![]()
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо ташаббуси раиси Ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони ҷангу меҳнат Сафармуҳаммад Зарифӣ ба истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавонон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри ободониву созандагӣ дар маҳаллаҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ мардум ба ҳашар баромада, дар тоза кардани кӯчаву хиёбонҳо, роҳу ҷӯйборҳо, ба кишт омода намудани майдону техникаҳои кишоварзӣ саҳми худро мегузоранд. Махсусан, сангфаршу асфалтпӯш намудани роҳҳои байни деҳоти ноҳия назаррас аст. Ҳар сол аз 20 то 40 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид мешаванд ва деҳаҳо намои шаҳракро мегиранд.
– Бо мақсади дар сатҳи олӣ таҷлил ва тарғибу ташвиқи арзишҳои умумиҷаҳонии Ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостонӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2-юми январи соли 2026 ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумиро мураттаб кардааст ва корҳои ободониву созандагӣ мутобиқи бандҳои он идома доранд, – гуфт зимни суҳбат Сафармуҳаммад Зарифӣ.
Воқеан, бе пир тадбир нест, мегӯянд, ки рост аст. Ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо роҳбарии Сафармуҳаммад Зарифӣ дар тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16-уми декабри соли 2025 дар байни дигар созмонҳо пешсафанд. Собиқадорон дар ҳайати ҳамаи гурӯҳҳои ташвиқотӣ ҳузур доранд ва ба суханони онҳо, ки бо далелҳои муътамад, мисолҳои мушаххас гуфта мешаванд, ҷавонон бо диққат гӯш медиҳанд ва дар иҷрои дастурҳои Паём аз худ корномаҳо нишон медиҳанд.
Сафармуҳаммад Зарифӣ соли 1947 дар деҳаи зебоманзари Сайробии ноҳияи А. Ҷомӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, пас аз хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи касбии техникии №40-и шаҳри Сарбанд (ҳоло Левакант) дохил шуда, соҳибкасб мегардаду 5 сол дар заводи нуриҳои азотии Вахш (ҳоло “Тоҷиказот”) аз коргари одӣ то ёрдамчии муҳандис ифои вазифа менамояд.
Сипас, ғоибона факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, аз иҷрочии суд то ба вазифаи раиси суди ноҳияи Қубодиён мерасад. С. Зарифӣ қариб 30 соли ҳаёти худро дар мақомоти судӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бахшидааст. Ба ҳайси мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи А. Ҷомӣ низ фаъолият бурдааст. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.
Музаффар МУРОДОВ, бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон