҳсулот ба стандартҳои дохилу хориҷ мусоидат мекунад.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ доданд, ки корхона пас аз қонеъ сохтани талаботи бозори дохилӣ маҳсулотро ба хориҷи кишвар ҳам содир менамояд.
Соли 2025 корхона ба маблағи беш аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содир намудааст. Ин нишондод дар заминаи фаъолияти марҳалаҳои 1 ва 2-и корхонаи “Коғази тоҷик” афзуда, ба мубодилаи молу маҳсулот низ такони нав бахшид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи чунин ҳадафҳоро дар устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ ва рушди дигар бахшҳои давлатдорӣ муассир арзёбӣ намуда, масъулонро ба афзун сохтани ҳаҷми истеҳсолот муваззаф карданд.
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО ВА ХИДМАТРАСОНӢ, КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ
Баъди оғоз бахшидан ба фаъолияти марҳалаи дуюми корхонаи “Қуттии тоҷик” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ маркази савдо ва хидматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд.
Маркази савдо ва хидматрасонии “Раҳимӣ” дар идомаи иқдомҳои созанда ба ифтихори истиқболи 35-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистон сохта шуда, дар ноҳия калонтарин иншооти хизматрасонӣ ба шумор меравад.
Иншоот бо фарогирии васеи хидматрасониҳо барои аҳолӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, дар он намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҷиҳози рӯзгор пешниҳод мегарданд.
Дар гӯшаи алоҳидаи толори фурӯш нонвойхона ва нуқтаҳои махсуси пухтани шириниҳо ва хӯришҳои болаззат фаъолият менамоянд.
Маркази савдо ва хидматрасонии “Раҳимӣ” дорои ошхонаи муосир аст, ки дар он номгӯи зиёди таомҳои милливу аврупоӣ омода мешавад.
Барои фароғати кӯдакон низ шароити мусоид муҳайё гардида, толори бозӣ ва дилхушӣ барои онҳо фазои шоду хотирмон таъмин мекунад. Ба хотири дар сатҳи баланд пешниҳод намудани хидматрасониҳо, 36 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гашт.
Бо фаъолсозии корхонаи парандапарварии “Чӯҷаи байзо” дар деҳоти Исфисор, ки барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шудааст, шумораи фермаҳои парандапарварӣ дар вилоят ба 68-то расид.
Корхона аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон дар масоҳати 6,7 садяк замин бо харҷи зиёда аз 12 миллион сомонӣ бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологӣ истеҳсоли ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, дар кишварҳои минтақа камназир аст. Ин технология метавонад дар як вақт то 200 ҳазор сар парандаро ба таври худкор бо обу ғизо таъмин намояд. Усули нави фаъолият талафоти мурғро коҳиш медиҳад. Ин раванд эҳтимоли расидан ба нишондоди лоиҳавӣ, истеҳсоли 1900 тонна гӯшти мурғро дар як сол бештар мекунад.
Ҳоло дар корхонаи парандапарварии ҶДММ “Чӯҷаи байзо” 30 сокини маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Корхонаи мазкур дорои нуқтаи махсуси забҳи паранда мебошад. Раванди забҳ бо риояи пурраи талаботи беҳдоштӣ ва стандартҳои санитарӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулот бо тартиби хос бандубаст мешавад ва бо сифати баланд пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти чунин корхонаҳо ба ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, коҳиши вобастагӣ аз воридот, таъсиси ҷойҳои нави кор, устувории иқтисоди миллӣ ва ба рушди соҳаи саноат низ заминаҳои воқеӣ мегузорад. Аз ин лиҳоз, бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои фароҳамбуда, тақвияти соҳаи парандапарварӣ дар кишвар зарур дониста шуд.
Дар ҳар ду иншоот: маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” ва корхонаи парандапарварӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт, 66 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори хавозавии хоҷагии “Шамсу Қамар” дар деҳоти Дадабой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд.
Токзор дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар масоҳати 8,55 гектар бо саҳми соҳибкор Шавкат Расулзода бунёд ёфт.
Тавре иттилоъ доданд, дар қитъаи замин 5 ҳазору 500 бех ниҳоли ангури навъҳои беҳтарини содиротӣ, аз ҷумла “ҳусайнии сафед” ва “ҳусайнии сиёҳ” парвариш мегардад ва барои шодоб намудани ин мавзеъ аз умқи 120 метр об бароварда мешавад.
Токзори нав, ки дар доираи амалишавии барномаҳои давлатии соҳавӣ бунёд гашт, оянда барои таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи меваи шаҳдбори ватанӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.
Тавре зикр шуд, ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати беш аз 10 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки 3 ҳазору 200 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Майдони токзори ҳавозавӣ дар ноҳия зиёда аз 300 гектарро ташкил намуда, он дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамасола аз боғу токзори ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 38 ҳазор тонна мева, аз ҷумла 8 ҳазору 500 тонна ангур истеҳсол мегардад, ки баробари таъмини талаботи дохилӣ, ба содирот низ равона мешавад.
Хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин баробар қатори байни боғҳоро самаранок истифода намуда, дар кишти асосӣ гандум ва дар мавсими такрорӣ лӯбиёдонагиҳо мепарваранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди шиносоӣ бо ҷараёни нашъунамои токзори ҳавозавии хоҷагӣ, ба таҷрибаи аҳли заҳмат баҳои арзанда дода, дар шароити дигаргуниҳои имрӯзи ҷомеаи байналмилалӣ барои истифодаи мақсадноку оқилонаи ҳар як қитъаи корам дастуру ҳидоятҳо доданд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАЪМУРИИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои мазкур ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «Сомони Истиқлол» бунёд ёфт.
Ифтитоҳи иншооти мазкур дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҳамчун як қадами устувор дар роҳи рушди соҳибкорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва беҳтаршавии фазои сармоягузорӣ арзёбӣ мегардад. Дар он 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки кормандон бояд бо масъулияти баланд, садоқат ба касб ва эҳсоси ватандӯстӣ фаъолият намоянд. Баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, аз худ кардани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим номида шуд. Ҳамчунин, Роҳбари давлат иброз доштанд, ки хидматрасонӣ ба соҳибкорон бояд шаффоф, босифат ва саривақтӣ бошад. Кормандон бояд барои фароҳам овардани муҳити мусоид ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ талош намоянд.
Бинои навбунёд бо назардошти талаботи муосир сохта шудааст. Он дорои ду шуъбаи асосӣ: шуъбаи экспертиза ва сертификатсия ва шуъбаи робитаҳои иқтисоди беруна мебошад. Ҳар як бахш бо таҷҳизоти пешрафта таъмин буда, барои хизматрасонии босифат ба соҳибкорон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Дар ошёнаҳои болоии бино толори барҳаво барои маҷлис, ҳуҷраҳои роҳбарият ва ёрирасон ҷойгиранд. Толори маҷлис бо техникаи муосири аудиовизуалӣ муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад, ки ҳамоишҳои сатҳи баланд, форумҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳои корӣ дар шароити муносиб баргузор гарданд. Ҳуҷраҳои корӣ бошанд, барои фаъолияти самараноки кормандон бо тамоми шароити зарурӣ таъминанд.
Саҳни бино низ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст. Он пурра сабзкорӣ шуда, дарахту гулҳои ороишӣ фазои зебо ва фароғатиро фароҳам овардаанд. Ҳамзамон, барои нақлиёти хизматӣ таваққуфгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон низ сохта шудаанд.
Ифтитоҳи чунин як иншооти муҳими иқтисодӣ нишондиҳандаи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар ба рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мебошад. Палатаи савдо ва саноат ҳамчун як ниҳоди калидӣ дар густариши ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Он дар таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони ватанӣ ва шарикони хориҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мусоидат ба содироти маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамин рӯз, ҳамчунин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти иҷтимоию истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд. Маркази ташхисию табобатии «Нейрамед» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳоми Тоҷибой сохта шуд. Бинои мазкур дорои 64 кати хоб мебошад. Воридкунии таҷҳизоти муосир имкон фароҳам овард, ки муроҷиаткунандагон аз хизматрасонии сатҳи баланд баҳравар шаванд.
Иқтидори коргоҳи нави коркарди гӯшти паранда ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёри «Далерон» технологияи коркарди 120 тонна гӯшти мурғро дар бар гирифта, 10 намуди маҳсулоти гуногунро истеҳсол мекунад.
Корхонаи истеҳсолии «Шириниҳои Анас» бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ғанизода Далер дар масоҳати 600 метри мураббаъ бунёд гардид. Иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ зиёда аз 4 тоннаро ташкил дода, ҳаҷми солонааш 40 тоннаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи миллии «Наврӯз»-ро, ки бо санъати баланди кандакорӣ барои истироҳату фароғати калонсолон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бунёд ёфт, низ ба тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГ ВА РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо ба истифода додани иншоот барои 15 кас кори доимӣ муҳайё гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати самимӣ карда, ҷавононро ба омӯзиши васеи фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳидоят сохтанд. Ҳамчунин, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки, пеш аз ҳама, ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир, махсусан технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ, диққати ҷиддӣ диҳанд.
Иншооти мазкур аз маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, толори шурои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хизматрасонӣ иборат мебошад.
Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, ки дар назди Донишгоҳ таъсис ёфт, ҳамчун як платформаи муосири инноватсионӣ барои рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ хизмат менамояд. Марказ ба ташкили муҳити зеҳнӣ барои таҳлил, коркард ва истифодаи самараноки маълумот равона гардида, ба омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир аҳамияти махсус медиҳад. Дар доираи фаъолияти худ, он ба таҳияи системаҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии раванди таълим ва рушди таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Марказ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютерҳои фардии мувофиқ ба самти зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва ғайра, таъмин мебошад. Илова бар ин, марказ бо шабакаи интернети баландсуръат тавассути хатти оптикӣ пайваст буда, барои фаъолияти самараноки таълимӣ, илмӣ ва инноватсионӣ тамоми шароити заруриро фароҳам меорад.
Дар Донишгоҳ фаъолияти се шурои диссертатсионӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои баргузории ҷаласаҳои илмӣ, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ хизмат мерасонад.
Ин шуроҳо дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди илми ватанӣ нақши муҳим мебозанд.
Осорхонаи Донишгоҳ яке аз бахшҳои муҳими фарҳангиву таълимӣ ба ҳисоб рафта, таъриху дастовардҳои муассисаро инъикос менамояд. Дар осорхона маводи арзишманд вобаста ба марҳалаҳои рушди Донишгоҳ, комёбиҳои илмиву таълимӣ ва саҳми он дар тарбияи мутахассисон ба намоиш гузошта шудаанд. Қисми муҳими осорхонаро маълумот ва аксҳои сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ ташкил медиҳанд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишварро ба соҳаи маориф ва рушди он бозгӯ менамоянд. Инчунин, дар осорхона дастовардҳои илмию таълимӣ, ихтироот ва корҳои илмии олимону устодони Донишгоҳ ҷой гирифта, фаъолияти онҳо дар рушди илм ва маориф инъикос ёфтааст.
Толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ барои рушди истеъдоди эҷодии донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Дар ин толор машғулиятҳои мусиқӣ, рақс ва дигар барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Толори мазкур дар тарбияи завқи эстетикӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва омода намудани ҷавонони эҷодкор саҳми назаррас мегузорад.
Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ ҳамчун гӯшаи муҳими фарҳангӣ таъсис дода шудааст. Дар он намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои анъанавии миллӣ, аз ҷумла кандакорӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, ба маъраз гузошта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дорои 6 факултет, 30 кафедра, 5 бинои таълимӣ бо 135 синфхонаи таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ, китобхонаи электронӣ, маҷмаа ва майдони варзиш, 16 синфхонаи компютерӣ ва кабинети лингафонӣ, лабораторияҳои криминалистӣ, инноватсионию табиӣ, толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ мебошад.
Бино бо системаҳои муосири гармидиҳӣ, огоҳкунӣ аз сӯхтор ва назорати видеоӣ таъмин гардида, таъминоти барқ бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ба роҳ монда шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд. Ин рӯйдоди муҳим идомаи мантиқии татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтарсозии шароити зиндагии кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ арзёбӣ мегардад.
Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми бино аз Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Ифтитоҳи Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад. Ин Марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорону мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари аграрӣ, дорои имкониятҳои фаровон дар соҳаи кишоварзӣ буда, истифодаи технологияҳои муосир метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот мусоидат намояд. Самти дигари муҳими фаъолияти ин Марказ рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар доираи фаъолияти Марказ имконияти таҳия ва татбиқи низомҳои электронии бақайдгирии беморон, кортҳои электронии тиббӣ ва платформаҳои рақамии идоракунии маълумоти тиббӣ фароҳам оварда мешаванд.
Татбиқи низомҳои муосири пардохтҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва платформаҳои қарздиҳии онлайн метавонад шаффофият ва бехатарии амалиёти молиявиро таъмин сохта, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва «сабз» мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 30 корманди соҳаи маориф ва тандурустӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ супурданд. Ин иқдоми нек дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз нишонаи ғамхорӣ, дастгирӣ ва қадршиносии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.
МАҶМААИ ВАРЗИШИ “СУҒД-АРЕНА”
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи варзиши “Суғд-арена”-ро бо майдони футбол ба истифода дода, бо бозиҳои варзишии гурӯҳи ҷавонони вилояти Суғд шинос шуданд.
Маҷмаа дорои 11 толори барҳаво мебошад, ки толори калони он барои 1000 ҳазор тамошобин пешбинӣ мешавад. Минбаъд имкон пайдо шуд, ки наврасону ҷавонон аз рӯйи 14 намуди варзиш тамрин намоянд. Ин аввалин маҷмааи варзиш дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ки дорои шароитҳои васеъ барои машғул гаштан ба намудҳои гуногуни варзиш мебошад ва акнун барои гузарондани мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мутобиқ ба талабот имкон пайдо шуд.
Дар маҷмаа 50 ҷойи нави кор таъсис ёфтааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта ва фароҳамсозии шароити намунавӣ барои ҷавонону наврасон баҳои баланд дода, масъулони сохторҳои марбута ва варзишгаронро барои истифодаи мусоид аз имконоти муҳайёшуда, сайқал додани маҳорати касбӣ вазифадор намуданд.
Минбаъд дастаҳои мунтахаби вилояти Суғд дар ҳамин гуна шароити муосир барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳорати варзишии худро такмил медиҳанд ва ин барои афзуншавии дастовардҳо мусоидат мекунад.
Ин иншооти муҳташам дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуд.
Варзишгоҳи маҷмаа 3000 ҷойи нишаст дошта, ҳамчун базаи моддию техникии дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд истифода мегардад.
Атрофи маҷмаа мутобиқ ба талабот чароғону сабзкорӣ шуда, шиору овезаҳои тарғибкунандаи тарзи ҳаёти солим насб гардиданд.
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ НӮШОКИҲОИ “СУҒД САНОАТ ХОЛДИНГ”
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои “Суғд саноат холдинг”-ро ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаи 5 иншооти нави истеҳсолию хизматрасонӣ шинос шуданд.
Корхонаи мазкур аз ду хатти технологӣ иборат аст, ки аз Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Дар корхона шумораи кормандон мувофиқ ба талаботи бозор ва иқтидори хатҳои технологӣ тадриҷан ба 50 кас расонда мешавад. Истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот аз ҳадафҳои асосии корхона ба ҳисоб меравад.
Иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкор Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодурзода бунёд ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор дар самти истифодаи мақсаднок аз имтиёзу сабукиҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, овардани технологияи муосир, таъсиси корхонаҳои нав ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда баҳои баланд доданд.
Дар корхона баъди коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ду намуди обҳои ташнагишикан истеҳсол мешавад. Истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, мувофиқ ба талаботи бозор афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва зиёд кардани шумораи кормандон аз ҳадафҳои минбаъдаи соҳибкорон маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои сохтмони корхонаи истеҳсоли макарон, корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, корхонаи коркарди пахта, гармхонаи муосир ва маркази хизматрасонии “Суғд мол” муаррифӣ шуд.
Дар корхонаи макарон 5 намуди маҳсулот истеҳсол ва ба бозор пешниҳод мегардад. Технологияе, ки ворид мешавад, дар як соат барои истеҳсоли то як тонна маҳсулот пешбинӣ мегардад.
Масоҳати маркази хизматрасонии “Суғд мол” 14 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд 15-уми октябри соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён» ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба соҳибкорон супориш доданд, ки тавассути вусъат бахшидани самти фаъолият то Ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маркази муосири хизматрасонӣ бунёд намоянд.
Ҳамин тавр, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, сохтмони маркази хизматрасонии “Суғд мол” оғоз гардида, бомаром ҷараён дорад. Соҳибкорон нақша доранд, ки онро дар рӯзҳои таҷлили санаи муҳими таърихӣ бо таъсиси даҳҳо ҷойи кори нав мавриди истифода қарор диҳанд.
Корхонаи хӯроки чорво дар шаҳри Бӯстон барои истеҳсоли 12 намуди хӯроки омехта барои чорво, паранда ва моҳӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори корхона 10 тонна маҳсулот дар як соатро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар майдони 10 гектар бунёди гармхона ба нақша гирифта шудааст. Раванди истеҳсоли сабзавот бо истифода аз таҷҳизоти муосир мувофиқ ба талаботи бозори истеъмолӣ ба роҳ монда мешавад.
Лоиҳаи дигар корхонаи коркарди пахта аст, ки иқтидораш дар як рӯз коркарди то 50 тонна маҳсулот хоҳад буд. То сатҳи ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ самти асосии фаъолияти корхона ба шумор меравад.
Дар маҷмуъ, баъди татбиқи 5 лоиҳаи нав аз ҷониби соҳибкорон дар вилояти Суғд тақрибан 1500 ҷойи нави кор таъсис меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони марбутаи вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои анҷоми босифати кор дар лоиҳаҳо, васеъкунии имконият барои то сатҳи ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, фарогирии шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон ба шуғл ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҷалб карданд.
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Дар шаҳри Гулистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва сокинони вилоятро бо Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар моҳҳои январ – феврали соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Бо дарназардошти захираву иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва содирот, зарур шумурда шуд, ки суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам тақвият дода шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмин ва ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави кор, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот таҳти назорати доимӣ қарор гирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмини рушди устувор боз ҳам тақвият дода, барои бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда чораҳои мушаххас андешанд.
Президенти мамлакат, ҳамчунин, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятро ба масъалаи иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими минбаъдаи интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо ҷалб намуданд.
Зимни таҳлили соҳаи саноат гуфта шуд, ки суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин робита, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро таҳлил намуда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд.
Дар робита ба фаъолияти номуназзами баъзе корхонаҳои саноатӣ дар вилоят, зарур шумурда шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои ғайрифаъол ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд.
Супоришҳо, ҳамчунин, вобаста ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо либоси мактабӣ, дода шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар ин бахш ҷойдошта, ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин суръати кишт, аз ҷумла пахтаро таъмин сохта, истифодаи пурраи заминҳои кишоварзиро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои пурраи нақшаи бунёди боғу токзорро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватандӯсти вилояти Суғд, соҳибкорон ва роҳбарону фаъолон барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти Ватан изҳори сипос намуданд.
Зимни таҳлили соҳаи бонкдорӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
Супориш дода шуд, ки масъулони сохторҳои марбута гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамиро суръат бахшида, сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасӣ ба онҳоро барои аҳолӣ ба таври куллӣ беҳтар намоянд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз зарурати дар сатҳи олии тадорукотӣ баргузор кардани Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, руҳияи созанда ва садоқат ба давлату миллат дар амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар ва ободонии диёри худ саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.
Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Суғд дар моҳҳои январ – феврали соли равон ва иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба Президенти кишвар гузориш доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳову ғамхориҳои ҳамешагӣ, ҳидоятҳои раҳнамунсоз ва таъмини шароити арзандаи кору зиндагии мардум изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ дод, ки то Ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳамовозӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат илова ба нақша боз 3 ҳазор иншооти дигарро бунёд ва ба истифода хоҳанд дод.
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ «СУҒДИЁН»
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён Муассисаи таҳсилоти томактабии «Суғдиён»-ро ба истифода доданд.
Иншооти соҳаи маориф дар доираи истиқболи шоиста аз Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосир сохта шуда, дар он шароити мусоид барои тарбияи зиёда аз 300 кӯдак фароҳам овардаанд.
Иттилоъ доданд, ки дар кӯдакистони нав 30 парастор бо кори доимӣ таъмин шуда, дар тарбияи дӯстрӯякон бо усулҳои муосири амаливу назариявӣ, барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо, саҳм мегузоранд.
Ин Муассисаи тозабунёд аз 15 ҳуҷра ва 10 гурӯҳ иборат буда, дар он ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, мусаввирӣ, машғулиятҳои амаливу зеҳнӣ ва барои гузарондани дигар бозиҳои гуногуну шавқовар, ки барои ташаккули барвақтии кӯдакон муҳим мебошанд, сохта шудааст.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонии бино, ки дар муддати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд бунёд ёфт, 20 мутахассиси маҳаллӣ бо кор таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони хушбахту ояндасози Ватан суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Дар боғчаи мазкур ҳуҷраҳои алоҳидаи таълимиву корӣ ҷой гирифта, дар таҳхонаи он ду ҳавзи шиноварӣ, дар саҳни бино 8 айвонча ва майдончаи бозиҳои шавқовар бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин боғча Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парасторонро барои дар роҳи дуруст, аз ҷумла боидроку хушзеҳн, худшиносу ватандӯст ва ҳушёру зирак тарбия намудани кӯдакон, ҳидоят карданд.
ИФТИТОҲИ БИНОҲОИ НАВИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави боғча бо саҳми соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯсти деҳоти Оббурдон бунёд ёфта, барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ мегардад.
Муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъморӣ, мутобиқ ба завқи кӯдакон сохта шуда, бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии 10 гурӯҳи кӯдакон, таъмин мебошад.
Бино сеошёна буда, дар зиёда аз 15 ҳуҷра ва дигар нуқтаҳои ёрирасони он барои гузарондани машғулиятҳои рангини кӯдакон шароити мусоид фароҳам аст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави боғча 25 нафар бо кор таъмин шуд. Бинои куҳнаи ин Муассисаи томактабӣ, ки ҳанӯз соли 1980 сохта шуда буд, ба талаботи замон мувофиқ набуд.
Бунёди бинои нави дабистон натиҷаи татбиқи амалии дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтани чунин иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла боғчаҳо, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ мегардад.
Акнун дар ин Муассисаи тозабунёд мутахассисони соҳа ҷалб шуда, барои тарбия ва ташаккули зеҳнии ин дӯстрӯякон донишу таҷрибаи худро равона месозанд.
Дар саҳни бинои нав майдончаҳову суҳбаткадаҳо бо ороиши махсус барои хушҳолӣ ва машғул шудани кӯдакон ба ҳар гуна бозиҳои шавқовару ташкили маҳфилҳои эҷодӣ сохта шудааст.
Зимни суҳбат бо масъулон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки чунин тадбирҳои босамар барои амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар тақвияти низоми зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия равона шудааст, мусоидат мекунад.
Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ шаҳраки Бӯстон бинои иловагии Муассисаи давлатии томактабии №1 мавриди истифода қарор гирифт.
Дар иншооти навбунёди таълимӣ 180 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 12 парастор ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардиданд.
Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мусоидати мақомоти маҳаллӣ баҳри фарогирии пурраи кӯдакон, ки то ин замон 180 кас дар навбати қабул ба муассисаи томактабӣ буданд, бунёд ёфта, ҳоло имконият фароҳам омад, ки мушкилии сокинони 7 маҳаллаи Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ҳал гардад.
Бино дорои 6 ҳуҷраи барҳавои машғулият ва толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, барои таълиму тарбияи 6 гурӯҳи томактабӣ имконият фароҳам оварда шудааст.
Дар саҳни бинои Муассисаи томактабӣ баҳри дар фасли баҳору тобистон гузарондани машғулиятҳо ба кӯдакон ва ҷойи бозӣ, майдончаи омӯзишии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва айвончаҳои алоҳидаи тобистона баҳри баргузории маҳфилҳои мусиқӣ, барномаҳои фарҳангӣ мувофиқ ба завқи синнусолии кӯдакон пешбинӣ мешавад. Ин барои бедор сохтани ҳисси зебоидӯстии насли наврас муассир мебошад.
То ин муддат дар Муассисаи давлатии томактабии №1-уми 230 кӯдак таълиму тарбия мегирифт. Бинои иловагӣ имкон дод, ки фарогирии кӯдакон дар Муассиса ба 410 нафар расад. Ин яке аз тадбирҳои муҳим дар самти ба таълиму тарбия ва ба зинаи мактабӣ омода намудани насли наврас мебошад.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ СОХТМОНӢ
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии «Ҷаъфар – 2014»-ро расман мавриди истифода қарор доданд.
Корхона бо саҳми соҳибкорони ватанӣ Ниёз Ниёзов ва Саъдӣ Ниёззода баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-уми июли соли 2023 зимни ифтитоҳи расмии нахустин корхонаи коркард ва бандубасти чормағзи заминӣ дар минтақа, ки бо иқдоми ин соҳибкорони ватандӯст таъсис дода шудааст, онҳоро ҳидоят намуда буданд, ки амалу иқдомҳои шоистаро идома дода, боз як корхонаи муосири саноатӣ барои рушди ноҳияи Мастчоҳ бунёд намоянд. Соҳибкорон бо назардошти талабот ба хишти сохтмонӣ ба бунёди ин корхонаи муосир иқдом намуданд.
Корхонаи нави саноатӣ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳа ва таҷҳизоти технологии муосири ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст.
Сохтмони иншооти истеҳсолӣ соли 2024 оғоз ёфта, дар муддати 1 солу 8 моҳ ба фаъолият омода гардид. Ин корхонаи дуюми хиштбарории ширкати «Ҷаъфар – 2014» мебошад. Корхонаи якуми соҳибкорон дар минтақаи Обшорони ноҳия фаъолият мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли масолеҳи хишти сохтмонӣ дар технологияи ҷаҳонӣ шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар таъсиси ин корхонаи муосир саҳми шоиста дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи арзанда аз Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Дар корхонаи навбунёд истеҳсоли хишти пухтаи сохтмонӣ дар технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
Маҷмуи дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ аз қабулу омехтакунии ашёи хоми асосӣ барои хишти пухта – гилу хокаи ангишт, то пухтани хишти хом дар хатти технологии пайиҳами силсилавӣ ҷараёни мукаммалу пурсамарро ташкил медиҳад.
Пухтани хишти сохтмонӣ ба таври автоматӣ сурат гирифта, ин раванд ба сифат ва маҳсулнокии баланди истеҳсоли хишти сохтмонӣ мусоидат менамояд.
Иқтидори хатти технологии корхона истеҳсоли 80 ҳазор дона хишти пухта дар як шабонарӯз мебошад. Аз рӯйи ин иқтидор дар корхона дар як сол зиёда аз 24 миллион дона хишти сохтмонӣ истеҳсол мешавад.
Бо вусъати корҳои созандагӣ, зиёдшавии сохтмони иншооти соҳаҳои гуногун ва манзилҳои шахсӣ талабот ба хишти сохтмонӣ меафзояд.
Истеҳсоли хишти сохтмонӣ дар ду корхонаи ширкати «Ҷаъфар – 2014» имконияти хуби таъмини талабот бо ин масолеҳи бинокории истеҳсоли ватанӣ дар ноҳияи Мастчоҳ мебошад.
Дар корхона аз рӯйи хусусияту талаботи технологӣ кор дар се баст сурат мегирад.
Дар корхонаи навбунёд беш аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Таъминоти ашёи хом аз дохили кишвар ва мавҷудияти инфрасохтори роҳу нақлиёт аз имконияту афзалият барои фаъолияти босамари корхонаи нави соҳаи масолеҳи бинокорӣ мебошад.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МТМУ №46
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мастчоҳ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Муассиса бо иқдоми сокинони чор деҳаи деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – Табушн, Сабағ, Валиғонд ва Истошон, саҳми соҳибкорону ашхоси саховатпеша тавассути ҳашари умумӣ бо лоиҳаи мутобиқ ба талаботи муосир бунёд гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати гарму самимӣ бо омӯзгорону хонандагон, масъулон ва падару модарон иқдоми сокинони ин деҳоти ноҳияи Мастчоҳро иқдоми шоистаю ватандӯстона, ғамхорӣ ба фарзандон ва намунаи ибрат номиданд.
Сокинону соҳибкорони ин деҳаҳо бо ифтихору сарбаландӣ аз неъмати таърихӣ – истиқлоли давлатӣ, сиёсати созандаи Роҳбари давлатро намунаи олии ободонӣ баҳри истиқболи сазовору арзандаи Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Дар бунёди бино ва иншооти Муассисаи нав ҳамаи 750 оилаи деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд, Истошон ва соҳибкорону ашхоси саховатпеша аз ҳисоби пасандозу даромадҳо саҳм гузоштаанд. Аксари корҳои сохтмонӣ бо қувваи сокинони ин деҳаҳо анҷом ёфт.
Бинои Муассиса дорои 15 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толору майдони варзиш буда, барои таҳсили 800 нафар хонанда дар ду баст мебошад.
Дар бинои нави Муассиса 400 хонанда – фарзандони сокинони деҳаҳои номбурда, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Ин хонандагон қаблан дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, воқеъ дар деҳаи 40-солагии Дилварзин, таҳсил мекарданд. Бо афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани шумораи хонандагон дар Муассиса нарасидани ҷойи нишаст ба вуҷуд омада буд. Бо бунёди бинои нави МТМУ №46 минбаъд дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 дарсҳо дар ду баст сурат гирифта, барои гузарондани маҳфилу машғулиятҳои иловагӣ шароит муҳайё шуд.
Ба Муассисаи нав мебелу мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, маҷмуи компютер бо принтерҳо, таҷҳизоту лавозимот ва аёнияти кабинетҳои фаннӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастрасу таъмин гардид.
Дар саҳни Муассисаи нав марказ ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ таъсис ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо омӯзгорон ва сокинони деҳаҳои мазкур, баҳри чунин иқдому амали ватандӯстона изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин анъанаю иқдомҳои созандагӣ рукни муҳими тамаддуни тоҷикон мебошад. Бахусус, таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба таълиму тарбияи фарзанд, маърифати фарзандон, ғамхорӣ ба ояндаи неки миллат аст.
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №14
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар бунёд гардида, барои таълиму тарбияи ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он кабинетҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво, озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълимии фанҳои биология, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнат, омодагии ҳарбӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон ва толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Бояд гуфт, ки ҳамаи нуздаҳ синфхонаи таълимӣ бо аёният ва лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, мактаб бо системаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз омӯзгорон даъват намуданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия масъулияти бештар эҳсос намоянд.
Пеш аз ҳама, дастур дода шуд, ки вобаста ба пешрафти техника ва технология дар замони муосир хонандагон аз нозукиҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ бахубӣ бохабар шаванд.
Дар Муассисаи мазкур толори замонавии варзиш мавҷуд аст, ки он барои баргузор намудани мусобиқаҳои волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ мутобиқат мекунад.
Саҳни Муассисаи нави таълимӣ пурра чароғон, сафолакпӯш ва сабзкорӣ шуда, ба макони зебо мубаддал гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки хонандагони Муассиса қаблан дар бинои солҳои пеш бунёдшуда таълиму тарбия мегирифтанд ва ҳамакнун бинои наву замонавии таълимӣ имкон фароҳам овард, ки дар синфхонаҳои барҳаво ба омӯзиш машғул шаванд.
Ба иттилои масъулони соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ, ҳоло дар ноҳия 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар он зиёда аз 32 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Бо пуштибонӣ аз роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бунёду ба истифода додани 22 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, алҳол 18 бинои таълимӣ бо 4500 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Боқимонда иншооти соҳа то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Хонандагону омӯзгорон аз ин туҳфаи Сарвари давлат хушҳол гардида, ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда дар самти таълим ва омӯзиши илмҳои замони муосир масъулияти дучанд эҳсос мекунанд.
ИФТИТОҲИ СЕ ИНШООТИ ИСТЕҲСОЛӢ
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ се иншооти истеҳсолиро, ки бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд шудаанд, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахустин иншооте, ки ифтитоҳ гардид, ин коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти парандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5 – 6 ҳазор сар паранда дар як шабонарӯз мебошад.
Иншооти мазкур дар ҳудуди деҳоти Палдорак дар масоҳати 2 гектар бунёд ёфта, аз иншооти истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад. Коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, раванди истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда мешавад.
Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи парандапарварии «Илёс» бо иқтидори истеҳсоли 500 тонна гӯшти паранда дар як сол оғоз бахшиданд. Ин коргоҳи истеҳсолӣ дар шаҳраки Бӯстони Мастчоҳ бунёд гашта, аз ду бинои истеҳсолӣ, маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад.
Биноҳои истеҳсолии коргоҳ барои парвариши то 40 ҳазор сар паранда пешбинӣ гардидаанд. Дар корхона шароити муосири нигоҳубин, ғизодиҳӣ ва парвариши парандаҳо фароҳам аст. Дар коргоҳ 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии соҳибкори инфиродӣ Сино Раҳимов бо иқтидори истеҳсоли 400 тонна гӯшти паранда дар як сол ва 10 ҷойи кор дар деҳоти Оббурдон аз иқдомҳои навбатии соҳибкорон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки иншоот аз биноҳои истеҳсолӣ, маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат аст ва бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ ва технологӣ бунёд ёфта, барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар бинои истеҳсолии коргоҳ имкон аст, ки, ҳамзамон, то 15 ҳазор сар паранда парвариш ёбад.
Қобили зикр аст, ки коргоҳ бо истифода аз технологияҳои муосир, ки аз Чин ворид шудаанд, фаъолият менамояд ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо аз ташаббусҳои амалинамудаи соҳибкорон хуш истиқбол намуда, таъкид сохтанд, ки бояд чунин коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ замина мегузоранд, ҳарчи бештар бунёд шаванд.
Соҳибкорони ватандӯсти кишвар кӯшиш намуда истодаанд, ки бо бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.
ОҒОЗ БАХШИДАН БА КИШТИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “МИРХОНД”
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд.
Сарвари давлат дар саҳрои хоҷагӣ бо раванди корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуда, ба деҳқонону кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли пахта, яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли 2026 ҷиҳати ташкили истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия сохтори кишти баҳории зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ гардид, ки тибқи он дар майдони қариб 20 ҳазор гектар кишти баҳории зироати кишоварзӣ гузаронда мешавад. Аз он 12 450 гектарашро кишти пахта, 2250 гектар зироатҳои равғандор, 2700 гектар полизӣ, 20 гектар картошкаи барвақтӣ, 105 гектар сабзавот, 800 гектар зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад.
То имрӯз дар ноҳия дар майдони 750 гектар кишти баҳории зироати кишоварзӣ гузаронда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд. Номгӯйи зиёди сабзавоту полизӣ ва меваҷоти тару тозаи табиӣ ба намоиш гузошта шуд.
Кишоварзони ноҳия маҳсулоти худ, аз қабили сабзавот, меваи тару хушк ва тухмии зироатҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, талабот ба чормағзи заминӣ дар хориҷи кишвар зиёд аст ва мағзи он дар омода кардани маҳсулоти қаннодӣ васеъ истифода мешавад. Аз ин хотир, кишоварзонро барои истеҳсоли бештари ин навъи маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар ҳидоят намуданд.
Дар намоиш маҳсулоти гуногуни нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ низ пешниҳод шуд. Дар маҷмуъ, ҳамаи ин самараи заҳмати садоқатмандонаи сокинон буда, аз фаровонӣ ва файзу баракат дар кишвари биҳиштосоямон гувоҳӣ медиҳад.
Истифодаи босамари замин имкон фароҳам овардааст, ки аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оранд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин ва гирифтани якчанд ҳосил ҳидоят карданд.
Дар намоиши кишоварзӣ қурутҳои машҳури Мастчоҳ бо бастабандии замонавӣ ва ҷаззоб муаррифӣ гардида, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб намуд.
ИФТИТОҲИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи хотиравӣ бинои нави беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 200 кат барои табобати беморон пешбинӣ шудааст. Иншооти нав дорои 8 шуъбаи асосии тиббӣ мебошад, ки ба аҳолӣ хизматрасонии босифатро фароҳам меорад. Аз ҷумла, шуъбаҳои қабул бо ҳуҷраҳои функсионалӣ, таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳии калонсолон, кӯдакона, урологӣ, шуъбаи эҳё ва наҷот, фаъолият хоҳанд кард.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2023 оғоз ёфта, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расид.
Бинои нави беморхонаи марказӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, бо тамоми шароити муосири тиббӣ муҷаҳҳаз аст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки беморхонаи нав панҷ ҳуҷраи муосири ҷарроҳӣ дорад. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ таъмин буда, имконият медиҳанд, ки амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, барои беш аз 250 мутахассис кори доимӣ фароҳам омад, ки ин ба беҳтаршавии вазъи иҷтимоии сокинон мусоидат мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ифтитоҳи маркази муосири тиббӣ изҳори сипос намуда, онро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд, зеро ин беморхона имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия бамаротиб беҳтар шуда, ниёзи аҳолӣ ба муолиҷа дар дохили кишвар пурра таъмин гардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуш бо беморон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Саҳн ва атрофи бинои беморхона ободу сабзкорӣ гардида, бо насби чароғакҳои ороишӣ шабонгаҳ низ намои хеле зебо дорад.
Бояд зикр намуд, ки бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гашта, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ, ҳамчунин, ду ҳавзи бузурги захираи оби нӯшоиро бо гунҷоиши 2000 метри мукааб мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти муҳим барои таъмини беш аз 12 ҳазор аҳолии маҳаллаи Фирдавсии деҳоти Оббурдон бо оби тозаи ошомиданӣ хизмат мекунад. То ин муддат сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз норасоии оби нӯшоӣ танқисӣ мекашиданд. Мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза яке аз масъалаҳои асосии рӯзмарраи онҳо ба ҳисоб мерафт. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ҳавзҳо, мушкилоти чандинсолаи мардум ҳалли худро пайдо намуд.
Иншооти мазкур дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон равона шудааст.
Мутахассисон таъкид менамоянд, ки бо ба истифода додани чунин иншооти зерсохторӣ, на танҳо сатҳи таъминоти об беҳтар мегардад, балки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо низ мусоидат хоҳад кард.
Сокинони маҳаллаи Фирдавсӣ аз ин иқдоми созанда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипос карданд. Бо чунин корҳои ободониву созандагӣ, симои деҳот рӯз ба рӯз зеботар гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад.
БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯзи фархундапай иштирок ва суханронӣ карданд. Ин тантанаи наврӯзӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ҳузури сокинони сершумор ва меҳмонон баргузор гардид.
Пас аз сухани табрикии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи фарҳангии идона оғоз ёфта, зимни он ҳунармандон бо пешниҳоди барномаи рангину ҷолиб фазои идонаро боз ҳам пуршукӯҳ гардонданд.