Нишонро сухангӯии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Раҳматулло Каримзода ба Қ. Раҳмонзода супурда, иброз намуд, ки Кумита аз ҳамкории судманд бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” қаноатманд аст.
Қурбоналӣ Раҳмонзода ба раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, академик Фарҳод Раҳимӣ барои таваҷҷуҳ миннатдорӣ карда, гуфт, ки ҳарчанд аз таъсиси Кумита муҳлати зиёд нагузашта бошад ҳам, вале фаъолияти назаррас дорад. Ҳамин заҳмату талошҳои пайваста боис мешавад, ки расонаҳои хабарӣ доир ба онҳо нависанд. Таъкид шуд, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” минбаъд низ дар инъикоси ташаббусҳои Кумита саҳм хоҳад гузошт.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”