Баргашт Чоп кардан

САҲМИ ПРОФЕССОР ҶУМЪАБОЙ САНГИНОВ ДАР РУШДИ ОНКОЛОГИЯИ ТОҶИК


Пешгирӣ, ташхиси бармаҳал, табобати босамар ва паст кардани фавти беморони омосҳои бадсифат самти афзалиятноки фаъолияти низоми тандурустӣ дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, эътироф шудааст. Дар ин росто, ҳастанд пизишкони номвару пурталош, ки тандурустии миллати моро баробар ба тандурустии хеш медонанд ва ҳама донишу малакаи хешро дар рушди тибби тоҷик сарф кардаанд. Яке аз чеҳраҳои барҷастаи соҳаи онкологияи кишвар, ки нақши муассир дар идоракунӣ, рушди инфрасохтор, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи онкологияи клиникӣ дорад, доктори илмҳои тиб, профессор Ҷумъабой Сангинов мебошад.
Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1974), фаъолиятро ҳамчун духтур-интерни клиникӣ ва духтур-ҷарроҳи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ оғоз бахшид. Бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар беморхонаи маркази ноҳияи Мастчоҳ кор кард. Дар ин муддат чор моҳ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Қазоқистон бозомӯзии ҷарроҳиро анҷом дод.
Солҳои 1980-1982 ординатураи клиникии кафедраи ҷарроҳии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуд. Пас он ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1 ба кор даъват карданд. Соле ҷарроҳ ва баъд ҳамчун мудири шуъбаи ҷарроҳии торакоабдоминалии Беморхонаи мазкур (1982-1985) фаъолият дошт. Дар ин давра зери роҳбарии академик Н. У. Усмонов як силсила амалиёти ҷарроҳии навро ба амал татбиқ намуд.
Муддате сардори шуъбаи кадрҳо ва муассисаҳои таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳам буд. Дар соли 1987 сардухтури диспансери ҷумҳуриявии онкологӣ таъин шуд. Бо ташаббусҳои роҳбари нав ва ҳамкории судманди ӯ бо масъулон ва олимони соҳа кори муассисаи мазкур ба эътидол омад. Дар замони авҷи нооромиҳо дар кишвар, аз соли 1991 то соли 1996 Ҷумъабой Сангинов сардори раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд. Дар он шароити мураккаб ислоҳоти соҳаи тандурустӣ вобаста ба шабакаҳои сатҳи гуногуни тиббӣ хеле зарур буд. Ин аст, ки масъулияти зиёд ба уҳдаи раёсати тандурурстии шаҳр вогузор мегардид.
Соли 1997 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар мавзуи “Меланома анального канала” рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Номбурда соли 2000-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ду маротиба (солҳои 2005-2010) ба ин мақом интихоб шуда, ҳамзамон, муовини раисии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва занон (2000-2005) ва раисии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро (2001-2011) бар дӯш дошт. Ба ҳайси вакили парлумон муаллифи 12 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои гуногуни ҳифзи саломатии аҳолист. Бо масъулияти баланд ва донишҳои мукаммал дар баҳсҳои сиёсии минбарҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок мекард. Соли 2002 рисолаи докториро дар мавзуи “Рак кожи. Особенности клиники, диагностики и лечения” дифоъ намуд.
Устод Ҷумъабой Сангинов марди амал аст. Вақте ба ҳалли масъалае мепардозад, ҳатман онро ба поён мерасонад ва суде аз он мебардорад. Ин қатъият ва талоши пайвастаашро ба инобат гирифта, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 ӯро муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин намуданд. Дар ин вазифа то соли 2015 фаъолият бурда, дар мафкурасозӣ дар ҷомеа, танзими фаъолияти муассисаҳои динӣ, таҳкими тарбияи ҷавонон, фаъолияти босамари муассисаҳои тандурустии вилоят корҳои муассирро анҷом дод.
Мавсуф узви Ассотсиатсияи директорони пажӯҳишгоҳҳои онкология ва радиологияи давлатҳои ИДМ ва Авруосиё, Ҷамъияти амрикоии омосшиносони клиникӣ (ASCO), Ҷамъияти аврупоии омосшиносони тиббӣ (ESМO), Иттиҳоди ҷаҳонии назорати саратон (UIСС) ва Ҷамъияти омосшиносони клиникии Россия мебошад.
Силсилаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимиву интишории Ҷ.Р.Сангинов дар самтҳои зерин амалӣ гаштанд:
1. Ҷарроҳиҳои реконструктивию пластикӣ дар табобати саратони узвҳои сару гардан; 2. Технологияҳои инноватсионӣ дар ташхис ва табобати омосҳои сахти (солидные опухоли) узвҳои гуногун.
2.1 Ташхиси комплексӣ (маҷмуӣ) ва табобати фардии (персоналӣ) саратони масона (СМ).
2.2 Оптимизатсияи ташхис ва усули нави табобати саратони мавқеи гепатобилиарӣ (ҷигар ва маҷрои талхарав).
2.3. Оптимизатсияи раванди ташхис ва табобати саратони ҷигар (гепатотселюлярӣ).
3. Муайянсозии ситокинҳо ва пешгӯйии раванди бемории саратони ғадуди сипаршакл (СҒС).
4. Омӯзиши фарогири гирифторшавӣ, сабабҳои пайдоиш, зуҳуроти клиникӣ, усулҳои ташхис, табобат ва пешгирии саратони шуш.
Яке аз монографияҳои устод Сангинов дар нашриёти Олмон – “Lambert Асаdemic Publishing” ба шаш забони машҳури миллатҳои Аврупо (олмонӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ, испанӣ, португалӣ ва русӣ) ба чоп расида, дар махзани электронии ин нашриёт маҳфуз аст. Мақолаҳояш дар маҷаллаҳои илмии Россия, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба чоп расидаанд. Дар конфронс ва анҷуманҳои илмӣ дар шаҳрҳои Москва, Минск, Боку, Алмаато, Бишкек, Тошканд, Сочи, Қазон, Санкт-Петербург, Вена, Барселона, Мелбурн, Сеул, Теҳрон, Бангкок, Будапешт, Бостон (ИМА) бо маърузаҳои вижаи соҳавӣ иштирок кардааст.
Ин рисола дар асоси мушоҳидаҳои клиникии 169 бемор бо саратони мавқеаш паҳнгаштаи сару гардан (152 бемор - 89,9%) усулҳои беҳсозии натиҷаҳои онкологӣ, функсионалӣ ва косметикии пас аз ҷарроҳиҳои ин мавқеъро мавриди таҳқиқот қарор додааст. Ба ҳамаи беморон табобати комбиникӣ ва комплексӣ гузаронда шуда, параметрҳои сифати ҳаёти беморон пеш аз ва баъди табобат тибқи ҷадвали Карновский, ҷадвали 5-холаи ECOG ва пурсиши беморон бо истифодаи саволномаи EORTC QLQ-H&N-35 арзёбӣ гардидаанд.
Исбот шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи усули ҷарроҳӣ дар ин беморон ба мақсад мувофиқ буда, натиҷаҳои хубтар медиҳад. Ҷарроҳиҳои вориднамудаи тармимию барқарорсозӣ ба беҳтар шудани сифати ҳаёти беморони гурӯҳи асосии таҳқиқот дар 63,9% ҳолатҳо мусоидат намудаанд. Зиндамонии мушоҳидавии 1, 3, 5 - сола мутаносибан дар гурӯҳи асосӣ беҳтар шудааст. Натиҷаҳои бадастомада бо нишондиҳандаҳои марказҳои омосшиносии кишварҳои гуногун дар қиёс баҳогузорӣ шудаанд.
Рисолаи дигари Ҷумъабой Сангинов “Рак легкого” (“Саратони шуш”) бо назардошти масъалаи калидӣ будани ин мавзуъ дар омосшиносии имрӯза мавқеи устувор дорад. Муаллиф аз ҷиҳати гирифторшавии баланди аҳолӣ дар бештари давлатҳо ва тамоюли устувори афзоиши беморӣ, инчунин, фавти баланд аз ин беморӣ ҳама паҳлуҳои ин муамморо мавриди таҳқиқоти фарогир қарор додааст. Дар рисола махсус таъкид мешавад, ки дар Тоҷикистон гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ на он қадар баланд буда, новобаста ба ин, бештари беморон бо марҳалаҳои ниҳоӣ (III-IV) муроҷиат мекунанд ва ин боиси табобати камсамар ва фавти баланди онҳо мешавад.
Бори аввал ин асар дар фазои илмию амалии тибби муосир ҳама паҳлуҳои бемориро дар асоси дастовардҳои муосири омосшиносӣ аз нигоҳи қиёс зикр ва баҳогузорӣ кардааст. Омилҳои асосии хавфи гирифторшавӣ ба ин беморӣ, занҷираи ҷараёни инкишофи (патогенез) дар Тоҷикистон муайян гардид. Хеле дақиқ ба нақши тамокукашӣ, таъсири муҳити зист ва омилҳои касбӣ, омилҳои кимиёвӣ ва ирсӣ, инчунин, ҳолати масуният ишора мешавад. Аз лиҳози дастовардҳои муосири ташхисҳои абзорӣ ва молекулярӣ-генетикӣ имконияти сари вақт муайян кардани намудҳои гистологӣ ва молекулярии беморӣ ва интихоби табобати инфиродӣ дар марҳалаҳои гуногуни беморӣ дар асар нишон дода шудааст.
Роҳҳои самараноки табобати саратони шуш бо истифода аз маҷмуи усулҳои инноватсионӣ: ҷарроҳӣ, кимиёдармонӣ, нурдармонӣ, терапияи нишонрас (таргетӣ) ва иммунотерапия баррасӣ шуданд. Натиҷаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати табобат, сатҳи зиндамонии 1-сола, 3-сола ва 5-сола, инчунин, басомади азнавсабзӣ (рецидив) ва метастаздиҳии омосҳо таҳлил гардиданд.
Пажӯҳишгари номвар Ҷумъабой Сангинов интихоби дурусти стратегия ва пайдарпайии усулҳои табобат бо назардошти марҳалаи беморӣ, ҳолати умумии бемор ва хусусиятҳои молекулавӣ-биологии омосро асоси беҳтар шудани сифати ҳаёт ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои зиндамонӣ арзёбӣ кардааст.
Рисолаи таъсиргузору фарогири дигари ӯ “Рак мочевого пузыря”(“Саратони масона”) аввалин асари илмист, ки ба яке аз бемориҳои омосҳои бадсифати узвҳои системаи пешоббарор – ба саратони масона бахшида шудааст. Арзиши воқеии ин асар дар баҳамоии ҳама бахшҳои сабтшуда бо таҳлили дақиқ ва фарогири илмӣ ва таҷрибаи андӯхтаи онкоурологҳои ватанӣ алоқамандӣ дорад.
Дар рисола гирифторшавӣ ба ин беморӣ, фавт аз он, басомади азнавсабзӣ ва зиндамонии 3, 5, 10-сола, ки муҳимтарин нишондиҳандаҳои паҳншавӣ ва натиҷаи табобати босамар мебошанд, дар қиёс бо давлатҳои хориҷи дур ва ИДМ таҳлили амиқ ёфтаанд. Қобили зикр аст, ки дар ҳар як боби асар манбаъҳои зиёди илмӣ (русӣ, англисӣ) оварда шудаанд, ки дар таҳияи рисолаҳои тибби ватанӣ таҷрибаи мақсаднок ва боиси таҳсин ба ҳисоб меравад.
Дар байни мақолаҳои зиёди устод Сангинов нуҳ мақола ба масъалаҳои ташхис ва табобати омосҳои бадсифати сару гардан (саратон, меланома) бахшида шуда, бисёр паҳлуҳо ва натиҷаҳои корҳои илмию амалии олимон ва мутахассисони ватаниро дар бар мегирад. Дар онҳо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар ташхис ва табобат, инчунин, бартарияти усулҳои гуногуни табобат вобаста ба натиҷаҳои ниҳоӣ – оризаҳои баъдиҷарроҳӣ, азнавсабзӣ, паҳншавии дур ва зиндамонии 3-5-сола ҳамчун навгонии илмӣ ва дастовард асоснок шудааст.
Ҳафт мақолаи дигари муаллиф навгониҳоро дар ташхис ва табобати омоси ҷигар ва омоси маҷрои талхарави проксималӣ (омоси Клатскин) фаро мегирад. Бояд гуфт, ки зери роҳбарии Сангинов дар амалияи ҷарроҳии омоси Клатскин аввалин бор дар омосшиносии клиникӣ усули криодеструксия (истифодаи нитрогени моеи сардии -180ОС)-ро татбиқ ва натиҷабардорӣ карда шуд.
Дар шаш мақола масъалаҳои муҳимтарини омосшиносӣ, ки ба пешгирӣ ва дарёфти бармаҳалу тавонбахшии беморони омосҳои бадсифат алоқаманданд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, масъалаҳои маърифати тиббии аҳолӣ ҳамчун ҷузъи ҳалкунандаи пешгирӣ, скрининги бемориҳо ҳамчун омили калидии дарёфти бармаҳал, реабилитатсия, ки нақши босазоро дар таъмини сафати ҳаёти беморон дорад, мағзу муҳтавои навиштаҳои ӯст. Ва ниҳоят моҳияти пажӯҳишҳои илмӣ дар рушди омосшиносони муосир ва ҳолати кунунии Хадамоти онкологии ҷумҳурӣ аз лиҳози таъмини имкониятҳои баробару босифати ташхису табобати бемориҳои омосҳои бадсифат низ бо вусъат ва системанок таҳқиқу баррасӣ шудаанд.
Силсилаи корҳои илмии устод аз нигоҳи илмӣ ва амалӣ дорои аҳамияти шоиста буда, барои муаррифии ин соҳаи калидии миллат берун аз ҳудуди кишвар низ саҳмгузор аст. Талоши аслии пажӯҳишгари номошно Ҷумъабой Сангинов пурзӯр кардани пешгирӣ ва назорати омосҳои бадсифат аст. Пазируфта шудани Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 - 2029 нишон медиҳад, ки ҷустуҷӯ ва дастовардҳои илмии сазовори Ҷумъабой Сангинов беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад ва идомаи пурсамару пайваста мехоҳад.
Ин аст, ки Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино силсилаи корҳои зикршударо, ки дар мавзуи “Беҳсозии пешгирӣ, ташхис ва табобати омосҳои бадсифат” ба ҳам омадаанд, барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шоиста медонад.


Ғиёсуддин МЕЪРОҶОВ,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
Самеъ РАСУЛОВ,
доктори илмҳои тиб, профессор