Баргашт Чоп кардан

ОБ. НОРАСОИИ ОН ПАЙОМАДИ НОХУШ ХОҲАД ДОШТ

Қабати обии кураи Заминро уқёнусҳо, баҳрҳо, дарёҳо ва кӯлҳо ташкил дода, онҳо 70,8 фоизи сатҳи Заминро ишғол мекунанд. 97,5 дарсади қабати обии кураи Заминро уқёнусҳо ташкил медиҳанд. Барои истеҳсолоти саноатӣ, хоҷагии қишлоқ, фаъолияти инсоният ва талаботи иқтисодию маишии он об лозим аст. Аз ҳаҷми умумии гидросфера 2,7 дарсадашро оби ошомиданӣ ташкил медиҳад. Ин миқдори об оё барои инсоният кифоя аст?
Акимбекзода Хазон, декани факултети илмҳои табиии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти душвори норасоии об дар минтақа ва ҷаҳонро ба назар гирифта, дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо, фоҷиаҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои мубрами вобаста ба об баромад карда, чораҳои мушаххасро пешниҳод менамояд.
Имрӯз мушкилоти захираи об дар сиёсати ҷаҳонӣ қарор дорад. Норасоии об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҳдид ба рушди устувор арзёбӣ мешавад ва онро як масъалаи хеле мубрам мегардонад. Норасоии об мушкилоти мураккабест, ки бо таҳдидҳои ноустувории иҷтимоӣ ва сиёсӣ, рушди нобаробари иқтисодӣ ва хатарҳои муноқишаҳои фаромарзӣ алоқамандии зич дорад.
Зиёда аз 260 ҳавзаи рӯдхонаҳои ҷаҳон ба ду ва ё зиёда кишварҳо тааллуқ доранд ва дар сурати мавҷуд набудани тавофуқ ва ё ниҳодҳои мушаххас тағйирот дар ин ҳавзаҳо метавонад дар равобити байнидавлатӣ мушкилоти ҷиддиро ба бор орад. Дар давоми 50 соли охир 507 задухӯрд вобаста ба масоили об ба амал омад, ки 21 маротиба то амалиёти ҷангӣ оварда расонд. Созмони Милали Муттаҳид ҳавзаҳои мушаххасеро зикр мекунад, ки метавонанд дар солҳои оянда мавзуи баҳс шаванд. Вазъияти махсусан ҷиддӣ дар минтақаҳои камоб ба вуҷуд омадааст. Дар чор ҳавза (Арал, Урдун, Нил ва Даҷлаву Фурот) давлатҳои минтақа, аллакай, кӯшиш намудаанд, ки бо қувваи таҳдидкунанда обро тақсим кунанд ва вазъияти ногуворро ба вуҷуд оранд.
Ҷаҳон айни ҳол ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: ба гурӯҳе, ки ҳанӯз оби зиёд доранд ва онҳое, ки аз норасоии об душворӣ мекашанд. Марокаш, Алҷазоир, Тунис, Судон, Яман, Уммон, Арабистони Саудӣ, Урдун, Сурия, Ироқ, аллакай, аз камбуди об норозигӣ баён кардаанд. Биёбоншавӣ манбаи асосии низоъ дар Африқо гардидааст. Ҳама кишварҳои Шарқи Наздик дар яке аз хушктарин қитъаҳои сайёра ҷойгиранд, ки захираҳои оби барқароршавандаи хеле маҳдуд дорад.
Норасоии захираҳои ҳаётӣ муддати тулонӣ зиддиятҳои байни кишварҳоро ба вуҷуд овардааст.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ мушкили камбуди об вуҷуд дорад. Яке аз мушкилоти асосии ин минтақа хушкшавии баҳри Арал мебошад, ки воқеан, роҳандозии тадбирҳорро тақозо менамояд.
Хушбахтона, наздик ба се даҳсолаи охир сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки бисёре аз баҳсҳои ҳалталаб дар масоили об бо мамолики ҳамсоя сари вақт ҳалли худро пайдо намоянд. Чунончи, душвориҳои масоили об бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сари вақт ва бе муноқиша ҳалли худро ёфтанд ва дар вақтҳои наздик ин масъала бо Ҷумҳурии Қирғизистон низ пурра ҳаллу фасл карда мешавад.
Дар ояндаи наздик вазъи таъмини об дар поёноби Амударё метавонад боз ҳам печидатар гардида, офати экологии хушк шудани баҳри Арал зиёдтар шавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар минтақаҳое, ки асоси иқтисодии онҳоро хоҷагии қишлоқ ташкил медиҳад, зиёда аз 75 дарсади об бебозгашт барои обёрии заминҳо истифода мегардад. Қисми ками об, ки баъд аз обёрӣ ба манбаи об баргардонда мешавад, ифлос буда, дар таркибаш поруҳои органикӣ ва заҳрхимикатҳо дорад. Барои тоза кардани ин гуна обҳо таҷҳизоти пурқуввату гаронарзиш лозиманд ва на ҳар як давлат шароити харид ва истифодабарии онҳоро дорад.
Барои ин, бояд давлатҳои аграрӣ, пеш аз ҳама, аз усулҳои анъанавии обёрии заминҳо даст кашида, усулҳои муосири каммасрафи истифодаи обро ҳарчи зудтар ҷорӣ намоянд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”