1 агрегати НБО «Сангтӯда-1», ки 300 м3/с оби воридмешуда, 60 метр баландии обфуро ва 095 ККФ дорад, бо иштироки 9,81 суръатнокии афтиши озод бо якдигар зарб хӯрда, дар нуқтаи вохӯрии агрегат 167751 м3/с фишори обро барпо мекунад. Азбаски фишори об м3/с воҳиди ченак дорад ва бо зарбаи худ ба турбогенератор ворид мешавад, барои дуруст ҳал кардани масъала ба физика муроҷиат мекунем. Физика навишааст: 1 м3 обро аз 1 метр баландӣ муддати 1 сония партоем, энергияи механикии дорои 13,33 қувваи аспдошта барпо мешавад ва иқтидори 1 қувваи асп ба 0735,5 кВт барқ баробар аст.
Миқдори фишори оби барпошударо ба 13,33 зарб дода 167751x13,33=2236121 дар дохили турбогенератор энергияи механикии 1 қувваи аспдошта барпо мешавад. Энергияи механикии барпошудаи турбогенератор генератор ва роторро, ки ба турбогенератор пайвастанд бо таври лозимӣ давр занонда ва ба иқтидори як қувваи аспдошта энергияи механикӣ 0735,5 кВт барқ аст зарб хӯрда, дар агрегати неругоҳ 2236121x0735,5=1644 мВт энергияи электрикӣ барпо мешавад.
Ҳангоми лоиҳакашӣ иқтидори генератори барқистеҳсолкунанда аз рӯйи талаби формулаи напор N=Qx9,81xHxt=300x9,81x60x095=167,7 мВт иқтидори генератор аниқ карда шудааст ва он дар завод бо иқтидори аниқкардашуда (албатта, ротор ва турбогенератор ба иқтидори генератор мутобиқ карда) аз нав сохта мешавад. Агар таҷҳизотҳоро ба агрегати неругоҳ ба ҷойи худ шинонда, неругоҳро ба кор дарорем, генератор аз даҳ як ҳиссаи энергияи электрикии 1644:167,7 =9,8 маротибро ба истеҳсолот гирифта, барқ истеҳсол мекунад ва аз даҳ нуҳ ҳисса энергияи электрикии барпошуда аз рӯзи ба кор даромадани неругоҳ бо оби бузург ҷорӣ мешавад. Мардум вазифадор буд, ки формулаи махсус тартиб дода, бо ёрдами он иқтидори ҳақиқии генератори барқистеҳсолкунандаро аниқ карда, ҳамаи энергияи электрикии дар агрегат барпошударо бо фоидаи кор гирифта, барқ истеҳсол кунад.
Соли 2020-ум муаллиф гуфтаҳои физикаро барои тартиб додани формула истифода бурда, энергияи механикии 13,33 қувваи аспдоштаро бо иқтидори энергияи механикии 1 қувваи аспдошта, ки ба 0735,5 кВт барқ баробар аст, бо якдигар зарб дода, 13,33х0735,5=9,8 кВт барқ иқтидори 1м3/с фишори обро аниқ карда, онро ба тарафи рости формулаи фишор ба ҷойи воҳиди ченаки фишори об шинонда N = (Qx9,81xHxt)x9,8 кВт формулаи навтаъсис тартиб дод. Q – миқдори оби воридмешуда, Н – баландии обфуро ва ККФ дар агрегат будаҳоро бо формулаи навтаъсис шинонда, иқтидори ҳақиқии генератори барқистеҳсолкунанда аниқ карда мешавад, ки миқдори он ҳама вақт бо иқтидори энергияи электрикии дар агрегати неругоҳ барпошуда баробар мебошад.
1 агрегати НБО «Сангтӯда-1»-ро, ки 300м3/с оби воридмешуда, 60 м баландии обфуро ва 095 ККФ дорад, ба формулаи навтаъсис шинонда, иқтидори ҳақиқии генератори барқистеҳсолкунанда N=(Qx9,81xHxt)x9,8 кВт= (300x9,81x60x095)х9,8 кВт = 1644 мВт аниқ карда мешавад. Генератори дорои иқтидори 1644 мВт-ро заводҳо имконияти сохта ба истифода додан надоранд. Бинобар ин, ҳар 4 агрегати НБО «Сангтӯда-1», ки 300 м3/с оби воридмешуда дорад, ҷамъ 1200 м3/с обро ба 8 қисми баробар тақсим намуда, 150 м3/с оби воридмешуда, 60 м баландии обфуро ва 095 ККФ қабул карда, 8 агрегати неругоҳ бо иқтидори 822 мВт мешавад, ки заводҳо барои сохта, ба истифода додани ин иқтидор имконият доранд, қабул карда мешавад. Рақамҳои дар як агрегатбударо бо формулаи навтаъсис шинонда, иқтидори ҳақиқии генератори барқистеҳсолкунанда дар агрегати мазкур аниқ карда мешавад.
N=(Qx9,81xHxt)x9,8кВт=(150х9,81х60х095)х9,8кВт=822 мВт барқ истеҳсол мешавад. Барои дуруст ҳал кардани масъала 8 генераторро бо иқтидори 822 мВт дар завод сохта, ба иқтидори генератор мутобиқ 8 ротор ва 8 турбогенератор сохта, онҳоро ба агрегати неругоҳ бо ҷойи худ шинонда, 8х822мВт=6576 мВт иқтидори умумии НБО «Сангтӯда-1»-ро муайян мекунем. Аз 4 агрегати амалкунандаи НБО «Сангтӯда-1» як агрегати он дар асоси формулаи напор N=Qx9,81xHxt=300x9,81x60x095=167,7 мВт ва 4 агрегати он 167,7х4=670,8 мВт барқ истеҳсол мекунад, ки миқдори он аз миқдори бо формулаи навтаъсис барпокарда 6576:670,8 =9,8 маротиб кам истеҳсол мегардад.
Талаб карда мешавад, ки иқтидори генераторҳоро дар асоси формулаи напор барҳам дода, (генератор бо 10% аз иқтидори умумӣ барқ истеҳсол мекунад) иқтидори генераторҳоро танҳо бо ёрдами формулаи навтаъсис ба роҳ монда, ба 9,8 маротиб зиёд истеҳсол кардани қувваи барқ муяссар шавем.
Яъне, генератори барқистеҳсолкунанда, ки дар асоси формулаи навтаъсис омода шудааст, оби воридмешуда ва баландии обфурои дар агрегатбударо дигаргун насохта, 9,8 маротиба зиёд барқ истеҳсол мекунад. Ҳамин тавр, ҳамаи неругоҳҳо бо истифода бо ин усул метавонанд 9,8 маротиба зиёд барқ истеҳсол кунанд.
Муаллиф дар мактубҳои худ барои дар амал татбиқ намудани формулаи тозаэҷодаш навиштааст:
– Ба масъулон бо илтимос муроҷиат мекунам, ки барои камхарҷ гузарондани санҷиш як агрегат аз неругоҳҳои хурди дорои иқтидори 3-5 мВт-ро ба ихтиёр гирифта, Q – миқдори оби воридмешуда, Н – баландии обфуро ва ККФ дар агрегатбудаҳоро ба формулаи навтаъсис N= (Qx9.81xHxt)x9,8 кВт шинонда, иқтидори ҳақиқии генераторро аниқ кунанд ва генераторро бо иқтидори аниқкардашуда дар завод сохта, роторро ба иқтидори генератори мазкур мутобиқ карда, аз нав созанд ва турбогенератор, генератор ва роторро бо таври лозимӣ давр занонда метавонад аз нав сохта шавад. Агар таҷҳизотҳоро ба агрегат шинонда, неругоҳро аз нав ба кор дарорем, бовар дорам, ки генератор 9,8 маротиба зиёд барқ истеҳсол мекунад.
Озодқул МАМАТҚУЛОВ,
сокини шаҳри Истаравшан