4-уми апрел дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат, дар доираи марҳалаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқ дар Ҷамоати деҳоти Ромит», корҳои сохтмон ва васлу насб оғоз гардиданд.
Зимни муаррифии лоиҳа гуфта шуд, ки татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳа имкон фароҳам меорад то 15 деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромит бо неруи барқ таъмин карда шавад.
Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳа иҷрои корҳои муҳими зерсохторӣ, аз ҷумла васеъсозии зеристгоҳи барқи 110/20/10 кВ-и «Ромит», бунёди зеристгоҳи барқи нави 110 кВ-и «Явроз», сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ аз зеристгоҳи «Ромит» то зеристгоҳи «Явроз», кашидани хатҳои ҳавоии барқии 20 ва 10 кВ, насби 28 трансформатори 20/0,4 кВ ва 10/0,4 кВ, бунёди шабакаҳои тақсимоти барқи 0,4/0,22 кВ пешбинӣ шудааст.
Паймонкори лоиҳа ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» буда, маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) амалӣ мегардад. Тибқи нақша, татбиқи пурраи лоиҳа соли 2028 дар назар аст.
Татбиқи ин лоиҳа барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи марҳалаи якуми лоиҳаи мазкур зеристгоҳи барқи 110/20/10 кВ-и «Ромит» бунёд шуда, 8-уми октябри соли 2020 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Дар натиҷаи татбиқи марҳалаи аввал 9 деҳаи минтақа, ки шумораи умумии аҳолии онҳо зиёда аз 3100 нафарро ташкил медиҳад, бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуд.
Бояд гуфт, ки татбиқи пайдарпайи марҳалаҳои лоиҳа қадами муҳим дар самти таъмини пурраи аҳолии минтақа бо неруи барқ ва таҳкими низоми энергетикии мамлакат арзёбӣ мегардад.
З.РАҶАБ, “Ҷумҳурият”