Вазорати корҳои хориҷӣ бо пахши як изҳорот эълон дошт, ки Тоҷикистон созишҳоро вобаста ба оташбас байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо хушнудӣ истиқбол менамояд.
“Умедворем, ки музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда, ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд. Боварӣ дорем, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад расонд”, – омадааст дар изҳорот.
Баррасии масъалаи муҳоҷират дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон
8-уми апрел таҳти раёсати Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Зимни иҷлосия, аз ҷумла Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17-уми апрели соли 2019, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи муҳоҷирати Хадамоти федералии давлатии корҳои дохилии Подшоҳии Белгия ва лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
“Лоиҳаи сол – 2025” Ғолиб муайян шуд
Қитъаи роҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи Барномаи пайвандҳои минтақавии Осиёи Марказӣ (CARs-4), ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ мешавад, дар ҷоизаи бонуфузи “Лоиҳаи сол – 2025” ғолиб дониста шуд.
Ин ҷоиза дастовардҳои барҷаста дар бахши муҳандисӣ, навоварӣ, устуворӣ ва иҷрои босифати лоиҳа дар шароити душвори минтақаи баландкӯҳро эътироф мекунад.
Роҳҳо ва пулҳои навсозишуда, инчунин, галереяи муҳофизат аз тарма дар шоҳроҳи Помир имкони ҳаракати бехатар дар тамоми солро фароҳам меорад, ки дастрасии аҳолиро беҳтар намуда, ба рушди савдо мусоидат мекунад.
КӮЛОБ
ДДК – мизбони “Корвони китоб”
9-уми апрел бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва нашриёти “Адиб” дар доираи тадбири фарҳангии “Корвони китоб” дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр баргузор шуд.
Тибқи маълумот, дар намоиш беш аз 130 номгӯ ва зиёда аз 5000 нусха адабиёти тозанашр пешкаши дӯстдорони китоб гардид.
Ин иқдом ба боло бурдани завқи мутолаа, таҳкими маърифати ҷомеа ва рушди фарҳанги китобхонӣ мусоидат менамояд.
Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд
Дар маҳаллаи Ҷӯйбодом, қисмати ғарбии шаҳри Душанбе, сохтмони зеристгоҳи нави барқӣ бо иқтидори 220/110/10 кВ оғоз шуд.
Лоиҳа аз ҷониби ширкати Тоҷикгидроэлектромонтаж (ТГЭМ) амалӣ мешавад. Зеристгоҳи нав ба таъмини устувори қисмати ғарбии шаҳр бо барқ, инчунин, коҳиши сарборӣ ба зеристгоҳҳои “Нав” ва “Дарёканор” имкон фароҳам меорад.