Баргашт Чоп кардан

БОҒБОНИ ЧАҲОРБОҒИ “ШАШМАҚОМ”


Аслан, суруд ниёиш аст. Ромишгарони куҳани ориёӣ сурудро ҳамчун ниёиш иҷро мекарданд, бо суруд розу ниёз мегуфтанд. Корномаҳои қаҳрамононро дар набардҳо бо душманон бо суруд ситоиш мекарданд. Мусиқӣ низ дар майдони корзор бо душман меҷангид, ба ҷанговарон руҳу тавон мебахшид ва баъди ғалаба бар душманон беҳтарин баёнгари ҷашни пирӯзӣ ва базми хусравонӣ суруду мусиқӣ буд. Баъдан сурудҳои размиву базмӣ боз шохаҳои ошиқонаву орифонаро парварданд. Аз ин бахшҳо шоха-шоха сурудҳои чандин соҳа сабз гардид. Яъне, суруду мусиқӣ аз решаву бунёди таърих, аз умқи ҳастии мардум, аз шууру ҷон ва руҳу равони халқ маншаъву сарчашма мегирад, боз ба ҳамон бунёдҳову бунгоҳҳо реша медавонаду шоху панҷа мекашад ва пешакӣ бояд гуфт, ки решаву танаи тамоми ин шохаҳои сершумори суруду мусиқиро “Шашмақом” ташкил додааст.
Ин суханон, ки дар бахши сарчашмаи таърихии суруд нигошта шуданд, ба баракати эҷоду ҳунари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, дотсент, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, роҳбари бадеии Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидзода рӯйи коғаз омаданд.
Бояд мухтасаран гуфт, ки ин оҳангсозу мусиқидон, овозхону мусаннифу мунтақид, як заҳматкаши сарсупурда дар ҷодаи санъати мусиқӣ, хусусан мусиқии “Шашмақом”, аст. Оҳангҳояш дилнишинанд. Имрӯз суруду мусиқӣ мисли бисёр бахшҳои дигари фарҳанг рисолати дигар, шеваи дигаргуна мехоҳанд. Ин рисолату ин шеваро Фурқат Саидзода хуб дарк мекунад. Ин рисолати бунёдкориву созандагист дар шууру идроку дар дилу равонҳо мисли иншоотҳои бузургу роҳҳову сохтмонҳо. Ин ҳунарманд як ранҷкаши сарсупурдаи роҳи суруду мусиқист. Як ҳунарвару як заргари “Шашмақом” аст, аммо бо ин ҳунари волояш қаноат накарда, дар жанрҳои муосир суруд эҷод мекунад, худ овозхон ва навозандаи моҳир аст.
Фурқат Саидзода на танҳо донандаи роз, воқифи асрори ин муъҷизаи мусиқӣ, балки ташвиқгару тарғибгар, нигаҳбону мунодии ин ганҷинаи бебаҳои ниёгон, боғбони чаҳорбоғи “Шашмақом” аст. “Шашмақом”-ро мехонад, менавозад, бо ашъори навин озин мебандад. Муҳимтар аз ҳама, яке аз муҳаққиқони сермаҳсули ин ёдгории беназири ниёгон ба шумор меравад. Решаҳои таърихии “Шашмақом”-ро суроғ менамояд, донандагону хонандагони давраҳои гуногуни ин шоҳасарро ҷустуҷӯ мекунаду меомӯзад, онҳоро ба мардум муаррифӣ менамояд, номашонро зинда медорад. Фурқат Саидзода дар дигар жанрҳои мусиқии тоҷикӣ низ моҳир аст. Шояд аз ҳамин ҷост, ки “Шашмақом”-ро бо унсурҳои ба худ хос, бештар миллӣ, бештар халқӣ ва бештар касбӣ иҷро мекунаду меомӯзонад.
Маҳфилҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ бе иштироки сурудҳои “Шашмақом” сурат намегиранд. Яъне, дар баргузории ҳамаи ҷашнвораҳои бошукӯҳ саҳми “Шашмақом”, саҳми Фурқати Саидзода, саҳми дастаи ҳунарие, ки ӯ роҳбариашро бар уҳда дорад, эҳсос мешавад.
“Шашмақом” мусиқии хусравонист, созу навои шаҳриёрист. Дар ҳама давру замонҳо донандагону хонандагони ин аржанги мусиқӣ сазовори ситоишу гиромидошти аҳли дарбор ва мардуми одӣ буданд. Имрӯз низ, хушбахтона, ин мероси беназири ниёгон, дар даврони истиқлоли давлатии кишварамон соҳиби мақоми баланд гардид. Бо ташаббуси Пешвои миллат ба хотири ҳифзи суннати овозхонии классикии тоҷикон ва тақвияти мактабу ҳунари мақомхонӣ ҳамасола дар кишварамон рӯзи 12-уми май ҳамчун Рӯзи “Шашмақом” таҷлил мегардад. Соли 2000-ум аз ҷониби Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ин шоҳкории бузург дар феҳристи мероси мусиқии ғайримоддӣ ҷой гирифт.
Фурқат Саидзода асарҳои зиёдеро, мисли «Мутриби ишқ» (2016), «Дастури таълимӣ» (2020), «Ворисони Шашмақом» (2024) ва «Сози ватандорӣ» (2024), ки ҳар яке дастури таълимиву омӯзиш барои ҷавонону мухлисон арзёбӣ мегардад, таълиф ва нашр намудааст, ки далели маҳорати касбӣ, садоқату самимият ба суруду мусиқӣ ба шумор мераванд.
Як силсила мақолаҳояш ба суруду мусиқӣ, ба “Шашмақом”, шашмақомдонҳову шашмақомхонҳо ва ҳунармандони бахшҳои дигари мусиқӣ бахшида шудаву умеду орзуҳои муаллифашро нисбати рушду такомули ин жанри мусиқӣ дар оянда фаро гирифтааст. Мақолаҳои мазкур аз ҷониби дигар садоқату самимият ва огоҳии ӯро аз ин ганҷинаи бебаҳои мусиқии классикӣ ошкор мекунад.
Оҳангҳои эҷодкардаи Фурқат Саидзода равону ором, дилнишину хотирбарангезанд. Сурудҳояш ҳам бар ашъори бузургони гузашта, ҳам бар ашъори шоирони муосир асос ёфтаанд. Бо ҳамовозии ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилабарномаҳои консертии телевизионии «Шаббодаи Хуррамшаҳр» (2020), «Савти Камол» (ба истиқболи 700-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, 2020), «Пири хирад» (барнома бар ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, 2022), «Шоми ғазал» (2021) ва «Ватан шавем» (ба истиқболи Рӯзи «Шашмақом», 2022), «Шоми ғазал» ба истиқболи 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ (Париж, 2025), «Шаби чилла» аз эҷодиёти шайх Фариддудини Аттор ва ҳаким Умари Хайёмро (Нишопур, 2025) таҳия ва пешниҳод намудааст. Дар аксари чорабиниҳои давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳбарии бахши мусиқиро ба зимма дорад.
Барои хизматҳои арзишмандаш дар рушди соҳа ва маҳорати баланди эҷодӣ бо Ҷоизаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (1996), медали Хизмати шоиста (2007), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2013), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2021) ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон (2024) сарфароз шудааст.
Сурудҳои эҷодкардаи Фурқат Саидзода мавзуъҳоеро фаро гирифтаанд, ки аз тараннуми истиқлол, васфи Ватан ва мавзуъҳои иҷтимоӣ таркиб ёфтаанд. Оҳангсоз хуб дарк мекунад, ки мисли ду боли паранда, мисли ду паллаи тарозу бояд шеъру матни суруд ва оҳанги мусиқӣ ҳамрадифу ҳамвазн бошанд, ҳамгирову ҳамраво бошанд, ҳамдигарро “бифаҳманд”, ба ҳам “унс” бигиранд. Ӯ ин нуктаро хуб дарк мекунад, хуб риоя мекунад. Хидмати воқеии Фурқат Саидзода дар он аст, ки дар асилсозии саҳнаи суруду мусиқӣ ҷойгоҳе дар пешгоҳ дорад. Итминон дорем, ки лаҳни андалебонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саидзода ҳамеша дар саҳни дилҳо танинандоз хоҳад буд.
Маҷмуаи «Сози ватандорӣ»-и ӯ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бахши мусиқӣ асари арзандаву сазовор аст.


Муҳтарам ҲОТАМ, Шоири халқии Тоҷикистон