Баргашт Чоп кардан

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ


11-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам муҳтарам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:


«Ҷаноби Олӣ!
Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам сидқан табрик намоям.
Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ дастгирии васеи ҷомеаро аз сиёсату ташаббусҳои стратегии Шумо, ки ба рушди ҳамаҷонибаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишваратон нигаронда шудаанд, боз ҳам тасдиқ мекунад.
Бовар дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо Ветнами дӯст дар роҳи рушди устувор дар оянда низ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида, мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким хоҳад бахшид.
Тоҷикистону Ветнамро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд.
Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи шарикӣ ва робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем ва аз дурнамои он хушбин ҳастем.
Омодагии инҷонибро ҷиҳати пешбурди ин раванд, аз ҷумла тавассути муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ, изҳор менамоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Ветнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии пойдор орзумандам».