Баргашт Чоп кардан

ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ. БАРДОШТ АЗ САФАРИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ТОҶИКИСТОН


Аз 22-юм то 27-уми марти соли равон гурӯҳи рӯзноманигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои замони истиқлол, таъриху фарҳанг, расму ойин, имкониятҳои сайёҳӣ, инчунин, иштирок дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳангоми сафар хабарнигорони ҳамсоякишвар бо фаъолияти муассисаҳои телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои даврии кишвар шинос шуда, аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак ва ноҳияи Варзоб дидан намуданд. Тавре таъкид гардид, ҳадафи асосии ин сафар таҳкими ҳамкориҳои иттилоотӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Дар ин бора тули панҷ рӯз дар расонаҳои хабарии ҳамсоякишвар сухан аз дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику қирғиз, шукӯҳи Наврӯзу зебоиҳои Душанбе, мавзеъҳои сайёҳиву таърихии кишвари мо буд. Рӯзноманигорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу дӯстӣ аз сиёсати созандаи сарварони кишварҳо ёдовар шуда, таассуроти неки хешро бо садҳо аксу гузориш дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд.


ШУКӮҲИ ДУШАНБЕВУ ШАҲОМАТИ НАВРӮЗ
Меҳмонон, пеш аз ҳама, аз дидани Душанбеи нозанин ба ваҷд омада, васфи онро карданд. “Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, босуръат рушд карда, намуди зоҳирии худро тағйир медиҳад. Шаҳр аз ҳар ҷиҳат рушд мекунаду маҷмааҳои нави истиқоматӣ ва иншооти инфрасохторӣ бунёд мегарданд. Бо вуҷуди рушди бесобиқа, Душанбе мақоми худро ҳамчун яке аз сабзтарин шаҳрҳои минтақа нигоҳ медорад. Шаҳр дорои боғҳои сарсабз, гулгашту фаввораҳои сершумор аст”, – менависад сомонаи "24kz".
Сарсабзии Душанбе на танҳо хабарнигори "24kz"-ро ба ваҷд овардааст, балки дар сомонаҳои дигар низ рӯзноманигорон бисёртар аз зебоиҳои пойтахт навиштаанд.
– Аввалин чизе, ки шуморо ба ҳайрат меорад, то чи андоза сабз будани Душанбест. Фурудгоҳ (дар ҳудуди шаҳр ҷойгир аст), воқеан, дар гулу сабза ғарқ аст. Дар маркази шаҳр боғҳо, майдонҳо ва гулгаштҳои зебо бо фаввораҳои сершумор ҷилванамоӣ доранд, ки ҳамчун маконҳои истироҳату сайругашт истифода мешавад, – омадааст дар гузориши сомонаи "Кактус". Рӯзноманигорон аз меъмории шаҳр ёдовар шуда, зикр мекунанд, ки биноҳои замони шуравӣ дар паҳлуи маҷмааҳои муосир, ки бо унсурҳои миллӣ оро ёфтаанд, қарор доранд.
Чун ҳайати мазкур дар айёми таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ташриф овардаву дар чорабиниҳои гуногун иштирок намуданд, аз шаҳомати Наврӯз дар «Ватани Наврӯз» (таъбири шоири мумтоз Муҳаммад Ғоиб) ангушти ҳайрат мегазанд: "Имрӯзҳо Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон фазои дигаргуна доранд. Кӯчаҳо гулпӯш, боғҳо бо парчамҳо оро дода шуда, майдонҳо барои консертҳо ва намоишҳои театрӣ омодаанд. Бонги мусиқӣ дар ҳама ҷо ба гӯш мерасад, мардум ба рақс омадаву табассум мекунанд ва акс мегиранд. Шаҳр пур аз ҷашн аст, – таассуроташро чунин баён кардааст рӯзноманигори сомонаи "24kz".
Дар идома менависад, ки дар рӯзи аввали расидан ба Душанбе, 22-юми март, дар яке аз боғҳои пойтахт чорабинии бузурги идона баргузор шуд. Дар он ҷо дипломатҳо, меҳмонони пойтахт ва сокинон ҷамъ омада буданд. Консертҳо, намоишгоҳҳо ва туҳфаҳои миллӣ – ҳамаи ин фазои як фестивали воқеии мардумиро инъикос мекард, ки дар он байни тамошобинон ва иштирокдорон ҳеҷ гуна марз вуҷуд надошт.


ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ МУШТАРАК ҲАМКОРИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД
Шиносоии рӯзноманигорон бо воситаҳои ахбори оммаи кишвари мо низ ба таври васеъ дар расонаҳои Қирғизистон инъикос гардид.
– Дар доираи сафар, мо аз як қатор расонаҳои маҳаллӣ боздид кардем. Хабарнигорони қирғиз бо студияҳои телевизион ва радио, идораи рӯзномаҳо ва мундариҷаи вебсайтҳо шинос шуданд. Тамоюлҳои умумии рушд ва равандҳои ҷаҳонӣ, ки ба ВАО дар ҳар ду кишвар таъсир мерасонанд, баррасӣ шуд, – таъкид мекунанд онҳо.
Ин ҷиҳат ҳамкасбони қирғизро ҷолиб афтодааст, ки дар ҳоли аҳамияти худро дар Қирғизистон тадриҷан аз даст додани матбуоти чопӣ, рӯзномаҳо дар Тоҷикистон хеле маъмул боқӣ мемонанд. Айни замон платформаҳои рақамӣ низ фаъолона рушд мекунанд: аудиторияи нашрияҳои онлайн меафзояд ва дар байни хонандагони ҷавон маъруфияти бештар пайдо мекунанд.
Дар зимн, аз дастгирии Ҳукумати кишвари мо дар самти рушди ВАО ёдовар шуда, татбиқи лоиҳаҳои муштаракро барои тақвияти ҳамкории кишварҳо муҳим арзёбӣ намудаанд.
Зимни сафар журналистони Қирғизистон ба соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Чун кишвари мо бо Қирғизистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ монанд асту неругоҳҳои барқи обӣ аз унсури калидии системаи энергетикии ҳамсоякишвар мебошад, онҳо зимни ин сафар аз Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид ба амал оварданд. Ин нуктаро низ худи онҳо таъкид доштанд, ки дар Тоҷикистон 12 неругоҳи бузурги барқи обӣ фаъолият мекунад ва энергетика ҳамчунон як бахши стратегӣ боқӣ мемонад; ҳамон гунае, ки дар Қирғизистон аст. Ба андешаи онҳо, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика робитаи миёни кишварҳоро қавитар месозад.


СУЛҲ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Барои шинохти пурраи Тоҷикистон меҳмонон аз як қатор ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ: осорхонаҳо, маҷмааҳои варзишӣ ва ёдгориҳои таърихӣ дидан карданд.
Аз ҷумла, бо таърихи сеҳазорсолаи Ҳисори Шодмон шинос шуда, ба табиати зебову шароити осоишгоҳи "Сароб"-и Варзоб баҳои баланд доданд.
Дар рафти саёҳат рӯзноманигорон бо донишҷӯдухтари қирғизтабори муқими Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардиданд, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таҳсил мекунад. Ӯ аз ноҳияи Мурғоб барои идомаи таҳсил ба Душанбе омадааст ва нақл мекунад, ки вақте ба Душанбе омад, забони тоҷикиро хуб намедонист ва нигарон буд, ки боиси масхара қарор нагирад. Аммо бо кумаки дӯстон дар фурсати кӯтоҳ забони тоҷикиро аз худ мекунад.
“Ин қисса мисоли равшани он аст, ки сарнавишти мардуми ду кишвар, сарфи назар аз марзҳои давлатӣ, то чи андоза ба ҳам пайванд аст”, – бо овардани қиссаи ин донишҷӯдухтар чунин хулоса мекунад рӯзноманигор.
Ҳангоми мутолааи матолиби нашршуда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки мардуми дӯсту бародари Тоҷикистону Қирғизистон ташнаи чунин мулоқоту вохӯриҳоянд. Ва имрӯз замоне расидааст, ки мо пайрави сиёсати сарварони сулҳпарвари худ бошем. Тамоми хабару гузоришу мақолаҳои рӯзноманигорони ҳамсоякишварро, ки аз Тоҷикистон дидан карданд, метавон бо як навиштаи Чолпон Бердикулова хулоса кард. Ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш менависад, ки ҳадафи мо як аст. Азбаски дин, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, таомҳои миллӣ, ҳама чиз монанд аст, мо – насли ҷавон, мутмаинем, ки ниёз ба ихтироъ кардани чизи нав нест. Зеро аҷдодони мо, ки асрҳо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ кардаанд, таърих, фарҳанг ва муносибатҳои наздики ҳамсоягии худро ба мо мерос гузоштаанд. Мо танҳо бояд ин муносибатҳои наздикро тақвият бахшему рушд диҳем. Муҳимтарин чиз ин аст, ки ба шарофати иродаи роҳбарияти кишварҳо, сулҳ байни ду давлат барқарор шудааст. Сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзи он вазифаи ҳар яки мост.
Дар умум, хабарнигорони Қирғизистон аз Тоҷикистон бо таассуроту хотироти нек ба Ватан баргаштанд, ки инро сафарномаҳову гузоришҳояшон дар расонаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ бозгӯ мекунад.


Комрон ЗИКРУЛЛОҲ, “Ҷумҳурият”