Баргашт Чоп кардан

ДЕҲАҲОИ МО: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ


ДЕҲАҲО, ДЕҲАҲО, ДЕҲАҲО...
Ин калимаи одӣ, вале форам ва пурмаъноро ба забон гирифтан замон дар пеши чашм саҳроҳои васеъ, талу кӯҳсору чарогоҳҳои сабз, киштзорҳои бепоён, боғу роғҳои серфайз, хонаҳои то домани кӯҳҳо ба якдигар часпида, одамони дилкушод, ки офарандаи ризқу рӯзӣ ҳастанд, намоён мегардад. Агар дарёҳои бузург аз вуҷуд доштани селобаи кӯҳӣ, ҷӯйҳо, чашмаю наҳрҳо пурзӯру пуртуғён бошанд, Тоҷикистон бо деҳаҳои хурду калони худ зебо, бузург, тавоно ва пурқудрат аст.
Имрӯзҳо, ки ҳар як лаҳза моро ба сӯйи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ наздик месозад, мехоҳам дар бораи дирӯзу имрӯзи як деҳоти зебоманзара – Кайқубод, ки рӯз ба рӯз рушд ёфта, гул-гул шукуфта, симои Тоҷикистонро дар худ муҷассам гардондааст, чанд сухан гӯям. Деҳоти Кайқубод дар ноҳияи Қубодиён воқеъ аст ва як паҳлуи он ба Ӯзбекистони ҳамсоя пайванд мебошад. Мардуми ин ҷо аз он шоданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти номбурда се бор ташриф оварда, бо мардуми одию заҳматкаш ва зиндагии онҳо шинос шуданд.
Сиву панҷ сол барои таърих муддати дароз нест, вале агар ба ҳаҷми корҳои анҷомёфта баҳо диҳем, ба садсолаҳо рост меояд. Яъне, дар ҳамин давраи кӯтоҳ бо роҳбарии Пешвои миллат ба комёбиҳои бузург ноил гаштем, ки онро бо сангу тарозу чен карда намешавад. Дар ин муддат ҳаёти мардум аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавӣ беҳтар гардида, тарзи зиндагии сокинони деҳа куллан тағйир ёфтааст, ки инро бо сухан баён кардан душвор аст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар мамлакат сулҳ пойдор шуду рӯзҳои сахт аз байн рафтанд. Имрӯз мардум зиндагии осуда доранд. Деҳаҳо ва кӯчаю хиёбонҳо ободу зебо. Деҳоти Кайқубодро имрӯз шинохта намешавад. Мактабу боғчаҳои нав бунёд гаштанд. Роҳе, ки бо маркази ноҳия пайванд мешавад, бо маблағи соҳибкорони саховатманд асфалтпӯш шудааст.
Биёед, дирӯз ва имрӯзи деҳотро як муқоиса карда бинед: дар дастам маълумотномаи омор ҳаст, ба он чашм медавонам. Соли 1990 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Ӯтақара Назаров (Кайқубоди ҳозира) майдони ангурзор ҳамагӣ 5 гектар нишон дода шудааст. Имрӯз ин нишондод садҳо гектарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҳудуди деҳоти мазкур 470 хоҷагии деҳқонӣ амал мекунад. Ангурзори худи як хоҷагии деҳқонии Шамсиддин Эрматов, ки дар замини бекорхобида бунёд ёфтааст, аз 5 гектар зиёд мебошад. Аҷибаш дар он аст, ки ҳамон солҳо ба деҳот аз дигар ноҳияҳо маҳсулоти мевагӣ ва сабзавот меоварданд. Имрӯз бошад, хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсулоти худро ҳатто берун аз ҷумҳурӣ бароварда истодаанд. Деҳқонони деҳа дар гирифтани ҳосили фаровон моҳир шудаанд. Дар заминҳои наздиҳавлигӣ гармхонаҳо бунёд кардаанд, ки дар онҳо парвариши помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироатҳо ба роҳ монда мешавад.
Истиқлолият барои деҳқонони деҳа уфуқҳои навро кушод. Муносибат ба истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, ки пештар аз эътибор дур буд, низ тағйир ёфт. Имрӯз сокинони деҳот дар назди ҳавлии худ муъҷизаҳои бемисл офарида истодаанд, ки сазовори таҳсин аст. Дар заминҳои аз ҳосил холигашта зуд зироати дигар корида мешавад. Боғдорӣ низ рушд карда, ба манбаи даромад табдил ёфтааст.
Дар деҳот заминҳои навкорам зиёд шуданд. Аҳолӣ доманаи кӯҳро, ки заминҳои санглох буд, аз худ карда, ба воситаи насосҳо об бароварда, ба майдони кишт табдил доданд ва аз ин заминҳо ҳосили фаровон рӯёнда, даромади дилхоҳ ба даст меоранд. Тарбузу харбуза, анору ангур, зардолую бодом, себу шафтолу имрӯз дастархони мардумро зеб дода истодааст.
Дар деҳоти Кайқубод тоҷикону ӯзбекон аз азал ҳампаҳлуянд, дар саҳро, соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат, илму маърифат аҳлона кор мекунанд. Дар хонадони тоҷик аруси ӯзбек ва дар хонадони ӯзбек аруси тоҷикро дидан амали муқаррарист. Бо ду забон ҳарф мезананд. Ба гуфтаи шоири ширинзабон Боқӣ Раҳимзода: «Тоҷику ӯзбек дугонике ҳастанд, ки онҳоро фарқ кардан душвор аст». Агар диққат диҳед, мақолҳои халқӣ, латифаҳо ва ривоятҳо дар ду забон дар як қолаб истифода мешаванд. Бисёрии онҳо ба тарҷума зарурат надоранд. Дар давоми суҳбат ӯзбекон аз мақолҳои тоҷикӣ истифода мебаранд, тоҷикҳо аз мақолҳои ӯзбекӣ мисолҳо меоранд, ки ин ба як одати урфӣ табдил ёфтааст.
Дар байни ин ду халқ ҳазлу мутойиба бо самимият, ҳурмату эҳтиром нисбат ба якдигар сурат мегиранд. Аҷиб он аст, ки ӯзбекҳо ҳангоми дидор бо дӯстони тоҷики худ саъй мекунанд бо забони тоҷикӣ ҳарф бизананд.
Имрӯз ҳама шукр мекунем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳ барқарор шуду рӯзҳои сахт аз байн рафтанд. Мардум зиндагии осуда дорад. Имрӯз аз хонаҳои хароб, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ сӯхта валангор гашта буданд, ному нишон намондааст. Ба ҷойи биноҳои лойӣ хонаҳои намунавӣ, иморатҳои навбунёд қомат афрохтаанд. Барои зист шароити хубу бароҳат муҳайё гаштааст. Қариб дар ҳар як хонадон мошинҳои сабукравро дидан мумкин. Дар маркази деҳот иншооти варзишӣ, китобхона, корхонаҳои маишӣ, беморхона, ҳаммому сартарошхона бунёд ёфтаанд. Деҳот аз шаҳр кам фарқ мекунад.
«Раҳмат ба Президент», – мегӯянд пироне, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондаанд. – Ӯ ба мамлакат сулҳ овард. Гуреза будем, ба деҳаи худ баргаштем. Тухми зӯровариву адоват решакан шуд. Ба ҷойи садоҳои тиру туфанг, гиряву нола, дӯғу дарангу таҳлукаҳо сурудҳои фораму дилнишин, аллаҳои модарони хушбахт садо медиҳанд, чеҳраҳо хандон. Аз чашмон оби дида не, нуру зиё меборад, ғаму андуҳ не, шодию хурсандӣ, нисбат ба ҷанг нафрату ба рӯзҳои нек ташнагӣ ҳувайдост, дар вуҷуд шаббодаи форам медавад. Ба ҷойи ноумедию нобовариҳо гулҳои умед ва боварӣ рӯйида истодаанд. Як вақтҳо гушнаю ташна бошему сулҳ шавад, оромӣ бошад, мегуфтем. Шукр мекунем, ки ин орзуи деринаи мо амалӣ гашт ва имрӯз серию пурию фаровонист. Шояд, барои ҷавонони имрӯза ин гуфтаҳои ман афсона барин тобад, вале ин ҳақиқат аст. Барои ин, хидматҳои беназири наҷотбахши Сарвари давлатамонро набояд фаромӯш созем…
Яке аз хидматҳои бузурги Ҷаноби Олӣ низ дар он аст, ки оташи ҷанги бародаркуширо на бо хунрезӣ, балки ба воситаи оштӣ хомӯш намуданд, ки ин дар таърихи ҷаҳон ҳодисаи нодир буд ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
– Дар пеш Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст, – мегӯяд раиси Ҷамоати деҳоти Кайқубод Нурмуҳаммад Юсупов, – ин неъмати бузурги маънавиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доштан, якдилию ягонагиро аз даст надодан, ба доми бозиҳои сиёсӣ, иғвогарон наафтида, чашмаи мусаффои дӯстии тоҷику ӯзбекро, ки сарчашмаи он аз дуриҳои таърих неру мегирад, ба наслҳои оянда мусаффо расондан, халқҳои аз азал хешу ақрабобударо боз ҳам наздиктар кардан, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Ҷамоати деҳоти Кайқубод чандин сол ҳаст, ки дар озмуни "Беҳтарин деҳот" иштирок намуда, на танҳо дар ноҳия, балки дар вилоят ва ҷумҳурӣ низ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Маҳз барои ҳамин ба раиси Ҷамоат, ки бисту панҷ сол боз сарвари ҳамин деҳот ҳаст, аз дасти мубораки Пешвои миллат гирифтани медали Хизмати шоиста муяссар гаштааст.
Ҳоло дар ин ҷо барои шоиста пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои бузург ба анҷом расида истодаанд. Кӯдакистони дуошёна барои 135 кас, ки хишти аввалинаш ду сол пештар бо дастони мубораки Ҷаноби Олӣ гузошта шуда буд, дар арафаи кушодашавӣ қарор дорад. Ин бино бо маблағи соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев сохта мешавад, ки шоёни таъриф аст. Тибқи нақшаи Ҷамоати деҳот, барои арзанда пешвоз гирифтани ин Ҷашни муборак сохтмони 32 иншоот дар назар аст ва то имрӯз 26 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Боз ду майдончаи варзишӣ, ду сехи дӯзандагӣ, тарабхона, ҳуҷраи хатна, 27 синфхонаи иловагӣ, се дорухона, ду филиали “Амонатбонк” дар арафаи ба истифода додан мебошад. Дар ин давра дар деҳот ду пул низ ба истифода дода шуд. Бо роҳи ҳашар зиёда аз даҳ километр роҳ асфалтпӯш гардида, мустаҳкамкунии соҳили Кофарниҳон идома дорад.
Меҳр ба деҳот, муҳаббат ба Ватан аст. Барои ҳамин деҳаи худро дӯст доштан, ба деҳа меҳр бастану рӯй овардан фазилати хуби инсонӣ мебошад.
Дар қатра Офтоб акси худро меёбад, мегӯянд. Мо дар мисоли як деҳот дида метавонем, ки Тоҷикистони азизамон дар даврони истиқлолият чи қадар равнақ ёфтааст.
Оре, ободии деҳа ободии Ватан аст.


Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон