Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Як матоъву сад ранг» бо шукӯҳи хос баргузор гардид. Фурқати Ҳукумат, муовини раиси вилоят, баён дошт, ки мақсад аз баргузории чунин фестивалҳо эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи тарроҳӣ мебошад. Зикр гардид, ки тоҷикон аз куҳантарин миллатҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, расму оини хоси худро дар пӯшидани пироҳан доранд.
Иштирокдорон бо пешниҳоди коллексияҳои гуногуни либосҳои миллӣ ва муосир ҳунару маҳорати баланди худро ба намоиш гузошта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуданд. Доварони чорабинӣ аз шумули мутахассисони варзида ва тарроҳони шинохта ба ҳар як экспонати намоиш аз диди профессионалӣ баҳогузорӣ карда, ғолибонро аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян намуданд. Дар фарҷом ғолибон бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти вилоят қадр шуданд.
Бино бар натиҷаҳо, ҷойи якум ба намояндагони шаҳри Хоруғ, ҷойи дуюм ба ҳунармандони ноҳияи Дарвоз ва ҷойи сеюм ба бонувони гулдасти ноҳияи Рӯшон насиб гардид. Намояндагони ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва Ванҷ низ барои иштироки фаъолона бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Ғолибони даври вилоятӣ барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе роҳхат гирифтанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”