Дар ин айёми дилафрӯз зиёда аз 300 миллион нафар сокинони сайёра Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн мегиранд, ки тибқи баъзе маълумотҳо таърихи беш аз 5000-сола дорад. Наврӯз дар кишварҳое ҷашн гирифта мешавад, ки дар замонҳои қадим бо Эрон робита доштанд.
Олимон қайд мекунанд, ки ин Ҷашн бештар дар кишварҳои дар канори Роҳи Абрешим ҷойгиршуда маъруф аст. Соли 2009 Наврӯз бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон, Афғонистон ва як қатор кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии инсоният дохил карда шуда, соли 2010 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълом дошт.
Имрӯз Наврӯз ғайр аз се кишвари форсизабон, инчунин, дар Озарбойҷон, Албания, Босния ва Герсеговина, Гурҷистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Туркия, Ироқ, Ӯзбекистон ва ғайра таҷлил мешавад.
НАВРӮЗ ДАР ПОКИСТОН
Покистон баъд аз Эрону Тоҷикистон сеюмин давлатест, ки Суруди миллияш қариб саросар ба забони форсист. Бо дарназардошти он ки, фарҳанги форсӣ ба фарҳанг, анъана ва забони мардуми Покистон таъсири назаррас гузоштааст, ҳар се миллат хусусиятҳои зиёде доранд, ки таҷлили Иди Наврӯз яке аз онҳост. Ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиҳо Ҷашни Наврӯз ба қаламрави Покистони муосир, махсусан минтақаҳои Хайбар-Пахтунва ва Балуҷистон, ворид шуда буд, аммо бо сабаби таъсири фарҳангҳои бегона (юнониҳо, англисҳо ва ғайра) ин Ид натавонист умумихалқӣ шавад.
Рӯзи аввали Наврӯзро мардуми ин сарзамин "Ҷаҳони нур" меноманд, зеро онҳо бовар доранд, ки бо омадани Наврӯз ҷаҳон дурахшон мешавад. Сокинони баъзе минтақаҳои Покистон Наврӯзро бо хондани шеърҳо ва дуоҳо истиқбол мекунанд.
Дар Покистон зимни фарорасии Ҷашни Наврӯз шаби шеър, суруд ва рақс баргузор мешавад. Боздид аз хешовандон, сайру саёҳат ва мулоқот бо дӯстон яке аз анъанаҳои ҳатмии сокинони ин давлат аст. Шукӯҳи айёми Наврӯз боз дар он аст, ки ҷашни Рӯзи Покистон (Yaum-e-Pakistan) низ ба ҳамин айём (23-юми март) рост меояд. Ба ин муносибат, чорабиниҳои гуногуни тантанавӣ, парадҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва амсоли инҳо баргузор мегарданд.
Дар Покистон Наврӯзро бештар дар минтақаҳои Шина, Бурушо, Вахӣ, Гилгит-Балтистон, ноҳияи тоҷикнишини Читрол, Пешавар (Хайбар-Пахтунхва), Балуҷистон, Кашмир, Мултон, Панҷоб ва Синд (Карочи) таҷлил мекунанд.
Соли 2016 бо қарори ЮНЕСКО Покистон ба рӯйхати кишварҳое дохил карда шуд, ки дар он Наврӯз ҷашн гирифта мешавад ва ин Ҷашн дар Покистон бо номи “Навроз” ё “Ҷашни баҳорон” маъруф аст. Панҷуми апрели соли 2018 бо ташаббуси сафоратхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Исломобод фаъолият мекунанд, дар Вазорати корҳои хориҷии Покистон бори аввал дар сатҳи расмӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид.
НАВРӮЗ ДАР ТУРКИЯ
Аз соли 1925 то 1991 ҷашн гирифтани Наврӯз дар Туркия расман манъ буд, аммо дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта анъанаҳои хуби ҷашнвора дубора эҳё шуданд. Наврӯз дар Туркия 22 – 23-юми март ҷашн гирифта мешавад. Он, асосан, миёни сокинони курдтабор маъмул аст.
Омодагӣ ба ид дар ин кишвар ду-се ҳафта пеш аз ҷашн оғоз мешавад. Дар ин муддат дар ҳар оила майсаи гандум сабз мекунанд. Майсаи сабзидаро ба мизи идона мегузоранд, ки дар он тухмҳои рангкардашуда, шириниҳо ва суманак низ ҳаст. Инчунин, рӯйи мизи идона суфраи “ҳафтсин” ва танга низ мегузоранд, ки ин ҳама рамзи саломатӣ, хушбахтӣ ва умри дароз мебошад.
“НОВРУЗ БАЙРАМИ” ДАР ОЗАРБОЙҶОН
Наврӯз (Novruz Bayramı) дар Озарбойҷон панҷ рӯз, аз ҷумла 20 ва 21-уми март, ҷашн гирифта мешавад. Озарбойҷониҳо қариб як моҳ пеш ба Наврӯз омодагӣ мегиранд. Ҳар яке аз чор сешанбеи пеш аз ид рамзи яке аз унсурҳои табиӣ – об, оташ, замин ва бод мебошад. Дар бораи ҳар яке аз ин рӯзҳо дар байни мардум расму оинҳо, сурудҳо, бозиҳо мавҷуданд. Рӯзи сешанбеи охирини пеш аз Наврӯз кӯдакон дари хонаи ҳамсояҳоро мекӯбанд ва дар назди дарвоза сарпӯш (кулоҳ) гузошта, пинҳон мешаванд. Соҳибони ин хонаҳо бояд сарпӯшҳоро бо хӯрокҳои идона ва баъзан, пул баргардонанд. Инчунин, дар ин рӯз дар ҳар як оила аз рӯйи шумораи аъзоёни он шамъҳо фурӯзон карда мешаванд, ки онҳоро пеш аз муҳлат хомӯш кардан мумкин нест. Бо фарорасии шом дар кӯчаҳо оташ меафрӯзанд. Дар оила ҳама даст ба даст гирифта, дар атрофи оташ рақс мекунанд ва сипас, аз болои оташ меҷаҳанд. Мардум бовар доранд, ки оташ несткунандаи бадӣ буда, тамоми бемориҳоро аз байн мебарад. Тибқи анъана, ҳар кас бояд то ҳадди имкон Наврӯзро дар хона, дар байни аъзои оилаи худ ҷашн гирад.
Сокинони Озарбойҷон дар Новруз Байрами ба рамзҳо диққати калон медиҳанд. Ҳамин тавр, шакарбура (таоме, ки рамзи Моҳ аст), паҳлава (рамзи чор тарафи ҷаҳон), донаи сабзшудаи гандум (рамзи Офтоб) ҳатман ба мизи идона гузошта мешаванд. Инчунин, муҳим аст, ки дар рӯйи миз ҳафт неъмате мавҷуд бошад, ки номҳояшон бо ҳарфи "син"оғоз шаванд.
НАВРӮЗ("НАУРЫЗ") ДАР ҚАЗОҚИСТОН
Барои қазоқҳо ин Ҷашн рамзи навсозии баҳорӣ, ҷашни муҳаббат, ҳосилхезӣ ва дӯстӣ мебошад. Дар замонҳои қадим пеш аз омадани Наврӯз одамон хонаҳо ва хоҷагии худро ба тартиб меоварданд, ба ифтихори Ҷашн ниҳоли дарахтону гулҳо мешинонданд.
"Наурыз" маънои "таваллуди баҳор"-ро дорад.Мардуми қазоқ бовар доранд, ки хуб истиқбол гирифтани Ҷашни Наврӯз ба хона фаровонӣ ва муваффақият меорад.
Хӯроки асосии расмии ин Ҷашн наурыз-коже (таоме мисли гандумкӯча) ба ҳисоб рафта, бояд аз ҳафт ашё иборат бошад, ки ҳафт унсури ҳаётро ифода кунад: об, гӯшт, намак, равған, орд, ғалладона (биринҷ ё гандум) ва шир. Ин неъматҳо рамзи шодӣ, бахт, хирад, саломатӣ, некуаҳволӣ, суръат, афзоиш ва дар ҳифзи Худованд буданро ифода мекунанд. Вақте ки қазоқҳо Наврӯзро ҷашн мегиранд, мавҷудияти рақами 7 ҳатмист. Он 7 рӯзи ҳафтаро дар бар мегирад. Дар назди мӯйсафеде бояд 7 коса науриз-коже гузошта шавад. Ҳама бояд ба 7 хона ташриф оранд ва 7 меҳмонро даъват кунанд.
НАВРӮЗ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН
Ҷашни Наврӯзро қирғизҳо "Нооруз" меноманд. Агар дар рӯзи ид кӯдак таваллуд гардад, пас ба ӯ ҳатман Нооруз ном гузошта мешавад ва агар дар арафаи Ҷашн барф борад, ин аломати хуб ҳисобида мешавад. Рӯзи ид дар ҳар як оила дар болои дастархони идона хӯрданиҳои гуногун гузошта мешаванд. Дар баъзе хонаҳо, мисли пештара, суманак (сималак) омода мегардад.
Дар арафаи ид одамон манзилашонро ба тартиб меоранд, қарзҳоро пардохт мекунанд, бо ҳар каси қаҳрӣ, оштӣ мекунанд.
Омодасоз Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”