Баргашт Чоп кардан

НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБ


Баъди таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Модар ва Ҷашни бостонии Наврӯзи байналмилалӣ сокинони кишварро табъи идона тарк нагуфтаву бо ҳамин хотири шод Рӯзи пойтахт – шаҳри Душанберо бо тантана ва ҷалоли тоза истиқбол мегиранд.
Шаҳри Душанбе – пойтахти ҷумҳурии азизамон, ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ, маркази илму фарҳанг ва дорои инфрасохтори пешрафтаи муосир рисолати муаррифии давлату миллатро бар дӯш дорад. Мусаллам аст, ки ҳар меҳмоне, ки вориди пойтахти кишвари азизамон мегардад, бо тамошои он ва мушоҳидаи рафтору гуфтору кирдори сокинонаш, фарҳанги миллӣ, сатҳи иқтисоду иҷтимоъ ва илму адаби миллати моро дар маҷмуъ баҳо медиҳад. Аз ин ҷост, ки шаҳри Душанберо оинаи рӯшани давлату миллати тоҷик мехонанду ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд инро ба эътибор гирад. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ барои боз ҳам рушд ёфтани инфрасохтори пойтахти азизамон ишора намуданд: “Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад”.
Ҳамзамон, дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бунёд кардани Конун – Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ин ва даҳҳо далелҳои дигар аз ташаббускориҳои Пешвои муаззами миллат собит месозад, ки ҳарчанд таърихи Душанбе реша дар умқи ҳазорсолаҳои пешин дорад, он ҳамчун пойтахт маҳз аз баракати соҳибистиқлолӣ, рафъи нооромиҳои дохилӣ, ҳукмфармо гардидани фазои сулҳу суботу оромиву осудагӣ рӯ ба рушду густариш ниҳод ва тадриҷан ба як шаҳри муосири дорои инфрасохтори пешрафта табдил ёфт.
Онҳое, ки шоҳиди нооромиҳои дохилии даҳаи охири садсолаи гузашта буданд, хуб медонанд, ки хонаи умеди тоҷикони дунё дар чи ҳолат қарор дошт. Ҳама гуна баҳогузорӣ бо қиёс сурат мегирад ва ин холисонаву воқеъбинона аст. Агар мо ҳолати имрӯзаи шаҳри азизамон Душанберо ба солҳои навадуми асри гузашта, ки он вақт донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) будам, қиёс намоем, тафовут аз замин то самост. Он рӯзҳои ҳар лаҳзааш фалокатзо, ҳатто, тасаввур карда намешуд, ки сулҳу оромӣ ҳукмфармо мегардаду шаҳри азизи мо дар як муддати на чандон тулонӣ бо чунин пешравию шукуфоӣ табдили сурат мекунад. Ҳамааш аз баракати саъю талоши беназир, сиёсати дурусти пешгирифта ва ояндабинии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид ва ин хидмати бузургу бесобиқаи Пешвои миллат дар китоби таърихи миллати шарафманди тоҷик ва давлатдории навинамон бо хатҳои зарин сабт гардидааст.
Маҳз ҳифз гардидани соҳибистиқлолии давлат, ки барои ҳар як миллат беҳтарин неъмат аст, имкон фароҳам овард, ки симои шаҳри азизи мо ба сурати бесобиқа тағйир ёфта, ободтару зеботару диданитару дӯстдоштанитар гардад.
Бахусус, бо саъю талоши раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар даҳ соли охир садҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд ёфт, роҳҳои мавриди истифода аз нав таъмиру тармим гардида, роҳҳои иловагии ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сохта шуданд; бо вурудсозии садҳо автобусу электробус ва мавриди хидмати сокинони пойтахт қарор додани ҳазорҳо электромобил хидматрасонии нақлиётӣ ба мусофирон ба низом даромада, бо ташкили хатсайрҳои нав беҳтару хубтар шуд; истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ таъмиру навсозӣ гардида, ба талаботи муосир мувофиқ гардонда шуданд; тозагиву озодагии пойтахт таъмин гардид ва тартибу низом қавитар шуда, Душанбе ба шаҳри амн табдил ёфту ин аз сӯйи созмонҳои ҷаҳонии пажӯҳишии масъалаи марбут эътироф ёфт, ки барои мо мояи ҳам шукргузорӣ ва ҳам ифтихор аст.
Имрӯз шаҳри зебои Душанбе на танҳо маркази маъмурию идоракунии давлатӣ, балки маконест, ки маҳз дар он барномарезӣ ва рушди бештари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тиб, маориф, фарҳанг, варзиш ва ғайра ба нақша гирифта мешаванд. Яъне, тарҳу барномарезии ояндаи пурсаодати кишвари мо аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.
Душанбе бо китобхонаҳо, осорхонаҳо, пайкараҳои бузургон ва рамзҳои худ дар гулгашту хиёбонҳову майдонҳо таърихи пурғановати миллати моро барои меҳмонон бозгӯ месозад ва маҳз аз ҳамин ҷо ҳифзи фарҳангу суннатҳои миллӣ ва муаррифии онҳо оғоз меёбаду фарохтар мунташир мегардад. Дар ин ҷо анъанаҳои сирф миллӣ бо дастовардҳои ҷаҳонӣ омезиш ёфта, фазои рангини фарҳангиро ба вуҷуд овардаанд.
Пойтахти тоҷикон ба маркази баргузории нишасту конфронсу ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ, сабқатҳои варзишӣ ва намоишҳои сатҳи байналмилалии фарҳангӣ табдил ёфта, ҳазорҳо меҳмононро бо оғӯши гарм истиқбол ва бо як ҷаҳон таассуроти рангин гусел менамояд. Бавижа, рӯзҳои таҷлили Ҷашни сирф миллии тоҷикон, яъне Наврӯзи байналмилалӣ, ҳазорҳо меҳмонон аз кишварҳои ҳамзабон ва фаротар аз он, ки намояндагони касбу кори гуногун ҳастанд, ташриф оварда, ба фарҳангу таъриху суннатҳои мо аз наздик ошноӣ пайдо намуда, аз тамошои манзараҳои зебои пойтахти азизамон баҳра бурда, бо таассуроти неку рангин бозпас мераванд.
Имрӯз ҷаҳониён шаҳри Душанберо ҳамчун шаҳри амн, шаҳри сабз, шаҳри дӯстӣ, маркази кишвари офтобӣ, дарвозаи Тоҷикистон ба ҷаҳон ва намунаи олии ҳамзистии осоиштаи халқиятҳои гуногун мешиносанд, ки бар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихору сарфарозист.
Рушду пешравии чашмгири Душанбе аз баракати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайгиронаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мо муяссар гардидааст. Маҳз аз роҳи татбиқи барномаҳои созандагиву ободонӣ, шаҳри азизамон рӯз ба рӯз зеботару ободтар ва шароити зисту фаъолият барои сокинон хубтару беҳтар мегарданд.
Дар фарҷом мехоҳам бо ифтихору сарфарозӣ ҳамаи сокинони гиромӣ ва меҳмонону дӯстдорони Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт, сидқан, табрик гуфта, ба хонаи умеди тоҷикон рушду шукуфоии боз ҳам бештар, ба сокинонаш саодату комёбӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромии пойдорро орзу намоям.
Рӯзи пойтахт муборак, ҳамдиёрони азиз!


САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ