Баргашт Чоп кардан

СОҲИБКОРӢ. МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲО ЧӢ НАТИҶА ДОД?


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ карда истодааст. Ин нуктаро Ҳабиби Алимшо, сардори сарраёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатӣ дар ВМКБ зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошт.

Ӯ афзуд, ки кам кардани санҷишҳо дар субъектҳои хоҷагидор яке аз иқдомҳои муҳим дар ин раванд мебошад, ки тавассути гузарондани ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор амалӣ гардид.
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузарондани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) маҳдуд гардид. Ҷиҳати боз ҳам кам кардани санҷишҳои пай дар пай ва санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ 11-уми феврали соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ба тасвиб расид, ки он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро (ба истинои санҷишҳои мақомоти андоз) муайян карда, бо назардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон тартиби татбиқи мораторийро муқаррар менамояд.
Ба гуфтаи Ҳабиби Алимшо, татбиқи ислоҳот имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардид. Аз ҷумла, муқаррароти Кодекси андоз доир ба роҳандозии санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон дода истодаанд, ки шумора ва муҳлати гузарондани онҳо маҳдуд ва сифатнокӣ таъмин карда шавад. Тибқи маълумот, соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст, вале маблағҳои дар натиҷаи санҷишҳо ошкор ва пардохтшуда чор баробар афзоиш ёфтаанд. Танҳо соли 2024 аз ҳисоби санҷиши 1150 андозсупоранда, ба буҷети давлатӣ иловатан 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ ворид шудааст.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”