Баргашт Чоп кардан

ҒЕШӢ. БУНЁДИ ТОЛОРИ ВАРЗИШ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ


Дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбуб ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву ободонӣ ҷараён доранд.


Мардуми деҳаи Ғешии шаҳри Ваҳдат низ пайи ободии маҳал камари ҳиммат бастаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯз дар деҳа толори варзиш ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи толор муовини аввали раиси шаҳри Ваҳдат Давлат Холиқзода ширкат намуд. Гуфта шуд, ки толори варзиш аз ҳисоби ҷавонони деҳа бунёд гардида, барои бозиҳои футзал, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни гӯштин пешбинӣ шудааст. Бо фароҳам омадани шароит дар ҳамаи фаслҳои сол имкон ҳаст, ки дар ин толор мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷамоат ва шаҳр гузаронда шаванд.
Ба иттилои раиси ҷавонони деҳаи Ғешӣ Ислом Пиров, идеяи бунёди толори варзиш, пас аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2019 пайдо шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон замон супориш доданд, ки дар ҳар деҳаву маҳаллае, ки беш аз 100 хоҷагӣ доранд, майдон ё толори варзиш бунёд гардад. Дар асоси ҳамин супориш, ҷавонони деҳа тасмим гирифтанд, ки ин толори варзишро бунёд намоянд ва хушбахтона, он дар соли барои мардуми кишвар таърихӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон толори варзишро бо таҷҳизоти варзишӣ, мисли гилеми гӯштингирӣ, ҳадаф ва дастпӯшҳои муштзанӣ, вазнаҳо ва ғайра таъмин намуд. Дар саҳни толор бошад, барои наврасону ҷавонон майдонча барои машқҳои ҷисмонӣ фароҳам шудааст.
Ҷавонони деҳа, ҳамчунин, симчӯбҳои барқро, ки корношоям шуда буданд, бо пояҳои бетонӣ иваз карданд. Дар идомаи корҳои ободонӣ як қисмати роҳи мошингард ва синфҳои муассисаи таълимии деҳа таъмир карда шуд.
– Ҷавонони деҳаи Ғешӣ тасмим доранд, ки майдони футбол, бунгоҳи тиббӣ ва қисми боқимондаи роҳҳои маҳаллиро таъмир кунанд, – иброз намуд И. Пиров.


У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”