Баргашт Чоп кардан

БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН. ЧАНД ҲАРФЕ ДАР БОРАИ ДУШАНБЕ, КИ ИФТИХОРИ МАНУ МОСТ


Пас аз анҷоми кору сипарӣ шудани рӯзи серташвиш ва ширкат дар ҷаласаву маҳфилҳои гуногуни илмиву маърифатӣ, шомгоҳон сайругашти хиёбонҳои гулафшони пойтахт аҷаб руҳафзост, зеро, ба эътирофи мардум, Душанбе хеле тамошобоб гардидааст.


Душанбеи гулбасару гулбадомон – нигини Тоҷикистон, мавзеи пок ва қадамҷойи адибону шоирон, муаррихону сиёсатмадорон ва энсиклопедистони сатҳи байналмилалӣ аст. Шаҳре, ки дар ғурбат пазмонаш мешавию дар ғами дидораш месӯзӣ.
Барҳақ, Душанбе биҳишти рӯйи Замин шудааст. Ин баҳои Пешвои миллатро нафароне, ки ба хориҷа сафар кардаанду бо фазои зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон ошно гаштаанд, хело хуб эҳсос месозанд.
Шукри Худо, оромиву осудагиашро намегӯед? Дар саргаҳи ҳамаи ин дастоварду хушнудиҳо нафаре меистад, ки бо қалби пур аз меҳр пойтахти мамлакатро раҳбарӣ мекунад.
Замоне ки ҷавони борикбину дурандеш ва илмдӯсту адабпарвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе таъин гардид, овозае паҳн шуд, ки Душанбе ба яке аз шаҳрҳои шуҳратёри Шарқ – Дубай, табдил хоҳад гашт ва зарурати сафар ба шаҳрҳои пешрафта пеш намеояд. Хушбахтона, интизориҳои мардуми кишвар тул накашид. Дар муҳлати начандон зиёд дар ҳама самтҳои идоракунии пойтахт навгониҳо эҳсос шуданд.
Мегӯянд, ки шаҳрсозиву давлатдорӣ аз иқболи роҳбараш вобастагӣ дорад. Ин масали мардум дар 10 соли охир, дар давраи шаҳрдории муҳтарам Рустами Эмомалӣ собит гашт, чун Душанбе симои худро куллан тағйир дод. Хиёбону кӯчаву роҳравҳо васеъ ва тозаву ботароват шуданд, боғҳои гулафшон дар шакли муосир бунёд гардида, аз воридшавии технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва нақлиётӣ зебу зинати шаҳрамон таъмин гардида, чароғҳо шаҳрро шабона нурборон карданд.
Манзараи шабонаи болои пулҳо дунёи афсонавиро мемонад. Дар кӯчаҳо гулҳои нодир, буттаву дарахтони хориҷӣ, панелу мониторҳои электронӣ ва дигар чароғҳои муҷалло аз навовару ояндабин будани шаҳрдорӣ хабар медиҳанд.
Инфрасохтори марказҳои дилхушӣ, хидматрасонӣ, роҳҳои бисёрқабата, майдону марказҳои боҳашамати истироҳативу варзишӣ, хуллас ҳама иншооти зебо бо тарҳи милливу замонавӣ дар пойтахти кишвари мо низ бунёд шуда истодаанд. Акнун хоҳ-нохоҳ суоле ба миён меояд, ки мо дар шаҳрамон чӣ надорем? Аз кадом шаҳрҳои пешрафта камӣ дорем? Ҷавоб яктост, ки аз касе кам нестем. Агар набошад ҳам, ташкил кардани он барои имконияти имрӯзи шаҳрдории Душанбе ягон монеаву мушкилӣ пеш намеорад, зеро имрӯз Душанберо дили ҷавону набзи ҷавонӣ идора мекунад.
Дар ин замина бояд иқрор шуд, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбарест, ки ба хостаҳои мардум бештар таваҷҷуҳ дораду пайваста дар пайи ободонию созандагӣ мебошад. Барои боз ҳам ободу шукуфон гардондани шаҳри Душанбе, осоиши хонадони мардум шабу рӯз андеша ва талош меварзад.
Мо, шаҳрвандони ин тахтгоҳи ҳамешабаҳор ва сарсабзу гулфишон низ набзи шаҳрамонро бо дили худ фараҳмандона эҳсос мекунем, аз тамошои хиёбону гулгаштҳои шукуфон ва биноҳои боҳашамати қоматафрохтаи замонавӣ хаёламон боли парвоз мегирад.
Дар идомаи ин ободкориҳо ҳар як фарди пойтахт бояд масъулияти шаҳрвандиро эҳсос намояд. Ҳамон тавре ки Пешвои миллат борҳо таъкид месозанд, ҳар яки мо бояд ҳомии дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар бошем, зеро онҳо натиҷаи заҳмати дастаҷамъонаи мардуми кишвар буда, амонат барои ояндаи мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Барҳақ, агар ҳар яки мо саҳми худро дар ободонии як гӯшаи диёрамон гузорем, заҳмат кашем, рисолати фарзандии худро дар назди Тоҷикистони азизамон иҷро хоҳем кард, зеро ин ҳамон мулкест, ки Пешвои миллат биҳиштосояш мегӯянду ният доранд, ки ба наслҳои оянда диёри боз ҳам ободтару пешрафтаро ба мерос гузоранд.
Аксари мардуми кишвар, новобаста аз ҷойи зист, аз Душанбешаҳр ёддоште доранд, ки бо он фахр мекунанд. Аз созандагию ободию пешрафти пойтахт болидаруҳанд.
Як бегоҳӣ пирамарди нурониеро дидам, ки дар курсии шафати роҳ менишаст. Дар тан ҷелаки хоссаи куҳансолони кӯҳистонро дошт ва бо локии гулдӯзӣ камар баста буд. Дар сараш тоқии нақшин мезебид. Ситорааш ба назарам гарм тофт. Даст болои дил саломаш додам. Ӯ дар ҷавоб ишора кард, ки дар паҳлуяш бишинам. Баъди саломи дудаста гуфт:
– Чашми ман серӣ надорад аз тамошои Душанбе!
Шӯхиомез ба ёдаш овардам, ки Мирзо Турсунзода «Чашми ман серӣ надорад аз тамошои Ватан» гуфтааст. Пирамард бо ҳаяҷон ҳозирҷавобӣ кард:
– Медонам, вале Душанбе тоқа як шаҳри Ватан не, балки дили Ватан аст! Сипас, бо як завқи баланд суханашро идома дод:
– Ман бобои Ҳимматшоҳ, аз деҳаи Кеврони Дарвозам, ки Душанбе шаҳри ҷавонии ман аст. Дар ин шаҳр даврони донишомӯзии ман гузаштааст. Ҳар як хиёбон, ҳар як майдон, ҳар як кӯчаву паскӯчаҳои шаҳрро хуб медонистам. Ҳар як самти он бароям ошно буд, вале имрӯз дар миёни ин қадар биноҳои навсохти баландошёна, дар ин гулгаштҳои зебову фиребои он, дар гузаргоҳҳои пур аз мағозаву қаҳвахонаҳои навсохташ ҳайрон мондам.
Шукронаи истиқлол, ки шаҳри Душанбе ба як шаҳри бузурги замонавӣ табдил ёфтааст. Шаҳри ҷавонии ман нозанин буд, нозанинтар шудааст. Шукронаи истиқлол, шукронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шукронаи Рустами Эмомалӣ, ки Душанбе ба як шаҳри бузурги тоҷикон, ба пойтахти комилан миллӣ табдил ёфтааст. Душанбе шаҳри гулҳо шудааст. Чаманистонҳои шаҳр ҳамешасабзу ҳамешабаҳоранд. Пайдост, ки ин ҳама ободии пойтахт худ ба худ ба амал намеояд.
Суҳбати самимонаи бобои Ҳимматшоҳи дарвозӣ водорам сохт, ки дар иловаи суханони ӯ чанд андешаамро рӯйи коғаз биёрам.
Бузургтарин чорабиниҳои таърихии сарнавиштсози кишвар маҳз дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Ҳамаи ин дастоварду комёбиҳои иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯшишу талоши рӯзафзуну хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста барои муосиргардонии инфрасохтори шаҳр талош меварзад.
Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар оғӯши гарми Душанбе ба камол расидаанд, пойтахти кишварамонро дӯст медоранд ва ҳамчун шаҳриёр ба шаҳрвандони он эҳтиром мегузоранд.
Оре, ташаббускории наҷибу бунёдгузории аҷиб дар шараёни дили ин сиёсатмадори ҷавону ояндабин ҷараён дорад. Чанде пеш аз кӯчаи навбунёди Қаҳҳоров дидан кардам. Бовар кунед, дар як муддати кӯтоҳ бо дасти мутахассисони роҳсози шаҳри Душанбе бо риояи талаботи сатҳи ҷаҳонӣ омода шудани роҳ муъҷиза аст.
Шаҳри Душанбе аз қудуми неки муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз як боғшаҳри бузурги сабзу хуррамро мемонад ва ин таассуроти хотирмон бештар ва самимитар аз забони меҳмонони ватаниву хориҷӣ, аз тарафи сайёҳон садо медиҳад. Яке Душанберо «шаҳри гулҳо», дигаре «боғшаҳри сабзу хуррам», сеюмӣ «як гӯшаи биҳишт», чорумӣ «шаҳри ҳамешабаҳору гулдастаи табиат” меноманд.
Дар ҳақиқат пойтахти азизамон дар ҳама фасли сол сабзу хуррам аст. Пайдост, ки нашъунамои гулбоғҳову гулгаштҳо натиҷаи дасти сабуку сеҳрофарини боғбон – шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст.


Иброҳим ПИРНАЗАРЗОДА,
директори китобхонаи шаҳрии ба номи
А. Лоҳутии шаҳри Душанбе