10-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Таалатбек Масадиқовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат дар оғози суҳбат Таалатбек Масадиқовро барои ба кор дар вазифаи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шуруъ карданаш табрик гуфтанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд. Дар бораи вазъият дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии муосир баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи хос ба тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созмон барои таъмини вокуниши саривақтӣ ва самаранок ба таҳдиду хатарҳои амниятӣ зоҳир гардид.
Дар ин замина, Сарвари давлат аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи қарорҳои дар ин самт аз ҷониби Шурои Амнияти дастаҷамъии СААД қабулшударо таъкид сохтанд.