Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила чанде пеш дар пойтахти мамлакат таҳти унвони «Амалисозии нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030, дастовардҳо ва дурнамо» мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар ҳамоиш сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, намояндагон аз вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ширкат варзиданд.
Баён гардид, ки истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибихтиёр аввалин Конститутсия қабул ва кафолат дода шуд, ки мардон ва занон баробарҳуқуқ буда, модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Дар ин замина, дар сиёсати давлат баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа мавқеи калидиро гирифта, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарорҳои Ҳукумат оид ба барномаҳои давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016, 2017 – 2022 ва 2023 – 2030 ва ғайраҳо ба тасвиб расиданд, ки дар таъмини кафолатҳои конститутсионӣ нақши муҳим доранд.
Зикр шуд, ки Стратегияи миллӣ барои солҳои 2021 – 2030 ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо, аз ҷумла мавҷудияти қолабӣ оид ба нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, номукаммал будани заминаи қонунгузорӣ, ҳамкории нокифояи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон машғуланд, мавҷудияти мушкилот дар амалисозии ҳуқуқҳои онҳо дар соҳаҳои меҳнат, иқтисод, фарҳанг, сиёсат ва дигар соҳаҳо қабул шудааст.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”