Таҷрибаи таърихии тамаддунҳои бузург собит намудааст, ки миллатҳои бузург танҳо бо такя ба решаҳои амиқи ниёгони хеш тавонистаанд дар туфонҳои ҳаводиси олам пойдор бимонанд. Барои миллати тоҷик, ки вориси мустақими фарҳанги ориёист, ин пайванд дар тули ҳазорсолаҳо тавассути ду сутуни ногусастанӣ – сухани мондагори ҳаким Фирдавсӣ ва хиради сиёсии давлатдорони миллӣ ҳифз гардидааст. Масири сарнавиштсозе, ки аз «Шоҳнома» ибтидо гирифта буд, дар замони соҳибистиқлолӣ тавассути асари бунёдии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ҷавҳари тоза ва идомаи мантиқӣ пайдо кард.
Эҳёи тамаддуни ориёӣ дар сиёсати Сарвари давлат на як бозгашти одӣ ба гузашта, балки таҷдиди низоми арзишҳоест, ки бар пояи хирад, адолат ва созандагӣ бино ёфтаанд. Ҳаким Фирдавсӣ бо офаридани «Шоҳнома» рисолати бузурги таърихиро ба анҷом расонд. Ин асар дар замоне иншо шуд, ки тамаддуни ориёӣ зери фишори сиёсӣ ва фарҳангии хилофати араб қарор дошт ва хатари маҳв шудани забону таърих мавҷуд буд. Шарқшиносони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла Теодор Нёлдеке, Евгений Бертелс ва Саид Нафисӣ таъкид доштаанд, ки маҳз шарофати «Шоҳнома» миллати моро аз сарнавишти халқҳои Мисру Шом (Сурияи имрӯза) ва Байнаннаҳрайн (Ироқи имрӯза), ки ҳувияти аслии худро гум карда, араб шудаанд, раҳоӣ бахшид.
Яъне, ин миллатҳо, ки пеш соҳиби тамаддунҳои қадимӣ, бошукӯҳ ва забонҳои хоси худ буданд, натавонистанд тамаддуни худро ҳифз кунанд ва дар баҳри тамаддуни бегона ғарқ шуданд, аммо тоҷикон тавонистанд бо киштии «Шоҳнома» ва хиради сиёсии худ ҳувияти миллиашонро то ба имрӯз расонанд.
Агар «Шоҳнома» дар он марҳалаи ҳассос ҳастии маънавии моро аз фано наҷот дода бошад, сиёсати фарҳангмеҳвари Эмомалӣ Раҳмон ин ҳувиятро ба як идеологияи пуриқтидори давлатӣ мубаддал сохт. Асари «Тоҷикон дар оинаи таърих» маҳз дар даврае таълиф гардид, ки ҷомеаи пасоҷангӣ ба худшиносӣ ва такягоҳи устувори маънавӣ эҳтиёҷи шадид дошт. Муаллиф бо диди амиқи илмӣ собит намуд, ки ориёӣ будан на имтиёзи нажодӣ, балки масъулияти таърихӣ дар пешгоҳи фарҳанги башарист. Ин шоҳасар ҳамчун пули маънавӣ насли муосирро ба сарчашмаҳои аслии хеш пайваст ва саҳми беназири Сарвари давлатро дар он зоҳир намуд, ки ӯ тавонист арзишҳои ориёиро аз қолаби китобҳои таърихӣ берун оварда, ба масъулияти воқеии ҷомеа табдил диҳад.
Эълони соли 2006 ҳамчун Соли тамаддуни ориёӣ, эҳёи ҷашнҳои бостонии Наврӯзу Сада ва Меҳргону Тиргон, инчунин таваҷҷуҳи густурда ба таъриху фарҳанг гувоҳи он аст, ки худшиносии миллӣ дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад. Сарвари давлат ба ҷаҳониён собит сохт, ки тоҷикон на танҳо ворисони «Шоҳнома», балки идомадиҳандагони рисолати ориёӣ дар самти таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстианд.
Қуллаи ин тадбирҳои созанда ва иқдоми беназири Пешвои миллат дар роҳи эҳёи асолати ориёӣ ин ҳадя намудани шоҳасари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳар хонадони тоҷик мебошад. Ин ташаббуси оламшумул иқдоми амалиест дар масири эҳёи хотираи таърихӣ, ки ба ҳар як шаҳрванд имкони бозгашт ба решаҳои аслии тамаддуни хешро фароҳам овард. Бо ин васила, Роҳбари давлат рисолати таърихии Фирдавсиро дар асри ҷадид идома бахшида, ҷавҳари тамаддуни куҳанро ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти насли имрӯз мубаддал сохт.
Пайванди маънавии «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар ягонагии рисолати онҳо, яъне ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими истиқлолияти фикрӣ, таҷассум меёбад. Ҳар ду асар дар лаҳзаҳои тақдирсоз ҳамчун такягоҳи устувор хидмат намудаанд.
Агар Фирдавсӣ ин рисолатро тавассути сухани бадеӣ анҷом дода бошад, Пешвои миллат онро дар сатҳи сиёсати давлатӣ ва худшиносии миллӣ ба камол расонд. Ин масири пуршараф нишон медиҳад, ки миллати мо бо такя ба гузаштаи дурахшон ва ҳидоятҳои Сарвари хирадманди хеш дар шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳонӣ устувор гом мезанад ва рисолати таърихии худро бо сарбаландӣ идома медиҳад.
Руҳафзо МУРОДОВА,
"Ҷумҳурият"