Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ. БОЗТОБИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ ДАР БОҒИ ФИРДАВСӢ


Боиси шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувор таҷлил менамоянд. Ин Ҷашни бостонӣ аз фарорасии фасли баҳор, бедоршавии табиат ва оғози соли нави пурфайзу баракат мужда медиҳад.


Ҳамасола дар пойтахт бо иқдоми созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукӯҳу хотирмон таҷлил мегардад. Дар доираи ин Ҷашни бостонӣ, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз ҷумла «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ», барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштии миллӣ «Гӯштингирӣ», мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хосса баргузор мешаванд.
Аз ҷумла, 19-уми март Боғи фарҳангию фароғатии “Абулқосими Фирдавсӣ” қабои идона ба бар дошт. Сокинони пойтахт либосҳои миллӣ ба бар карда, бо чеҳраи кушода ва дили пур аз фараҳу шодӣ барои истиқболи Наврӯз ба ин ҷо омаданд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Давлатзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода ва раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Сафарзода зимни ифтитоҳи чорабинии идона ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, таъкид намуданд, ки Наврӯз мероси гаронбаҳои ниёгони фарҳангпарвару тамаддунсози миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Наврӯз на танҳо як сана дар тақвим, балки рамзи умед, покӣ, дӯстӣ ва эҳёи зиндагии инсон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин Ҷашни бостонӣ дар Тоҷикистон мазмуну муҳтавои нав касб карда, ба рамзи ифтихори миллӣ ва худшиносии мардум табдил ёфт.
Дар чорабинии наврӯзӣ ҳунармандону косибони ноҳияи Фирдавсӣ намунаи маҳсулоти ҳунари хеш, ба монанди гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, ресандагӣ, наққошӣ ва ғайраро пешкаши ширкаткунандагони чорабинӣ гардонданд.
Дар доираи чорабиниҳои идона хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ноҳияи Фирдавсӣ таронаҳои наврӯзӣ суруда, гулбазм доир намуданд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Фирдавсӣ барномаҳои ҷолибро пешкаши тамошобинон карданд. Баргузории чорабинии идона дар Боғи фарҳангию фароғатии “Абулқосими Фирдавсӣ” бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукргузорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастии кулли сокинони мамлакат сурат гирифт. Чун ҳарсола дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯз пойтахти кишварамон ба шаҳри пур аз меҳр, муҳаббат, шеъру суруд, садои хандаи тифлону нағмаи булбулон табдил ёфт. Ҷашни Наврӯз дар пойтахти мамлакат то 28-уми март бо чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва барномаи консертӣ таҷлил гардид.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”