Чанде қабл бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир гардид.
Пеш аз оғози Форум иштирокдорон, ки аз ҳисоби занон – дипломатҳои ҳавзаи Наврӯз аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ходимони илм, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ буданд, намоишгоҳи идонаро тамошо намуда, бо раванди пухтани суманак шинос шуданд.
Зулфия Давлатзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт: “Наврӯз барои миллати орёитабор на танҳо ҷашн, балки анъанаи пурғановат, мероси гаронбаҳои ниёгон ва рамзи пайванди наслҳо мебошад. Ин Ҷашни фархунда моро ба покӣ, созандагӣ, меҳнатдӯстӣ ва умед ба ояндаи дурахшон раҳнамун месозад. Дар замони истиқлоли давлатӣ Наврӯз ба падидаи муҳими фарҳангӣ табдил ёфта, ҳар сол дар мамлакат чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва боло бурдани ҳисси ифтихор аз Ватан мусоидат мекунанд”.
Ҳамзамон, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, изҳор намуд, ки Наврӯзи байналмилалӣ ҷашни пурнуру рамзи навсозӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди наслҳост. Занон дар ҳамаи давру замон дар чунин ҷашнҳои миллӣ нигаҳдорандагони анъанаҳо, фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ ба ҳисоб мераванд.
– Соли 2025 дар Тоҷикистон таҳти унвони «Наврӯз – ҷашни ваҳдати занон» Форуми занон бомуваффақият доир шуд. Ин ҳамоиш ба минбари муҳими таҳкими ҳамбастагӣ, табодули таҷриба ва пешбурди ташаббусҳо дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа табдил ёфт. Форуми имрӯза идомаи шоистаи ҳамин анъана мебошад. Итминон дорам, ки он манбаи андешаҳои тоза, илҳом ва тарҳҳои муштараке хоҳад гардид, ки ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа мусоидат мекунад, – афзуд Бунафша Файзиддинзода.
Бояд гуфт, ки дар Форум мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла саҳми занон дар эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, нақши оила дар нигоҳдории расму оинҳои наврӯзӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси ғайримоддӣ баррасӣ гардиданд.
Тазаккур бояд дод, ки чунин форумҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, таҳкими ҳамгироии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ва арҷгузорӣ ба саҳми занон дар рушди ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”