Ҳафтаи дуюм аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар шаҳри Хоруғ ҳашари умумихалқӣ роҳандозӣ гардидааст.
Кормандони идораву муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва сокинони маҳаллӣ дар ҳашар фаъолона иштирок намуда, дар баробари тоза намудани каналҳои ҳудуди шаҳри Хоруғ, инчунин, маъракаи гулшинониро низ бомаром ба роҳ мондаанд.
Бо дастури раиси вилоят, имсол сокинони маркази вилоят ва ноҳияҳо, роҳбарони идораву муассисаҳои ҳудуд бештари кӯчати гулҳои рангорангро аз муассисаҳои гулпарварии маҳаллӣ дастрас намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта бо мақсади таъмини идораву муассисаҳои вилоят ва сокинони он бо кӯчати гул дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин, дар назди Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ ба номи академик Худоёр Юсуфбеков гармхонаҳои гулпарварӣ бунёд гардиданд. Имсол дар мавсими гулшинонӣ маҳсулоти ин гармхонаҳо харидорони зиёд пайдо намуда, аз ин ҳисоб даромади кофӣ ба даст меоранд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни боздид аз маъракаи гулшинонӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ масъулинро ҷиҳати боз ҳам сарсабзу хуррамгардонии шаҳр вазифадор намуда, баҳри ободониву шукуфоии шаҳр ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва шаҳр, маҳаллаҳоро муваззаф кард, ки атрофи идораву муассисаҳо ва манзили зисташонро ба тартиб дароварда, гул шинонанд, сарсабз намоянд.
Рӯзи ҳашари умумихалқӣ, ки 4-уми апрел баргузор гардид, танҳо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди бинои дастгоҳи раиси вилоят 5500 кӯчати гулҳои рангоранг ва зебо шинонданд.
Бинобар иттилои мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят Кишвари Амиршо, сабзазоркуниву гулшинонӣ дар назди ҳамаи идораву муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳр идома дорад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”