Баргашт Чоп кардан

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ЧОР ПОЙГОҲИ БОСТОНШИНОСӢ БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД
Ба муносибати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имсол дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои Ҳисору Истаравшан ва ноҳияҳои Данғараю Қубодиён пойгоҳҳои бостоншиносӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ду пойгоҳи бостоншиносӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ду пойгоҳ аз ҳисоби соҳибкорон сохта хоҳанд шуд.
Таъсиси ин марказҳо ба таҳкими ҳувияти миллӣ тавассути омӯзиши амиқи асли миллати тоҷик, ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамзамон, татбиқ ва риояи ҳатмии қонунгузории соҳавӣ равона гардидааст.


«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти чунин унвон аз 2 то 9-уми апрели соли равон дар кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар додааст.
Дар Фестивал намоиши маҳсули дасти кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон, сурат-далел аз ҷараёни баргузории фестивалҳои гузашта, порчаҳо аз намоишҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва намоиши Сирки давлатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонда мешаванд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”