Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми мо мебошад, ки ба рӯзи нахустини солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (ҳамал), яъне 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Қариб ҳамаи сарчашмаҳо ба таври расмӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Лиҳозо, онро Наврӯзи ҷамшедӣ ҳам меноманд. Сарчашмаҳое аз қабили «Китоб-ут-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Шоҳнома»-и Саолибӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Форснома»-и Ибн-ал-Балхӣ ва ғайра. Албатта, дар ин китобҳо маълумоти зидду нақиз, ки аз ҷанбаи илмии дақиқ бархурдор нестанд, низ мавҷуданд, аммо боз ҳам барои омӯхтани Наврӯз – ҷашни миллии ниёкони мо, аз ҷумла расмият пайдо кардани Наврӯз, сабаби ҷашнгирии он ва ғайра, басо муфиданд. Масалан, Абурайҳон Берунӣ расмият пайдо кардани Наврӯз ва сабаби ҷашнгирии онро дар «Осор-ул-боқия» ба мазмуни зайл меорад: «Баъзе уламои Эрон мегӯянд: «Сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».
«Наврӯзнома»-и Хайём, ки аз муҳимтарин китобҳост, доир ба Ҷашни Наврӯз ва аз замони Ҷамшед шуруъ шудани он маълумоти нисбатан батафсил дар ихтиёри хонандагон мегузорад. Чунончи, ӯ мегӯяд: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз рубъе аз шабонрӯз ба аввал дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол муддате кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидоъ карданд…».
Тавре ки мебинем, аҳли илму адаб дар осори хеш доир ба Наврӯз маълумоти муфид додаанд ва онро аз лиҳози мухталиф васфу ситоиш кардаанд. Ишон, бад-ин тартиб дар зинда нигаҳ доштани зеҳну хотираву тафаккури миллии мо хидмати пурарзиш намудаанд ва ба наслҳои баъдина сабақи худшиносиву худогоҳӣ додаанд.
Мусаллам аст, ки дар таърихи тамаддун ва фарҳангу адаби тоҷикӣ расму оин ва ҷашнҳои зиёде мавҷуданд, аммо бузургтарини онҳо Иди Наврӯз мебошад, ки аз бостонзамон бо шукӯҳу шавкати хос дар байни ақвоми эронӣ ҷашн гирифта мешавад. Лиҳозо, на фақат муаллифони китобҳои пешин, балки асри гузашта ва имрӯз низ доир ба он маълумоти арзишманд дар ихтиёри мо гузоштаанд. Ин муаллифон низ дар асарҳояшон Наврӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ, оғози баҳор, ҷашни табиат, киштукор, сари сол, бедории замин, рӯйишу ҳаракат таъбир ва тавсиф намудаанд ва бо ин роҳ, дар пойдориву устуворию мондагории он саҳм гирифтаанд. Чунончи, устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» гуфтааст: «Иди Наврӯз, ки дар сари соли шамсӣ, дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате ки Иди Рамазон ва Иди Қурбон барин идҳои диниро як рӯз барпо медошт, Иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Ба сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми рустаниҳо рост омадани ин Иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад. Аз ин ҷост, ки тоҷикон «Ҳамал – ҳама чиз дар амал» мегӯянд».
Дигар, дар тарвиҷ, зинда мондану эҳёи арзишҳои бостонӣ давлатҳои миллию маҳаллии эронитаборон, аз ҷумла Саффориён ва Сомониён, нақши муҳим бозидаанд. Онҳо на танҳо забон, балки русум ва ҷашну оинҳои бостонӣ, аз ҷумла Наврӯзро, низ зинда намудаанд ва бад-ин тартиб тамаддун ва фарҳанги миллиро аз марг наҷот додаанд. Ба қавли Муҳаммадамини Риёҳӣ: «Бо ҳимояти давлати Сомонӣ, аз як тараф, фарҳанги эронӣ дар омезиш бо фарҳанги исломӣ ҷилваю таровати навойин ёфт, аз тарафи дигар, баргузории ҷашнҳои эронӣ аз Наврӯзу Меҳргону Садаву Баҳманҷана руҳи тозае дар пайкари ҷомеаи Эрон дамид».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бошад, бо эҳтимому ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз мазмуну муҳтавои навро касб намуд: он ба рамзи худшиносиву худогоҳӣ табдил ёфт. Ҳамчунон, бо саъю кӯшишҳои Сарвари маҳбуби мо Ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро гирифт, ки он барои ҳар фарди тоҷик боиси ифтихору сарфарозист. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чунин гуфтаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ин Ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».
Оре, миллати мо фарҳангофарину тамаддунсоз ва дорои орову андешаи қавии миллию байналмилалӣ мебошад. Ҳамин руҳи қавии миллӣ ва байналмилалии тамаддуну фарҳанги мо буд, ки Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва муҷиби таҷлили он дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон гардид. Ҳамоиш ва чорабиниҳое, ки ҳамасола дар ин замина дар кишварҳои мухталифи олам баргузор мегарданд, шаҳодати густариш ва тавсеаи ин Иди миллии мо мебошад. Мо бовар дорем, ки ин ҳамоиш ва чорабиниҳо ба иди дӯстии халқҳою кишварҳо, шеъру сухани воло, ваҳдату сулҳу сафою одамият табдил меёбад ва дар таҳкими худогоҳию худшиносии миллати мо нақши муҳим мебозад.
Ҷамолиддин САИДЗОДА