Баргашт Чоп кардан

ВАҲДАТ. НАВРӮЗ ТАНТАНА ДОШТ


Сокинони шаҳри Ваҳдат Наврӯзи хуҷастапайро пуршукӯҳ ва бо манзалати хосса ҷашн гирифтанд. Дар чорабинии тантанавӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳр сурат гирифт, раиси ҶСК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода иштирок дошт.
Дар оғози чорабинӣ чун анъана молу маҳсулот, дастовардҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, анъанаҳои неки наврӯзӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Зимни ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки бо заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз дарак аз он медиҳад, ки ҳанӯз аз замони қадим то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.
Маҳмадумар Асозода зикр кард: “Моҳияту ҳикмат ва табиати Ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, оини бедории табиат, эҳёи мавҷудоти олам дар тули ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат намудааст. Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллӣ мебошад”.
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода баён дошт: “Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад”.
Сипас, аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр ва сарояндагони ҷумҳурӣ барномаи рангини ҳунарӣ, ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаш гардид.


Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”