Баргашт Чоп кардан

ОРИЁШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”

Шинохт ва эътирофу эътимоди миллат ҳамчун этнос аз сатҳи муаррифии таъриху тамаддун ва осори ниёгони он маншаъ мегирад. Дар замони гуфтугӯ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳамон миллате ҷойгоҳашро устувору давлатдориашро таҳким мебахшад, ки худ арҷгузор ба таъриху тамаддуни хеш бошад. Имрӯз ба таври ошкоро аз худ кардани арзишҳои таърихии халқҳои алоҳида ба таври барҷаста ба назар мерасад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе халқҳо кӯшиши аз худ кардан ва ё ба қавле рабудани беҳтарин арзишҳои маданияти моддӣ ва маънавии тоҷиконро доранд. Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки мо – қишри зиёии ҷомеа, ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани онҳо ба ҷаҳониён ва таҳкими асолати миллии насли наврас талош намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навини хеш дар радифи инъикоси дастовардҳо, бори дигар шаҳодат аз кӯшишҳо барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихи ниёгони тоҷикон медиҳад. Дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, махсусан шинохти таърихи миллат ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани он ба насли наврасу ҷавон ва ҷаҳониён, қарор гирифтааст.
Яке аз нуктаҳои меҳварии масъалаи муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мебошад.
Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар маркази Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб ёфтани мо, тоҷикон, мебошад. Ташкили чунин марказҳо имкон медиҳад, ки бори дигар ва ба таври шоиста миллати тоҷик ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад. Ин ташаббуси Пешвои арҷгузори миллати тоҷик имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳтарин садди роҳи аз худ намудани арзишҳои тамаддуни ниёгонамон аз ҷониби бегонагон шавем.
Бояд таъкид ва хотирнишон сохт, ки то ин давра барои шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои гаронқимат таълиф гардиданд. Махсусан, осори бунёдие монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» навишта шуданд, ки масъалаҳои меҳварии таърихи тамаддуни ориёӣ дар онҳо баррасӣ мешаванд.
Президенти мамлакат бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти таъсири таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёна дар сарнавишти ниёкони мо ба омӯзишу баррасии ин марҳалаи таърихӣ рӯ оварданд. Махсусан, баррасии масоили таърихи ақвоми ориёӣ дар Осиёи Марказӣ, монанди хостгоҳ, асли баромад ва таркиби этникӣ, муҳоҷирати ориёиҳо, шуғл, ҳудуди сукунат, меросбарони ориёиҳо, умумият ва тафовути зисти қавмҳои ориёӣ бар асоси таҳқиқоти бостоншиносӣ, мадорики забоншиносӣ, ҳамчунин, ҷойгоҳи ориёиҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ, таҳлилу баррасии эътиқод ва оинҳои динии ориёиҳо ба монанди меҳрпарастӣ ва зурвония, таъсири ин афкор дар дигар минтақаҳо, муштаракоти адёни бостонии ориёиҳо бо мардумони ҳамсоя, таъсири дину оини ориёиҳо бар афкори дигар ақвом.
Таҳқиқу баррасии масъалаи давлатдории сулолаҳои ориёӣ дар мисоли Ҳахоманишиён, Порт ва Кӯшониён. Дар осори Пешвои миллат раванди зуҳур ва таҳкими оини давлатдории ориёиҳои ғарбӣ ва шарқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Пешвои миллат дар радифи дигар марҳалаҳои давлатдории ниёкони тоҷикон доир ба се империяи ҷаҳонии ориёиҳо – Ҳахоманишиён, Порт ва Кӯшониён бо таваҷҷуҳ ба мавқеъ ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ андешаҳои худро баён намудаанд. Маҳз дар замони вуҷуди ин се империя фарҳанги тамаддунофари ниёкони мо аз лиҳози таъсир бар расму оини дигар ақвом шуҳрат ёфт.
Таҳлилу баррасии нақши давлатҳои Сосониёну Ҳайтолиён дар таърихи тоҷикон ва тамаддуни башарӣ. Пешвои миллат дар асоси манобеи таърихӣ доир ба шаҷараи Сосониёну Ҳайтолиён, мансубияти онҳо ба ориёиҳо, низоми давлатдорӣ, фарҳангу тамаддун, ҳудуди ҷуғрофӣ, сиёсати хориҷӣ маълумоти арзишманд пешниҳод намудаанд. Махсусан, масъалаи асли баромади Ҳайтолиён, ки хеле вақт боз баҳснок аст, дар осори ӯ шарҳу тавзеҳ ёфтааст.
Дар радифи таълифи осори таърихӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва дар ин замина, муаррифии тоҷикон ба унвони халқи тамаддунофарин дар арсаи ҷаҳонӣ корҳои зиёд анҷом доданд. Махсусан, эълони Соли тамаддуни ориёӣ (2006), мавқеи ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯз, эҳёи ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи муаррифии таъриху тамаддуни мардуми тоҷик аст. Ҷашнҳои мазкур миллати тоҷикро бо дарки амиқи ҳақиқати гузашта, дар вазъияти таҳаввулоти ихтилофбарангези замон метавонад мардумро дар бистари худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳамбастагии миллӣ нигоҳ дорад.
Дар хусуси масоили мубрами таърихи халқи тоҷик – аз ташаккули ақвоми ориёӣ то Сомониён муҳаққиқони зиёди ватанию хориҷӣ бар асоси консепсияҳои мухталиф пажӯҳиши илмӣ анҷом додаанд. Аммо мусаллам аст, ки то пажӯҳиши ин олимон навиштаҳои зиёди катибаҳо ва сиккаҳо ба унвони маъхази омӯзиши мавзуи таҳқиқотии мо барои аксар ношинос буданд. Хидмати муҳаққиқон дар он аст, ки дар натиҷаи пажӯҳишу омӯзиши чунин сарчашмаҳо масъалаҳои мухталифи таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёнаи халқи тоҷикро рӯшан намудаанд.
Аз ин бармеояд, ки дар осори Пешвои миллат омӯзиши таърихи тамаддуни ориёӣ то рӯзгори Сомониён бар асоси консепсияи нав, яъне бо таваҷҷуҳ ба решаёбии манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги ниёкон роҳандозӣ шудааст. Албатта, ин консепсия аз доираи идеологияи табақотӣ берун рафта, ба шавоҳиди манобеи таърихӣ ва осори мустанади олимони дохилию хориҷӣ арҷ мегузорад. Дар осори Пешвои миллат бори аввал аз консепсияе истифода шуд, ки асоси онро методи муқоисавӣ ва таҳлилӣ ташкил медиҳад. Дар ин гуна осор ҳаводиси таърихӣ бо таваҷҷуҳ ба воқеияти дирӯзу имрӯз таҳлилу баррасӣ мешавад, ки дарки моҳияти он барои хонанда фаҳмо мебошад.
Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки дар шароити истиқлоли давлатӣ осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи хубе баҳри рушди илми таърихи ватанӣ гузошт.
Мутахассисони соҳаро мебояд, ки пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати омӯзиши масъалаҳои мубрами таъриху тамаддуни аҷдоди тоҷикон ба инобат гирифта, дар рӯшан намудани ин марҳалаи сарнавиштсози таърихӣ таҳқиқоти ҷадидро роҳандозӣ намоянд. Махсусан, саҳифаҳои норӯшан ва баҳсангези таърихи аҳди бостон, ки марбут ба ақвоми ориёитабор мебошад, ҳалли масъалаҳоро боз ҳам печидатар сохтааст. Аз ин рӯ, дар замони муосир муҳаққиқонро мебояд, ки аз диду назари нави ба принсипҳои таҳқиқоти илмӣ ҷавобгӯ такя намуда, масъалаҳои марбутаро роҷеъ ба таъриху тамаддун ва давлатдории ориёиҳо на аз рӯйи ба инобат гирифтани бартариятҳои ирқӣ ва нажодӣ, балки аз рӯйи методҳои таҳқиқоти илмӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ карор диҳанд.
Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар мебошад.
Ин марказҳо саҳми тоҷиконро дар ташаккул ва рушди тамаддуни минтақаву ҷаҳон ба таври шоиста инъикос намуда, таваҷҷуҳи миллионҳо ҳаводорони таъриху тамаддуни моро ба худ ҷалб месозанд. Акнун моро зарур аст, ки барои дар амал татбиқ гаштани ин ташаббус неруи зеҳнии худро самаранок ва шоиста ба кор барем, то наслҳои ояндаи мо аз тоҷик будани худ шарафманду сарбаланд бошанд. Марказҳои мазкур, ҳамчунин, соҳаи сайёҳии кишварро рушд бахшида, имкон медиҳанд, ки миллионҳо сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ворид шуда, дар радифи муаррифии таърихи миллат заминаи рушди устувори иқтисоди кишвар гузошта шавад.


Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон