Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳаи Кафтархона аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Неъматов бо сарфи 450 ҳазор сомонӣ майдончаи варзиш бунёд гардид.
Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Рустамшо Ҷаҳонгир ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки ин шабу рӯзҳо шодиву нишоти аҳолии ноҳияро ҳадду каноре нест, зеро дар назди Муассисаи зикршуда сохтмони бинои иловагӣ низ бомаром идома дорад. Бино бо озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ барои беш аз 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншоот сеошёна буда, аз понздаҳ синфхона иборат аст. Корҳои сохтмонӣ моҳи декабри соли 2025 оғоз ёфта, соли 2027 ба анҷом мерасанд.
Ҳамзамон, дар доираи корҳои ободонӣ, дар деҳаи Пушёни Поён аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ А. Ятимов бо харҷи 4 миллион сомонӣ фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши қариб 60 ҳазор сар паранда сохта мешавад, ки то моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор мегирад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”