Баргашт Чоп кардан

НАВРӮЗ МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ


Наврӯз ҳамеша таҷассуми сулҳу дӯстӣ ва бародариву баробарӣ будааст. Аммо аз рӯзе, ки бо ташаббуси бузургони хирадпеша, аз ҷумла Пешвои миллати мо, он мақоми байналмилалӣ гирифт, ҳамасола шукӯҳу бештар меёбад ва бештар аз пештар арсаи ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамҷавории халқҳои олам қарор гирифта, дили оламиёнро тасхир кардаву халқҳои оламро ба ҳам меорад.


Гувоҳи ин гуфтаҳост, ки Наврӯзи байналмилалии имсола бо иштироки роҳбарони ду мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистони бародар дар сатҳи баланду муҷалло баргузор гардид.
Наврӯзи байналмилалии имсола, бо раъйи сарварони кишварҳои бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон бо Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд оғоз ёфт, ки дар толори бузурги Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо ширкати аҳли илму адаб ва иштироки вазирони фарҳанг ва раисони иттифоқҳои нависандагони ду кишвар ба маҳфили воқеии дӯстии шеъру адаби халқҳои тоҷику ӯзбек табдил ёфт. Сухангӯии бузургони илму адаб аз ҳар ду ҷониб ва созу навои санъаткорон ба ин ҷамъомад шукӯҳи хоса бахшиданд.
Дӯстиву бародарии дерини халқҳои моро метавон шабоҳат ба як китоб, як хона ва ё як дил дод. Ончуноне ки як китоб ё як хонаро ду пора кунем, на китоб китоб мемонаду на хона, ҳамчунин, як дил агар ду тақсим шавад, наметавонад зиндагӣ кунад. Шабеҳи ҳамин халқҳои тоҷику ӯзбек он қадар дар тули таърих ба ҳам омехта шудаанд, ки мисли як китоб, як хона ва як дил наметавон онҳоро аз ҳам ҷудо кард.
Поянда бод ин пайванд, ки ҳосили дӯстиву бародариву арҷгузорӣ ба ҳамдигар аст!
Дар маҳфили аҳли илму адаб шеъреро тақдими ҳозирон намудам, ки тули сафар аз Душанбе то Тошканд ба тариқи ҳавопаймо иншо гардид. Он шеър ва ду шеъри дигарро, ки ба шарафи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек эҷод гардидаанд, дар радифи ин рӯзҳои хуррами дӯстӣ тақдими азизон мегардонам.
ИЛҲОМ АЗ ДИДОРИ ӮЗБЕКИСТОН


Зи хоки файзбори Ӯзбекистон
Мунаввар шуд маро ҷисму дилу ҷон!


Ман аз Фарғонаву Хоразму Қӯқанд
Ба лаб қанд омадам, дар дида эҳсон.


Дар ин ҷо амри меҳру дӯстдорист,
Фараҳ меборад аз ҳар хонаву хон.


Дар ин ҷо ишқ механдад ба ҳар лаб,
Дар ин ҷо сулҳ дар ҳар чеҳра тобон.


Худоё, ин садоқатро нигаҳ дор,
Ба поси бахти фардои азизон.


Дар ин ҷо тоҷику ӯзбек як халқ,
Ҷудо кардан зи ҳам ин халқ натвон.


Бубин, инак, ба Ҷомиву Навоӣ,
Пас аз садсолаҳо ҳастанд ҳамҷон.


Зиҳӣ ин дӯстӣ, ин пойдорӣ,
Сарафрозӣ чунин то авҷи кайҳон.


На танҳо ҳамдилу ҳамнону ҳамхон,
Бувад ин ҳар ду миллат балки ҳамҷон.


Ба амри пешвоёни ду миллат
Намеёбад шикаст ин аҳду паймон!


Хушо савту сафои Тоҷикистон!
Хушо, бахту бақои Ӯзбекистон!


ТОҶИКУ ӮЗБЕК – ӮЗБЕКУ ТОҶИК


Як ҷону як дил – ӯзбеку тоҷик.
Як обу як гил – ӯзбеку тоҷик.


Ӯзбеку тоҷик худ ноҷудоянд,
Зеро зи як бун, аз як матоянд.


Бо ҳам сиришта, аз як сириштанд,
Дар мазраи дил ҳамдону киштанд.


Ӯзбеку тоҷик – як ҷону як дил,
Ӯзбеку тоҷик – як обу як гил .


Рӯйест Ҷомӣ, рӯйе Навоӣ,
Поянда бодо ин ҳамбақоӣ.


Як ҷисму як ҷон, натвон ҷудо кард,
Хунро зи шарён натвон ҷудо кард.


Ӯзбеку тоҷик, яъне амонӣ,
Яъне муҳаббат, ҳамормонӣ.


Мо як китобем, як хона, як ҷисм,
Як марзи имон, маънои як исм.


Мо ҳаммуҳаббат, мо ҳамнигоҳем,
Мову ту бо ҳам пушту паноҳем.


Ҳамшонаи ҳам, ҳамхонаи ҳам,
Ҳаргиз набуда бегонаи ҳам.


Ӯзбеку тоҷик – як ҷону як дил,
Ӯзбеку тоҷик – як обу як гил.


ДАР ПАНОҲИ ДӮСТӢ


Тоҷикону ӯзбекон, ҳамҷисму ҳамсон ин ду халқ,
Ҳамнавову ҳамниё, ҳамнону ҳамхон ин ду халқ.


Он қадар омехта дар ҷисму ҷон хунҳояшон,
Кай тавон аз ҳам ҷудо бинмуд осон ин ду халқ.


Соҳиле ишқу муҳаббат, соҳиле розу ниёз,
Байни ду соҳил яке дарёи эҳсон ин ду халқ.


Ризқашон аз як замину ҳукмашон аз як қазо,
Гашта ҳамқисмат ба амри поки Яздон ин ду халқ.


Додар ин сӯ, хоҳар он сӯ, чун таҳаммул мекунӣ,
Аз ҷудоиҳо магӯ, ҳастанд ҳамҷон ин ду халқ.


Мо ба дӯши ҳамдигар тобути ҳам бардоштем,
Ҳамрасулу ҳамхудо дар роҳи имон ин ду халқ.


Ҷуз гули сулҳу амонӣ нашкуфад дар табъашон,
Аз сафои меҳр боғанду гулистон ин ду халқ.


Зинда бод ишқу муҳаббат, зинда бодо дӯстӣ,
Зинда бодо бо фурӯғи бахти даврон ин ду халқ!


Камол НАСРУЛЛО