Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт
31-уми март тими миллии Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо дастаи мунтахаби Филиппин вохӯрд. Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт. Ҳар ду даста 13-холӣ доштанд ва Тоҷикистон бо сабаби фарқияти беҳтари голҳо пешсаф буд.
Филиппин, ки ба пирӯзӣ ниёз дошт, дар дақиқаи 8-ум ба пешсафӣ наздик шуд. Андре Лейполд ба ҷаримагоҳ ворид шуд ва тӯбро ба Мануэл Отт дод, ки ӯ онро аз болои дарвоза партофт. Фишори Филиппин дар дақиқаи 19-ум самар дод. Рафаэл Обермайр тӯбро вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуд.
Тоҷикистон дар дақиқаи 40-ум ҳисобро баробар кард. Дахолати саривақтии Шервонӣ Мабатшоев боиси ин ҳамла гардид ва зарбаи Шериддин Бобоев ба ҳадаф расид.
Ҳамин тариқ, тими миллии футболи Тоҷикистон маротибаи дуюм пайиҳам, ин бор таҳти роҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович ба Ҷоми Осиё роҳхат гирифт. Шӯру ҳаяҷоне, ки футболбозони мо аввали соли 2024 дар Қатар ҳадия карданд, соли 2027 дар Арабистони Саудӣ идома хоҳад ёфт.
Дастаи олимпии Тоҷикистон – ғолиби “The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026”
25-31-уми март дар шаҳри Юпиаи Ҳиндустон Мусобиқаи байналмилалии футбол “The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026” баргузор шуд. Дар Мусобиқа дастаҳои олимпии Ҳиндустон, Тоҷикистон ва Бутан ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) зери раҳбарии Мубин Эргашев дар ду бозӣ дастаҳои Бутан (25-уми март) ва Ҳиндустонро (31-уми март) бо ҳисоби якхелаи 1:0 мағлуб карда, бо 6 хол ғолиби Мусобиқа шуд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби олимпии Тоҷикистон соли оянда дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 иштирок хоҳад кард.
САМБО
Се медали гӯштигирони тоҷик дар “Ҷоми поягузорони самбо-2026”
Паҳлавонони кишвар дар Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар Мусобиқа варзишгарон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Кипр, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия ва Туркия ширкат доштанд.
Варзишгарони мо дар самбои размӣ медал гирифтанд. Фариз Аҳмадшоев дар вазни 88 кило медали нуқра, Шаҳдор Ниёзов (88 кг) ва Амирҳамза Сулаймонов (+98 кило) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”