Баргашт Чоп кардан

МАШВАРАТИ КОРӢ



3-юми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд.
Машварат бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот доир ба истиқболи сазовор аз солгарди 35-уми Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.
Доир ба рафти иҷрои барномаи омодагиҳо гузориши аъзои Кумитаи тадорукот, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо омодагии ҳамаҷониба ва мазмуну мундариҷаи баланд баргузор шаванд. Таъкид гашт, ки таҷлили сазовор ва пуршукӯҳи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ метавонад ба эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии мардум, бахусус ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз таърихи бостонӣ, фарҳанги пурғановат ва тамаддуни бузурги ориёӣ, мусоидат намояд.
Тавре иттилоъ доданд, дастуру таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва руҳияи баланди омодагӣ ба ин Ҷашни бузурги миллӣ ба раванди бунёдкорию созандагӣ дар қаламрави кишвар такони ҷиддӣ додааст, зеро дар доираи омодагӣ ба он беш аз 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави кор муҳайё мегардад.