Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Суғд бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва нишондиҳандаҳои назаррас оғоз гардид. Маросими тантанавии гусели наваскарон дар амфитеатри қасри “Арбоб” баргузор шуд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҷавонони зиёде бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди муҳаббат ба Ватан ихтиёран барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир шуданд.
Зимни суханронӣ раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки хизмати ҳарбӣ мактаби воқеии тарбияи ҷавонмардӣ буда, дар он ҷавонон сифатҳои муҳими инсонӣ, аз ҷумла ҷасорат, интизом ва садоқатро аз худ менамоянд. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ мунтазам беҳтар мегардад. Изҳори бовар шуд, ки ҷавонон бо масъулияти баланд ва иродаи устувор хизмат намуда, дар ҳифзи сулҳу субот ва амнияти давлат саҳми шоиста мегузоранд. Волидон низ фарзандони худро бо сарбаландӣ ва дуои нек гусел карданд.
Тибқи маълумот, дар рӯзҳои аввали маросими гусел 46 дарсади нақша дар вилоят иҷро гардид.
Дар баробари маркази вилоят, дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ маъракаи гусели наваскарон бо руҳияи идона ҷараён гирифт.
Оғози муваффақонаи маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд бозгӯйи таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон мебошад. Ин нишон медиҳад, ки насли ҷавон омода аст, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва суботи кишвар саҳми арзанда гузорад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”