Баргашт Чоп кардан

ЯК ИҚДОМИ ИБРАТОМӮЗ. БАРДОШТ АЗ ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ БО ДОНИШҶӮЁН


Дар Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо донишҷӯёни зодагони ин ноҳия, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил доранд, мулоқот намуд.
Ҳадафи баргузории ин вохӯрӣ шиносоии бевосита бо раванди таҳсил, шароити зист ва фаъолияти донишҷӯён буд. Зимни суханронӣ раиси ноҳия аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, зикр намуд, ки илму дониш омили калидии пешрафти ҷомеа мебошад. Танҳо тавассути аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва соҳиб шудан ба касбу ҳунар ҷавонон метавонанд дар рушди устувори кишвар саҳми назаррас гузоранд. Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки шароити ҷаҳони муосир аз ҳар як ҷавон талаб мекунад, ки сатҳи донишу маҳорати худро пайваста такмил диҳад.
Муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода таъкид дошт, ки роҳбарияти вилоят ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, рушду камолоти ҷавонон ва дастгирии қобилиятҳои онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш зимни суханронӣ бо андешаҳои пурмазмун аз аҳамияти илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ёдовар шуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва рушди маънавӣ раҳнамоӣ кард.
Дар навбати худ донишҷӯён низ андешаҳои худро иброз дошта, зикр карданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар, бо ҷиддият таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар рушди давлат саҳм мегузоранд ва пайрави сиёсати Пешвои миллат хоҳанд буд.


РӮНАМОИИ КИТОБИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ДАР ҲИНДУСТОН
Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи исломии Алигарҳи Ҳиндустон таҳти унвони «Чолишҳо ва равандҳои адабии форсӣ дар қарни нуздаҳуми милодӣ дар Ҳинд ва Эрон» Ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ баргузор кард. Дар он донишмандону муҳаққиқони шинохта аз кишварҳои гуногун иштирок доштанд.
Дар ҷаласа китоби нави профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорӣ таҳти унвони «Ҷусторҳо дар адабиёти Ҳинди бостон» (Алигарҳ, 2026, 298 саҳ.) рӯнамоӣ шуд.
Асари мазкур китоби шашуми муҳаққиқ ба шумор рафта, дар Ҳиндустон бо хатти форсӣ ба нашр расидааст. Дар он равандҳои ташаккул ва таҳаввули адабиёти форсии Ҳинд, хусусиятҳои мактаби маъруфи Ҳинди бостон ва пайвандҳои густурдаи адабию фарҳангии миёни Ҳинд ва Эрон бо диди илмӣ ва таҳлилӣ баррасӣ шудаанд.
Китоб бо забони равон ва сабки илмии мукаммал таҳия гардида, аҳли илму адабро ба дарки амиқтари равандҳои адабӣ раҳнамун месозад. Нашри он дар хориҷ аз кишвар далели эътирофи байналмилалии дастовардҳои илми тоҷик буда, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мероси адабии миллӣ нақши муассир мегузорад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”


РОҒУН. ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲР
Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун дар рӯзҳои наврӯзӣ ба ҳашар баромада, каналу ҷӯйборҳоро тоза карда, дар маркази шаҳр гулҳои рангоранги баҳорӣ ва дар се ҷамоати шаҳраку деҳот ва НБО “Роғун” ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, арчаҳои ҳамешасабзи ороишӣ шинонданд.
Дар маркази шаҳр сад бех арча, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот панҷсад арча ва 20 ҳазор бех ниҳоли сояафкан шинонда шуда, дар майдони се гектар ба ҷойи боғи куҳна боғи нав бунёд гардид. Шуъба тасмим гирифтааст, ки имсол 80 ҳазор ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва садҳо арча мешинонад.
Алҳол дар ҳудуди шаҳр барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ ва сабзазоркунӣ вусъати хосса пайдо кардаанд.
Ҳоким САФАР, шаҳри Роғун