Баргашт Чоп кардан

ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. БАРДОШТ АЗ ҶАМЪБАСТИ 7-УМИ МУСОБИҚАИ ГӮШТИНГИРӢ


5-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел) 7-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе доир гашт.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, паҳлавонон аз 25 кишвар дар вазнҳои -65 кг, -78 кг, -86 кг ва +86 кг байни мардон ва вазни -70 кг байни бонувон барои ба даст овардани ҷоизаҳои арзишманд рақобат намуданд.
Дар натиҷа, дар вазнҳои -65 кг ва -78 кг намояндагони Тоҷикистон Ёсин Бобокалонов ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов ғолиб шуданд. Сарвар Абдушукуров (-65 кг), Ҳақназар Назаров (-86 кг), Шарифҷон Назриев (+86 кг) медали нуқра, Қоим Шукронов (-78 кг) ва Раҳматуллобек Фарҳодов (-86 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ду вазни мардҳо Аҳрор Зиёдуллоев (-86 кг) ва Шоҳруххон Бахтиёров (+86 кг) аз Ӯзбекистон, дар як вазн миёни бонувон бошад, Камила Бодуроваи русиягӣ пирӯз гаштанд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба ғолибон дар ҳар панҷ вазн 10 000 доллар, ба барандагони медали нуқра 5 000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 2 500 доллар тақдим шуд.


ГӮШТИН
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё ширкат мекунад
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римии Осиё, ки имрӯз – 6-уми апрел – дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек, оғоз мегардад, ширкат мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар (13 мард, 1 зан) дохиланд. Гӯштини юнонӣ-римӣ: Суннатулло Абдуллоев (-67 кг), Лоиқ Амирхонзода (-72 кг), Алишер Рӯзимадов (-77 кг), Муҳаммад Султонзода (-87 кг), Эдуард Бабеношев -130 кг; гӯштини тарзи озод: Айаал Белолюбский (-57 кг), Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг), Виктор Рассадин (-70 кг), Мустафо Аҳмадов (-74 кг), Сомон Икромов (-79 кг), Баҳодур Қодиров (-86 кг), Исмоил Картоев (-92 кг), Раҳмон Маҳмадбеков (-97 кг); гӯштини занона: Ватансултон Шакаршоева (-53 кг).
Дар Чемпионат наздики 350 варзишгар аз кишварҳои қора барои 30 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Нахуст, 6-8-уми апрел рақобатҳо дар риштаи гӯштини юнонӣ-римӣ баргузор мешаванд. Баъдан, 8-10-уми апрел бонувон зӯрозмоӣ мекунанд. Мусобиқа 10-12-уми апрел бо сабқати гӯштини тарзи озод ба анҷом мерасад.


ҶУДО
Паҳлавонони тоҷик барои фатҳи қора ба Чин мераванд
Чемпионати ҷудои Осиё – 2026 аз 16 то 18-уми апрел дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.
Имсол дар ин чорабинӣ 207 варзишгари 21 кишвари Осиё иштирок хоҳад кард. Аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфузи қора 13 варзишгар намояндагӣ мекунад: Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Абдулои Ориф (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-81 кг), Муҳамад Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) – байни мардҳо; Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) – байни бонувон.
Ғайр аз зӯрозмоиҳои инфиродӣ, дар назар аст, ки ҳайати Тоҷикистон дар мусобиқаи даставӣ низ ширкат намояд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”