Баргашт Чоп кардан

ЁДИ МОДАР


Аё модар! Имшаб асири ёди ту будам. Миёни ангораҳои хаёл, даме ки мардуми даҳр хуфта буд, миёни андешаҳои чигил, аз дунёи нофармон ба танг омадам. Миёни рӯзгори пурпечутоб, он даме ки ахтарони сипеҳр зери абри бадгуҳар мондаву нолаи мурғи шаб ба дилҳо ваҳм меандохт, чеҳраи нурониат пеши назарам ҷилвагар бишуд.
Ҳар саҳар аз хоби ноз хезондаву бо дуои нек ба дабистон гуселам мекардӣ. Гузашта аз ин, сарамро рӯйи зонувонат гирифтаву қиссаҳои ширин мегуфтӣ. Оҳ модар! Ягона ғамгусорам!
Ту чи олиҳаи тобнокӣ! Аз бари домани ту бузургон ба дунё омаданд ва ба авҷи аъло расидаанд. Ҳастии пайғамбарон аз вуҷуди туст. Мардони паҳлавон, донишмандони олишон ва сиёсатмадорони соҳибтадбирро ту ба воя расондаӣ, ту неруи яздонӣ додаӣ!
Агар падар қиблагоҳам буд, ту паноҳгоҳам, такягоҳам будӣ. Имрӯз бо гузашти 36 соли марги ту боз ба руҳат роз мегӯям, дардҳои дари дил мекушоям, ҳамеша бо ёди ту ба корҳои некам оғоз мебахшам. Ифтихор аз он дорам, ки касби шумою падари бузургворамро интихоб карда, тайи солҳо дар ин касби бароям мукаддас фаъолият намуда, шогирдони беҳтаринро бо муҳаббат фазилати инсонӣ меомӯзонам, ки барои гул-гулшукуфоии Ватани азизамон саҳм мегузоранд.
Модар, ягона ҳамрозам ту будиву ту ҳастӣ. Ҳатто дар лаҳзаҳои охирини умрат, даст ба дуо бардошта: ту духтар будӣ, вале хизмати писарро баҳрам ато кардӣ, ва ин тавр арзи сипос намудӣ, модаро! Васият кардӣ ки баъди сари ман рафтуомадро аз наздиконам барнакан, илм омӯзу бузургонро эҳтиром ва сари ятимонро сила намо, то Яздони пок баҳрат баракати умр ато кунад.
Модаро! Ягона шахсӣ, ки меҳрубониҳои зиёдро нисори фарзанд сохта, ҳамеша дар орзуи бахти неку зиндагии хуши ӯ будӣ. Барои он ки фарзанд хоксору нексиришт ба воя бирасад, чи азобҳое кашидӣ.
Фозилони дунё мудом бузургиатро васф намудаанду менамоянд ва ин гуфтаи ононро бори дигар исбот кардӣ. Аз бузургии аҷдодат шаҷараат гувоҳ аст. Хоҳарону додарони зиёд дорӣ, вале аз баҳри он ки ман заҳри мусофириро начашам, худро то абад мусофири ватани ман сохтӣ. Ҳар вақте ба хонаи бародарам ба меҳмонӣ равам, ҳама лаҳзаҳои беҳтарини умрамро, ки ҳамроҳат гузарондам, мисли китобе варақгардон менамоям. Ниҳоле, ки бародарам ба номат ва ёдат шинондааст, то ба хонаам баргаштан об медиҳам, навозишкунон бо ӯ суҳбат меороям, гӯё ки бо ту суҳбат дошта бошам.
Ҳамсояҳои вафодорат маро модарвор навозиш мекунанд, хӯрокҳои лазиз бароям меоранд, то ки холӣ будани ҷоятро ҳис накунам. Албатта, ман низ онҳоро дӯст медорам, сипосгузорам, вале дареғу сад дареғ, ки ҷойи навозишҳои туро ягон навозиши дигар гирифта наметавонад ва сахттарин дард бароям рӯзи дунёро падруд гуфтани шумою падари бузургворам буд, ки то ҳол диламро ба дард меорад.
Аз Худои яккаву ягона умеди онро дорам, ки хонаи охирати шумову падари бузургворам обод ва ҷоятон ҷаннат шавад.
Дӯсти ҷонию зиндагибахшам, модар, модаро!


Гавҳар МУРОДОВА, омӯзгор