Баргашт Чоп кардан

МАЪРИФАТАФРӮЗ. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ МИРЗОАМИН МИРСАИДЗОДА


Мирзоамин Мирсаидзода 23-юми феврали соли 1951 дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна донишҷӯйи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуд. Таҳсил дар ин боргоҳи илму маърифат дунёи Мирзоамин Мирсаидзодаро рангин намуд. Муҳаббати шаҳри Душанбе аз рӯзҳои нахустин дар дилу зеҳнаш ҷо гирифт. Ӯ Душанберо дӯст дошт ва ҳангоми донишҷӯйӣ ба ҳайси сарпешоҳанги Мактаби миёнаи рақами 25-и шаҳри Душанбе фаъолияти кориашро оғоз бахшид ва дар вазифаҳои гуногуни соҳаи мактабу маориф фаъолият кард.
Моҳи феврали соли 1978-ум Мирзоамин Мирсаидзода котиби масъули ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мадании Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи ноҳияи Роҳи Оҳан, имрӯза ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе интихоб шуд. Дар ин давра ӯ дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ хидматҳои назаррасро ба сомон расонд. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи шаҳри Душанбе соли 1986 ӯро ба кор гирифтанд. Дар ин ҷо ба шарофати меҳнати шоён ва садоқату масъулияташ ба кор зуд мавқеи худро устувор кард.
Соли 1991 соли бахту иқболи миллати мо буд. 9-уми сентябр офтоби истиқлол тулуъ намуд. Мирсаидзода, ки аз таърихи миллати худ ба таври шоиста огоҳ буд, чун дигар фардони ватанпарасту озодихоҳ аз истиқлоли давлатӣ меболид.
Соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамари давлатӣ Мирзоамин Мирсаидзода бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. Вай 22 сол дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе фаъолият намуд. Саҳми Мирзоамин Мирсаидзода дар вусъат бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ бо шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои олам арзандаи васф аст. Ин марди асил ва шахси ватанпарасти фарҳехта 3 даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино ва 3 даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардидааст.
Мирзоамин Мирсаидзода соли 2008-ум ба таври гузариш ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт.
Дар ҷодаи эҷод низ соҳиби комёбиҳо гаштааст. То имрӯз як силсила китобҳои Мирзоамин Мирсаидзода дастраси хонандагон шудаанд, аз ҷумла «Душанбе дар шоҳроҳи Ваҳдат», «Дари кушоди худшиносӣ», «Душанбе - қалби Тоҷикистон» (дар чор ҷилд). Унвонҳои китоб собит менамоянд, ки муҳтавои марказии нигоштаҳои адибро мавзуи хештаншиносӣ ва васфи Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
«Душанбе – қалби Тоҷикистон», ки раванди корҳои созандагиву ободонии 8 соли охири шаҳри Душанберо инъикос менамояд, арзиши баланди илмию таҳқиқотӣ дорад. Китоби мазкур бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудааст, ки чунин иқдом барои муаррифии бештари дастовардҳои пойтахт мусоидат менамояд.
Муаллиф зикр намудааст, ки Душанбе оинаи таъриху тамаддуни миллати мо мебошад. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шахси хеле ватанпарасту оқил ҳастанд. Маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи пешқадам, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкориву созандагии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, ки пойтахти тоҷикон ба таври шоиста ободу шукуфо гардид. Иқдоми ба шаҳри «сабз» табдил додани Душанбе, ки аз ҷониби раиси шаҳр роҳандозӣ шуд, амали пурсавоб ва натиҷабахш аст.
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби навбатии собиқадори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мирзоамин Мирсаидзода “Рустами Эмомалӣ –дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз чоп баромад. Мирзоамин Мирсаидзода матлабҳоеро дар китоб ҷой додааст, ки аз фаъолияти пурсамари раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободонии шаҳри Душанбе, таҳкими сиёсати хориҷӣ ва рушди соҳаи варзиш дар миқёси кишвар ҳикоят мекунанд. Ин китоб аз ҷониби Таманно Мирсаидзода – духтари хурдии муаллиф, ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шудааст ва он аз тарафи хонандагону муҳаққиқони гуногунлисон хуб пазируфта шуд.


Синои ХОЛИҚ, корманди МД «ТВ Душанбе»